Толеъномаи 21 апрел 2018
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Имрӯз аз сидқи дил меҳнат кунед, самари меҳнатҳоятонро ҳатман мебинед. Вазъи иқтисодиятон чандон хуб набошад ҳам, кӯшиш намоед аз ин ҳам бадтар нашавад. Аз рӯйи ҳар гапу кори ночиз бо дӯстдоштаатон муноқиша накунед
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Вазъи молиявиатон рӯ ба беҳбудӣ меорад. Муносибатҳоятонро бо атрофиён дида бароед, вагарна кор бо муноқиша меанҷомад. Дар дил кина гирифта гаштанатон хуб нест, хафагиҳоро фаромӯш карда якҷоя аз пайи корҳои муштарак шавед. Ба серкориятон нигоҳ накарда, дӯстдоштаатонро фаромӯш накунед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Имрӯз бояд табъатонро болида нигоҳ доред, он гоҳ дар ҳама кор муваффақ мегардед. Аз сарфи беҳудаи маблағ худдорӣ намоед. Мушкилиҳоеро, ки вақтҳои охир шуморо азият медоданд, бо кӯмаки як нафари номдор рафъ месозед. Аз нафарони шубҳанок дурӣ ҷӯед, ба ҳар кас дарди дил накунед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Аз ягон кӯмак рӯ натобед, айни замон вақти ғуруру такаббури шумо нест. Ба хӯрокҳои кӯчагӣ дил набандед, танҳо хӯроки дар хона тайёр шударо истеъмол кунед! Имкониятҳои иқтисодиатон чандон васеъ нестанд, аз ин лиҳоз пулро зиёд сарф накунед. Дар сафари роҳи дур ҳамсар ё дӯстдоштаатонро ҳамроҳ нагиред.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Имрӯз бо нафарони табъи дилатон нишаста дами беғам бароред. Нимаи дувуми рӯз корҳои ҳалталабе пеш меоянд, ки дарҳол аз пайи ислоҳаш шуданатон лозим меояд. Одати ба ҳар кор бинӣ халониданатонро партоед. Асадҳои танҳо ҷуфти худро пайдо месозанд.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Аз хушиҳоятон ба ҳама нақл накунед, вагарна ба хушбахтиятон чашми бад мерасад. Чуноне мегӯянд “хушбахтӣ оромиро дӯст медорад” Дар ҷойи кор суханро санҷида баъд ба забон оред, танқиди дигаронро шунида хафа нашавед, балки аз пайи ислоҳ шавед.Ба умеди даромади муфт нашавед, танҳо заҳмат кашида пул ба даст меоред.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Вазъи иқтисодиятон охири рӯз рӯ ба беҳбудӣ меорад. Аз ғами дӯстдоштаатон ашк мерезед, вале аз ин муҳаббататон бештар мешаваду кам не. Беҳтараш хотири шахси бароятон азизро озурда насозед, дилёбӣ кунед, он гоҳ муносибатҳоятон хуб мешаванд. Танбалиро аз худ дур намуда, аз пайи иҷрои корҳое шавед, ки чанд вақт боз ба таъхир мегузоштед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Воқеаҳои имрӯза табъатонро болида месозаду андуҳи дилатон нест мегардад. Нимаи дувуми рӯз даромади калони пулӣ имкон дорад, вақте расидааст, ки маҳсули заҳмататонро ҷамъоварӣ кунед. Ақрабхонумҳо дар нақлиёту ҳангоми дар бозору мағоза гаштан ҳамёни худро аз дуздон нигоҳ дореду хариди беҳуда накунед.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Дар ҳаёти шахсиатон давраи душвор фаро мерасад. Эҳтимол аз ҷуфти ҳаётиатон ҷудо мешавед. Маҳз дар ҳамин рӯз кӯмаки шумо ба дӯсти наздикатон лозим мешавад, бетараф набошед, шумо умеди ягонаи ӯ ҳастед. Ба саросемагӣ роҳ надиҳеду ҳушёриро пеша намуда, барои пешравии ояндаи худ кӯшиш намоед. Дар ин рӯз аз нақлиёту мусофирбарон худро дур гиред.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Қаҳру ғазаби зиёдатон метавонад сабаби муноқиша бо шахси бароятон азиз гардад, бинобар ин ором бошед. Сабру таҳаммул ва меҳрубонӣ боиси бурдбории корҳои шумо мегардад. Зихнагӣ накунед, маблағи сарфнамудаатон ду баробар шуда бармегардад. Ҳангоми истифодаи асбобҳои техникӣ бояд ҳушёриро пеша намоед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Дар ҳалли мушкилоти оилавӣ ва таъмини рӯзгор маблағро сарфакорона истифода баред. Даромади нави пулӣ имкон дорад, вале баъдан чанд муддат боз бепул мемонед. Одати худро аз дигарон як сару гардан боло гирифтанатон ба шумо бадӣ меорад. Дӯстдоштаатонро фаромӯш накунед, ӯ аз шумо муҳаббату ғамхорӣ мехоҳад.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Ҳутҳое, ки бо тиҷорат сару кор доранд, ҳангоми кор бо шарикони нави корӣ ҳушёриро пеша намоянд, беҳтар аст. Ба таърифу хушомадзаниҳо бовар накарда, бо майли худ кор кунед. Аз нафароне ки пештар шуморо ранҷонида буданд, дурӣ ҷӯед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ