толеънома

Толеъномаи 20-уми январи соли 2024

Ҳамал

ҳамал

Дар ин рӯз тамоми тағйиротҳои зиндагиро ҳамчун фишори  руҳӣ қабул мекунед. Ҳатто дар ҷойи кор диққати худро ҷалб кардану супоришҳои роҳбариятро иҷро карданатон душвор мегардад. Нафароне, ки бо меҳнати вазнини ҷисмонӣ машғуланд, бояд аз ҷароҳат бардоштан ҳушёр бошанд.

Савр

савр

Барои ба мақсад расидан шитоб накунед, вагарна дӯстони содиқу дилпурро аз худ дур месозед. Танҳо манфиати шахсии худро фикр карда, ғалат мекунед. Бегоҳирӯзиро бо шахси дӯстдоштаатон мегузаронед.

Ҷавзо

ҷавзо

Дар ҳалли тамоми мушкилоти зиндагӣ муваффақ мегардед, ҳатто мушкили вобаста ба саломатиро ба хубӣ рафъ месозед. Барои назди табиб рафтан вақт ёфта, аз хуб будани вазъи саломатиятон дилпур мегардед. Аз ҷониби яке аз дӯстонатон бахилӣ имкон дорад.

Саратон

саратон

Аксари корҳоятон бебарор анҷом меёбанд. Касеро гунаҳкор насозед, вале худро низ азоб надиҳед. Ба ҷойҳои серодам рафтанро маслиҳат намедиҳем. Хатари ба вазъияти ногувор афтидану ба амалҳои ғайри қонунӣ даст заданатон имкон дорад.

Асад

асад

Дар ин рӯз ба ҷойи кори дигар гузаштанатон имкон дорад. Корҳои нотамоми худро ба анҷом расонида, бо дӯстатон нақшаҳои минбаъдаро тартиб диҳед. Шиносоии кӯтоҳмуддати ошиқонаатон  ояндаи нек дорад.

Сунбула

сумбула

Имрӯзро дар хона гузаронед. Агар имкон дошта бошед, ҷавоб гирифта, истироҳат кунед. Сафарҳои роҳи дурро ба таъхир гузоред, вагарна имкони рух додани садамаи нақлиётӣ вуҷуд дорад. Қабл аз гаперо гуфтану амал намудан нағзакак андеша намоед, вагарна бо наздикон муноқиша имкон дорад.

Мизон

мизон

Бо гуноҳи худ ба вазъи ногуворе гирифтор мегардед. Вазъи молиявиятон бо шарофати дӯсти саховатмандатон рӯ ба беҳбудӣ меорад. Аз ҳад зиёд ғами ёри рафтаатон нахӯред, ба наздикӣ аз нав бо ҳам вохӯрда, оташи муҳаббататон аз нав аланга мезанад.

Ақраб

ақраб

Барои он ки аз норасоии маблағ руҳафтода нашавед, аз субҳи содиқ аз пайи пайдо кардани ҷойи нави корӣ шавед. Буҷаи худро тартиб дода, чизҳои қимату нодаркорро харидорӣ накунед. Бегоҳирӯзӣ бо шахсе вомехӯред, ки дар зиндагиятон нақши муҳим мебозад.

Қавс

қавс

Агар кори шумо бо техника ё ашёҳои нӯгтезу хатарнок алоқаманд бошад, бояд хеле боэҳтиёт бошед. Аз нӯшидани машрубот ва робита бо нафарони бадкирдор худдорӣ намоед. Рӯзи душвор аст, бояд хеле меҳрубон бошед. Барои мустаҳкамии масунияти витамин истеъмол кунед.

Ҷаддӣ

ҷаддӣ

Хабари муҳиме шунида, нақшаҳоятонро фавран тағйир медиҳед. Сафару рухсатии кӯтоҳмуддатро ба таъхир гузоштанатон лозим меояд. Дар ҳаёти шахсӣ ҷаддиҳо бояд ба саросемагӣ роҳ надиҳанд. Агар шумо ба наздикӣ шинос шуда бошед, барои оиладор шудан саросема нашавед.

Далв

далв

Ба корҳои дигарон ва ба ҳаёти шахсии нафаре бинӣ нахалонед. Вагарна дӯсти наздикатонро меранҷонед. Барои рафъ намудани бемории ҷиддӣ, гурдаву ҷоғари худро ташхис кунед. Бегоҳирӯзӣ хабари хуш шунида, фикрҳои мағшушро аз сар дур месозед.

Ҳут

ҳут

Дар ин рӯз дар боби баланд бардоштани маош ба сардор муроҷиат накунед, пешниҳодатон қабул намегардад. Аз тамоми ҳодисаҳое, ки боиси ҷароҳат бардоштанатон мегарданд, худро дур гиред. Ба танқид оромона гӯш диҳеду кӯшиш кунед, дигаронро танқид накунед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *