Толеъномаи 21 июн 2018

      Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Ҳамалҳо танҳо дар он сурат ба муваффақият ноил гашта метавонанд, ки нақшаи кориашонро пешакӣ тарҳрезӣ намоянд. Бояд муаян кунед, ки мехоҳед мустақилона амал намоед ва ё ба кумаки наздикон.Барои ворид кардани навгони дар муносибатҳои шахсӣ рӯзи номувофиқ аст. Дар масалаҳои ошиқӣ ягон хулосабарорӣ манамоед вагарна пушаймон хоҳед гашт.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Танҳо дар нимаи дувуми рӯз саврҳо дарк хоҳанд кард, ки мушкилоти пайдарпайи ба сарашон меомада на кори тақдир, балки нақшаи тарҳрезикардаи душман аст. Нҳаросед ӯ чандон қавӣ нест, ки менамояд. Вақти он расидааст, ки бо душман дар набард шавед. Дар муносибатҳои шахсӣ ба ҳарфи дилатон гӯш андозед. Ба хотири дигарон аз хостаҳои дилдодаатон гузар накунед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Имрӯз шумо ба осонӣ ҳама мушкилотро паси сар мекунед. Чунон корҳоятон барор мегирад, ки ҳатто худатон дар ҳайрат мемонед. Мулоқотҳои корӣ бобарор анҷом ёфта, ҳато забони душвортарин мусоҳибро ба осонӣ меёбед. Нимаи дувми рӯз саломатии яке аз наздикон шуморо дар ташвиш мегузорад. Рӯҳафтода нашавед вазъият аз оне, ки гумон доред сабуктар аст.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Имрӯз имконияти қавӣ гардонидани мавқеъи кориро ба даст меоваред. Агар ин имкониятро ба дурусти истифода баред, метавонед ба болоравӣ дар вазифа умед бандед. Шахсоне, ки имрӯз ба зиндагии шумо ворид мегарданд дар ояндаи шумо нақши муҳимро мебозанд. Нисбат ба саломатии хеш беаҳамияти накунед. Ҳангоми гузаштан аз роҳ ва кор бо асбобҳои буранда эҳтиёткор бошед. Аз ҳайвонҳои калони хонагӣ ва мавзеъи хатрафзо роҳ дур бошед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Нимаи аввали рӯз нобоварӣ ба худ ва сустиродагиатон барои рафъи мушкилот ба шумо халал мерасонад. Шумо зиёд ба гапи дигарон гуш намуда соҳибихтиёриатонро аз даст додаед. Агар бо ақли худ коркарданро наомӯзед бозичаи дасти дигарон хоҳед шуд. Дар қабули қарорҳои муҳим танҳо ба эҳсосот дода нашавед ва аз ақли солим кор гиред.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Сумбулаҳоро рӯзи мушкиле дар пеш аст. Баҳсу мунозира бо роҳбар ва ҷанҷол бо ҳамкорон шуморо хаста месозад. Аз нақшаву ниятҳоятон ҳатто наздиктарин шахсатонро огаҳ насозед то бароятон монеа эҷод накунанд. Корҳое, ки имрӯз ба анҷом доданашон маҷбур мешавед дилгиркунандаву такрорианд.  Нимаи дувуми рӯз дар атрофатон одамоне ҷаъм мешаванд, ки ба қавле атмосфераро иваз мекунанд.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Нимаи аввали рӯз барои мизонҳо бобарор омада ба муваффақиятҳои хурду хушкунанда мерасанд. Аз кумаки дӯстон дар ҳалли масъалаҳои муҳим шод мегарданд.  Имрӯз ягон хулосабарорӣ манамоед, зеро сахт эҳсосотӣ буда, аз рӯйи ақли солим хулоса намекунед. Ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед ва бештар меваҷоту сабзавот истеъмол кунед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Рӯзи муқаррарист, вале агар дар муомила бо наздикон бомулоҳиза набошед муносибататон бо онҳо вайрон шуданаш мумкин. Аз одамон ва воқеаҳое, ки боиси асабӣгаштанатон мешаванд дур гардед. Воӯрӣ бо дусти даврони лониҷшӯӣ ва ёдоварии қиссаҳои гузашта табъатонро болида мегардонад.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Рӯз барои баргузории мулоқотҳои корӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтисодӣ басо мувофиқ аст. Ҳамкорон намояндагони ҷинси муҷобил дар ин кор ба шумо кумак мерасонанд. Имрӯз пура ба кор дода шуда ҳаёти шахсӣ ва муносибатҳои ошиқонаатон пурра ба ҷойи дувум мегузаранд.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Имрӯз корҳоятон зиёд шуда фаъолияти нав ва ношиносро оғоз хоҳед кард. Аз роҳнамоии шахсони ботаҷриба истифода баред ва ин навгонӣ дар фаъолияти минбаъдаатон нақши муҳим мебозад. Нимаи дувуми рӯз хариди бобарор мекунед ё дар лоторея бурд хоҳед кард. Шом барои вохӯрӣ бо дӯстонатон мувофиқ аст.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Имрӯз дар роҳи расидан ба мақсад баъзе монеаҳо мешаванд, ки дар рафъ кардани онҳо ба шумо кӯмаки дустон лозим меояд. Ба маслиҳати ҳаркас ноозмуда низ бовар накунед то шикаст нахуред.  Ба ҳеҷ ваҷҳ имрӯз бо ҳамхонаҳоятон ҷангу хархаша накунед. Ҳатоо агар рафтори баъзеҳо писанди дили шумо набошад ҳам.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Ҳамаи корҳои муҳим ва мулоқотҳои кориро ба нимаи аввали руз гузоред, зеро дар нимаи дувуми рӯз хаста шуда, барои кор ҳавсала намемонад.   Нимаи дувуми рӯз бошад аз рӯйи асабонияти зиёд эҳтимол бо атрофиён ҷанҷол мекунед. Барои яке аз наздикон харҷ карданатон зарур мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *