Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Ҳамалҳои оиладор барои фарзандон харҷу хароҷоти зиёд мекунед, аз ин лиҳоз ба бозору мағозаҳо кӯдаконро бо худ набаред. Барои харидорӣ намудани туҳфа ба шахси дӯстдоштаатон вақти чандон мусоид нест. Дар ин рӯз бо дӯстдоштаатон мушкилиҳои пулиро ҳаллу фасл накунед, вагарна кор бо ҷангу ҷанҷол анҷом меёбад.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Мушкилии асосии саврҳо дар ин рӯз бо оилаву корҳои рӯзгор вобастагӣ дорад. Дар ин рӯзҳо рӯбучини хонаву дар ё таъмирро тавсия намедиҳем. Бо техникаи маишӣ боэҳтиётона кор кунед, мошинаи ҷомашӯйӣ, чангкашак ё дарзмол бо сабаби ноҷӯриҳои қувваи барқ аз кор мебароянд. Муносибатро бо ҳамкорон хуб ба роҳ мондан хоҳед, ба корафтодагон ҷавоби рад надиҳед. Фикру зикри аксари саврҳо банди муносибатҳои ошиқона мегардад.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Дар рӯзи нав ба ҷавзоҳо тавсия медиҳем, ки ягон вохӯриро ба нақша нагиранду робитаро бо ҳамсояҳо, шиносу хешовандон қатъ намоянд. Гап сари он аст, ки дар ин рӯзҳо шумо андаке асабиву дағал мегардед. Ҳатто бо вуҷуди худро ба муомилаи хуб маҷбур кардан низ атрофиён хашму ғазаби шуморо баръало эҳсос мекунанд. Тамоми намуди робитаву муошират дар ин рӯзҳо боиси моҷаро мегардад. Дар дохили оила нофаҳмӣ рух доданаш имкон дорад.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Аввали рӯз бисёр кор мекунед, вале маблағи кироӣ ба даст намеоред. Бояд мувозинаи байни хароҷот ва даромади худро муътадил нигоҳ доред. Бо сабаби вайроншавии техникаи рӯзгор, компютер ё телевизор маблағ сарф мекунед. Муносибатҳоятон бо дӯстон бо сабаби сар задани мушкилиҳои пулӣ вайрон мешавад. Дар ин рӯз баргузор сохтани ҷашнҳои оилавӣ ва даъват кардани меҳмон ба хона хуб аст. Ба саратонҳои муҷаррад бештар ба ҷашну маъракаҳо рафтанро тавсия медиҳем.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Аввали рӯз беҳтараш аз сар кардани ягон кор худдорӣ намоед. Ҳар қадаре барои расидан ба мақсад кӯшиш намоед, ҳамон андоза он дастнорас мегардад. Имрӯз барои шумо аз қабили рӯзҳоаст, ки корҳоятон бебарор анҷом меёбанд. Ҳангоми расидан ба мақсад бо мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ мегардед. Хусусан ҳангоми муносибат бо сардор ҳушёриро пеша намоед. Шиносу хешовандон дар ҳалли мушкилиҳояшон аз шумо маслиҳат мепурсанд.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Аввали рӯз вазъи саломатиятон бад шуда, корҳоятон ба таъхир мемонанд. Агар рӯирост амал карданатон натиҷа надиҳад, пас вақти ҷасурона амал карданатон нест. Кушиши бо роҳҳои ғайриқонунӣ ҳал кардани корҳоро накунед, вагарна гирифтори мушкилиҳои зиёд мегардед. Обрӯву нуфузи худро ҳифз намоед. Маблағи зиёде ба даст оварда, чизҳои бароятон даркориро харидорӣ мекунед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Ҳодисаҳои ногаҳоние, ки дар ин рӯз яку якбора пайдо мешаванд, орому қарори шуморо мерабоянд. Ҳамзамон дар ин рӯз аз робитаҳои фаъоли дӯстона худдорӣ намоед, камтарин саҳлангории дӯстатон боиси моҷаро мегардад. Имрӯз хабари хуши шунидаатон дили шуморо ба зиндагӣ гарм месозад, меҳру муҳаббати шумо ба муносибатҳои ошиқонаатон ранги тоза мебахшад. Асабҳои худро эҳтиёт намоеду барои пешгирӣ намудани бемориҳои рӯдаву меъда ба хӯроки мехӯрдаатон диққат диҳед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Аввали рӯз дучори монеаҳое мегардед, ки сади роҳи мустақилона амал карданатон мегардад. Аз нимаи дувуми рӯз сар карда, мушкилиҳо рафъ гашта, вазъият рӯ ба беҳбудӣ меорад. Бонувоне, ки нияти ба кошонаи ҳусн рафтанро доранд, аввали рӯз аз пайи ин кор шаванд, беҳтар аст. Охири рӯз аз муошират бо нафарони бадҷаҳл ва ҷангу моҷаро дурӣ ҷуста, ҳангоми аз роҳ гузаштан ҳушёриро пеша намоед.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Аввали рӯз мушкили зиёдеро рафъ карданатон лозим аст. Фаромӯш насозед, ки қувваи шумо беохир нест, корҳои зиёдатон нотамом мемонад. Кӯшиши якбора ба чанд кор даст заданро накунед. Аз нимаи дувуми рӯз сар карда дар зиндагиатон шодиву нишот дида мешавад, шиносҳои нав пайдо карда, робита бо дӯстони деринатон қавитар мегардад. Вақти ҷорӣ намудани қоидаҳои нав дар рафти корҳоятон нест, усулҳои нави корӣ боиси хароҷоти беҳуда ва мушкилиҳо мегардад.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Аввали рӯз дар муносибат бо дӯстдоштаатон нофаҳмӣ рух медиҳад. Ба навозишу меҳрубонӣ майли зиёд пайдо мекунед, вале ин хоҳиши шуморо ҳамсафари ҳаётиатон қабул намекунад. Бо дағалӣ ба дили дӯстдоштаатон роҳ наҷӯед, меҳрубону хушгуфтор бошед. Дар ягон кори хатарноки молиявӣ ширкат наварзед, хатари сарфи беҳудаи маблағ вуҷуд дорад. Охири рӯз ба сафари роҳи дур баромаданро тавсия намедиҳем.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Дар ҳаёти далвҳои оиладор муноқишаву нофаҳмӣ дида мешавад. Барои бадтар насохтани вазъият ҳангоми гуфтор бо аъзоёни оила дағалгуфторӣ накунед. Бо вуҷуди ором буданатон ҳамсафари ҳаётӣ аз шумо шикоят мекунад, барои он ки кор бо муноқиша анҷом наёбад, ба гапаш ҷавоб надиҳед. Нимаи аввали рӯз таъмири хона ва нигоҳубини замини наздиҳавлигӣ боиси сарфи маблағ мегардад.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Аввали рӯз ҳутҳоро лозим меояд, ки бештар меҳнат кунанд, вале дар баробари ин, саломатии худро эҳтиёт намуда, ба хастагии зиёд роҳ надиҳед. Айни замон шумо бо мушкилиҳои зиёду монеаҳо дучор мегардед. Кӯшиши зудтар ба анҷом расонидани корҳоятонро карда, шумо ба хатогиҳо роҳ медиҳед. Дар чунин шароит асабатон заиф гашта, агар таваққуф накунед, бемор гаштанатон аз имкон дур нест.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75
Шарҳ