Толеъномаи 21 июн 2017

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз сарфу хароҷоти ғайринақшавӣ имкон дорад. Баъзе аз атрофиён раҳму дилсӯзии шуморо оварданӣ шуда, шуморо истифода бурдан мехоҳанд. Саломатии худро эҳтиёт кунед, эҳтимоли гирифтори бемории вирусӣ шуданатон зиёд аст. Дар ҳаёти шахсӣ сахт ошиқ мешавед ё аз дӯстдоштаи худ дилмонда мегардед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Нерӯи ҳаётиятон кам гашта, эҳтимоли асабхаробӣ ва тундмиҷозӣ вуҷуд дорад. Эҳсосоти худро идора кунед. Тамоми корҳои оғознамудаатон боиси мушкилиҳои молиявӣ мегардад.  Саврҳои муҷаррадро шиносоиҳои кутоҳмуддат интизор аст.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Рӯзи душвор аст, ба саломатиятон бодиққат бошед. Хабари ногувор боиси нотоб гаштану нофаҳмӣ дар оилаатон мегардад. Мардҳо дар гуфтор бояд боандеша ва нуқтаи назари худро ҳимоя намоянд. Барои ба меҳмонӣ рафтани бонувон  рӯзи мусоид аст. Дар ҳаёти шахсӣ ба рашк роҳ надиҳед ва бо наздикон хушмуомила бошед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Агар шумо хариди калон кардану маърака барпо кардан хоҳед, имрӯз айни муддао аст. Бо нафарони аҷибе шинос шуда, фоида ба даст меоред. Эҳтимол дар ҳаётатон нафаре пайдо мешавад, ки қобилиятҳои зиёди шуморо кашф месозад. Агар оиладор бошед, нағзакак андеша намоед, ки ба ҳаётатон шахси бегонаро роҳ додан мехоҳед ё не.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Дар ин рӯз ҳисси кунҷкобии шумо зиёд мегардад. Ба ҳар саволе, ки ҷавоб пайдо кардан мехоҳед, пурсидан гиред. Шиносоии нав ё хабари ногаҳонӣ ҳаётатонро куллан тағйир медиҳад. Саргарангӣ ва номуайянӣ садди роҳи ба қарори дуруст омаданатон мегардад.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Рӯзҳои наздик имкони ба даст овардани маблағи хубро пайдо мекунед. Маблағи ёфтаатон аз фаъолии шумо вобастагӣ дорад, аз ин рӯ, танбалиро аз худ дур созед. Кӯшиши ба таъхир гузоштани корҳоро низ накунед. Ба нафаре сахт ошиқ шуданатон эҳтимол дорад, кӯшиши аз сар дур кардани ин ҳиссиёт бенатиҷа меанҷомад.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Рӯзи душвор аст. Бо мушкилоти хурди оилавӣ дучор гашта, дар рафъ намудани масъалаҳои молиявӣ душворӣ мекашед. Аз хариди калон ё маблағгузорӣ худдорӣ намоед. Хобҳои мағшуш дидану бад шудани вазъи саломатӣ ва бемориҳо имкон доранд. Мизонҳои муҷаррад бахти худро пайдо месозанд.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Рӯзи мусоидест барои амалӣ сохтани орзуву ниятҳо. Қабл аз амалӣ сохтани орзуҳо нағзакак андеша намоед. Ақрабҳои муҷаррад бахти худро пайдо карда метавонанд. Баъзе рафтори беандешаи худро ислоҳ  намуда, тавба кунед. Нисбати саломатӣ фориғболӣ накунед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Дар ин рӯз имкони ислоҳ намудани вазъият муяссаратон намегардад. Беҳтараш ба асабонияту норозигӣ роҳ надода, ором шаведу аз пайи рафъ кардани мушкилиҳои молиявӣ шавед. Ба нафаре, ки кӯшиши ба дилатон роҳ ёфтанро мекунад, бовар накунед. Бегоҳирӯзӣ ба сайругашт бароед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар ин рӯз аз рафтори беандеша ва ғазаб худдорӣ намоед, вагарна аз оқибати кори кардаатон сахт пушаймон мешавед. Баъзе мушкилиҳоро ба таъхир гузоштанатон нодуруст аст. Ҳар кореро, ки сар мекунед, ба охир расонед. Дӯстдоштаатон хабари хуш расонида, табъатон болида мегардад.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Имрӯз ҳангоми робита бо атрофиён ба якравӣ роҳ медиҳед. Бар замми ин, бо зудранҷиву хурӯшонӣ сабабгори муноқишаҳои зиёде мегардед. Барои ба мағозаву бозор рафтан рӯзи дигарро интихоб намоед. Саломатиятон дар ин рӯз ташвиш намедиҳад.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Дар ин рӯз чанд дарси муҳими ҳаётӣ мегиред. Эҳтимоли каме нотоб шуданатон аз субҳ дар назар аст, вале баъди нисфирӯзӣ саломатиятон рӯ ба беҳбудӣ меорад. Маблағи пулӣ имкон надорад, вале ба пул низ эҳтиёҷ пайдо намекунед. Ба хонаатон меҳмон меояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *