толенома

Толеъномаи 20-уми октябри соли 2023

ҳамал

Ҳамал
Дар ин рӯз бо сафсатагӯӣ машғул нашавед, хусусан дар ҳузури наздикон. Атрофиён шуморо хеле хуб мешиносанду мақсадатонро мефаҳманд, аз ин лиҳоз гапҳои беҳударо як тараф гузошта бо кор машғул шавед. Дар ин рӯз чӣ гуна амалӣ шудани идеяву пешниҳодҳои худро дар амал санҷиданӣ мешавед. Агар ба маслиҳати аъзоёни оилаатон диққат диҳед, хароҷотҳои худро то охири сол ба нақша гирифта метавонед.

Савр

савр

Дар ин рӯз саврҳо метавонанд корҳои худро дар хона ба анҷом расонанд, дар натиҷа ҳам фоида мебинанду ҳам пули хуб ба даст меоранд. Аз муноқишаву нофаҳмӣ бо ҳамсафари ҳаётиятон худдорӣ намоед. Дар ҷойи кор уҳдадориҳоятон меафзоянд, зеро ёрдамчиёнатон каму муаллимонатон зиёд мегарданд. Бегоҳирӯзӣ истироҳат кунед.

Ҷавзо

ҷавзо

Фикру ақидаҳои худро дар назди ҳамкорон дилпуронаву қатъӣ баён намоед, вагарна пешниҳодҳоятонро дигарон дуздида, дар назди сардор сархам мегардед. Сафарҳои корӣ ва маблағгузорӣ ба корхонаҳои боэътимод бобарор анҷом меёбанд. Маълумотеро, ки аз шабакаи интернет ба даст меоред, дурустияшро як бори дигар санҷиданатон лозим меояд.

Саратон

саратон

Дар ин ҳафта ба доми муҳаббат афтидану дар ҷойи кор ба нобарориҳо дучор шуданатон имкон дорад. Бо устувориву матонат метавонед ҳаёти шахсӣ ва касбу коратонро ба эътидол оред. Баъзе саратонҳо бо мақсади раҳоӣ ёфтан аз бепулӣ аз пайи пайдо намудани ҷойи нави корӣ мешаванд. Кӯшиш намоед дар ин рӯз касеро ба коре гунаҳкор насозед.

Асад

асад

Асадҳоро лозим меояд, ки ба садои қалби худ гӯш андохта, аз пайи кор шаванд. Агар кори мекардаатон табъи дилатон бошад, ба бисёр чизҳо ноил мегардед. Пулро сарфакорона харҷ намуда, аз бозору мағозаравӣ худдорӣ намоед. Бегоҳирӯзӣ асадҳо муҳаббати аввалаашонро вомехӯранд.

Сунбула

сумбула

Агар ба ғайбату бадгӯиҳои атрофиён гӯш наандозед, корҳоятон хуб ҷараён мегиранд. Аксари орзуҳоятон ғайричашмдошти шумо ба зудӣ ҷомаи амал мепӯшанд. Барои хубтар сохтани вазъи молиявӣ бояд хуб меҳнат карда нақшаи корҳоятонро тарҳрезӣ намоед. Сунбулаҳои тоҷир ҳамкорони наву дилпурро пайдо карданашон лозим аст.

Мизон

мизон

Барои он ки мизонҳо дар касбу кор пеш раванд, бояд на танҳо кӯшиш, балки фантазияи худро ба кор бурда тавонанд. Ба ақидаи атрофиён гӯш доданатон лозим нест, зеро нуқтаи назари худатон беҳтар аст. Дар ҳаёти шахсиятон навигарӣ рух медиҳад. Бо шахси аҷибе шинос мешавед ё ёри пештараатонро вомехӯред.

Ақраб

ақраб

Ба ақрабҳо тавсия дода мешавад, ки ҳангоми интихоби туҳфа ба шахси дӯстдоштаатон саховатманд бошед. Камбудиҳои хурдеро, ки дар ҷойи кор сар мезананд, мадди назар накунед. Ақрабҳои оиладор аз тағйротҳои ғайринақшавӣ худдорӣ карданашон беҳтар аст. Хурдагирӣ ва танқид кардани шахси дӯстдоштаатон боиси вайрон гаштани муносибатҳоятон мегардад.

Қавс

қавс

Дар ин рӯз аз кормандони калонсолтару ботаҷрибатар ибрат гирифтанатон лозим аст. Нақшаҳои бо нафари кордон тартибдодашуда шуморо бе ягон монеа пешсаф мегардонад. Ҳангоми пур кардани ҳуҷҷатҳои муҳим ҳушёриро пеша намоед. Дар вақташ хӯрок хӯрдану истироҳат карданро фаромӯш накунед.

Ҷаддӣ

ҷаддӣ

Сафар ба роҳи дурро беҳтараш ба таъхир гузоред. Ҳангоми пур кардани ҳуҷҷатҳои даркорӣ ба ғалат роҳ доданатон дар назар аст. Инчунин ба макру дасиса гирифтор шуданатон имкон дорад. Агар дӯстдошта дошта бошед, ба нафароне, ки кӯшиши бо шумо шинос шуданро мекунанд, ҷавоби рад диҳед. Дар ҳама кор фикру ақидаи дигаронро ба инобат гиред.

Далв

далв

Далвҳоро дар ҷодаи муҳаббат дилхунукӣ ва дар ҷойи кор муноқиша бо сардор интизор аст. Агар қаҳру ғазаби худро нигоҳ дошта тавонед, аз ин нобарориҳо эмин мемонед. Маблағҳои пулиро бодиққат ҳисобу китоб кунед, он гоҳ кисаатон холӣ намемонад. Бегоҳӣ дар оилаи яке аз дӯстонатон фарзанд таваллуд мешавад.

Ҳут

ҳут

Вазифаҳои бар дӯш доштаатонро софдилона ва аз рӯйи виҷдон иҷро кунед, вагарна гапатон бо сардори корхона мегурезаду аз боварии ҳамкоронатон мебароед. Агар дар оянда вазифаи роҳбарӣ ё бо тиҷорати шахсӣ машғул шуданро дошта бошед, ба коре ки боиси рехтани обрӯятон мегардад, даст назанед. Бо айби шумо байни шумову дӯстдоштаатон нофаҳмӣ рух медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *