Толеъномаи 21 май 2017
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз табъатон гирифтаву аз ҳад зиёд ҷиддӣ мешавед. Беҳтараш диққати худро ба лаҳзаҳои дилхушкунандае, ки дар ин рӯз зиёд мешаванд, равона созед. Аз қиморбозӣ худдорӣ карданатон хуб аст, вале бояд қайд намуд, ки дар сурати каме таваккал намудан пули хуб ба даст меоред. Барои харидани туҳфа ба шахси дӯстдоштаатон рӯзи мусоид аст.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Бо корҳое, ки фоидаи кам меоранд, машғул нашавед. Хариду фурӯши хона хеле бобарор анҷом меёбад, муҳимаш он аст, ки дар тахт намудани ҳуҷҷатҳо ба ғалат роҳ надиҳед. Барои табобат, харидани либоси кӯдакона, таъмири асбобҳои техникӣ ва асбобу анҷоми рӯзгор маблағи зиёд сарф мекунед. Дар ин рӯз ба коре, ки ба ояндаатон таъсири манфӣ мерасонад, даст назанед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Имрӯзро бо шахси дӯстдоштаатон гузаронидан мехоҳед. Бо сабаби серкорӣ тамоман аз нафари бароятон азиз дур гаштаед. Ба тарабхона рафтан, истироҳат дар гӯшаи табиат ё муҳити ороми хона ба фоидаи шумост. Кори вазнини баъди нисфирӯзӣ хастаатон месозад, вале маблағи хуб ба даст оварда табъатон болида мегардад. Сафари роҳи дур бобарор анҷом меёбад.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Кӯшиши яку якбора тағйир додани тақдир барор намеорад. Баръакс аз вайрон шудани нақшаҳоятон асабӣ мешавед. Дар ин рӯз нася ва аз дӯстон қарз гирифтанро тавсия намедиҳем. Маълум нест, ки шумо тамоми қарзҳоятонро кай бармегардонед. Беҳтар мебуд, ки саратонҳои муҷаррад ба ҷойи мулоқоти интернетӣ ба мулоқоти рӯ ба рӯ раванд.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Рӯзи хубест бари рафъ намудани мушкилиҳои молиявӣ ва нияту нақшаҳои деринатон. Дар ҷойи кор ба саросемагӣ роҳ надиҳед, вагарна ба ғалатҳои зиёде роҳ медиҳед. Бо нафаре шинос мешавед, ки маслиҳатҳои судманд медиҳад. Барои харид ва рафъи мушклиҳои рӯзгор рӯзи мусоид аст.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Рӯзи серташвиш ва бебарор аст. Бо сабабҳои гуногун муноқишаву низоъ имкон дорад. Эҳтимоли сар задани садамаҳои нақлиётӣ имкон дорад. Сафари корӣ бобарор анҷом меёбанд. Аз ҷониби ҳамкорони ботаҷрибаатон кӯмаку дастгирӣ мебинед. Бегоҳирӯзӣ даромади пӯлӣ ба даст оварда, аз дӯстдоштаатон хабари хуш мешунавед. Дар оилаи баъзеҳо зиёд шудани сафи фарзандон имкон дорад.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Бо сабаби он ки имрӯз атрофиён нисбати шумо асабиву дағал ҳастанд, аз муноқишаву низоъ амон намеёбед. Худатон низ сахт асабӣ мегардед. Беҳтараш аз робитаи зиёд худдорӣ намуда ба баҳсу мунозира роҳ надиҳед. Аз танқид кардани атрофиён худдорӣ намоед. Муносибати нави ошиқонаатон пароканда мегардад, вале шумо руҳафтода намегардед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Барои он ки робитаатон бо шахси дӯстдошта хубтар гардад, бояд дарди якдигарро дарк карда тавонед. Албатта ин кори саҳлу осон нест, вале сабру таҳаммул ва меҳрубонӣ дар ин кори душвор кӯмакрасони шумо мегарданд. Тахаюлоти худро ба кор бурда, ба дӯстдоштаи худ туҳфаи хотирмон тақдим намоед. Ба сафари берун аз шаҳр баромаданатон имкон дорад.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Дар ин рӯз аз ҷониби нафароне, ки чанде қабл кӯмаку дастгирӣ карда будед, изҳори миннтадорӣ мешунавед. Дастгириву маслиҳати шуморо қадр мекунанд. Корҳои молиявиатон рӯ ба беҳбудӣ меоранд ва чизҳои даркориятонро харидорӣ карда метавонед. Дӯстдоштаи худро лаҳзае аз худ дур насозед, вагарна сахт пушаймон мешавед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Обрӯву нуфузи худро бояд дар коллектив баланд бардоред. Ба нафароне, ки аз таҷрибаву касбияти шумо истифода бурданӣ мешаванд, роҳ надиҳед. Барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ аз ташхис гузаштану хун супориданатон лозим аст. Пешгирӣ намудани беморӣ табобати онро осон месозад. Барои ба мулоқоти ошиқона рафтан рӯзи мусоид нест.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Дар ин рӯз нақшаву ниятҳои худро ба касе нагӯед, дарди дил кардан бар зарари шумо аст. Серкорӣ ба саломатиятон беасар намемонад, беҳтараш витамин истеъмол кунед. Чанд ҳодисаи тасодуфӣ ба ҳаёти шахсиятон бетаъсир намемонанд. Бо табъи хира ба роҳ набароед, вагарна ба ҳолатҳои ногувор гирифтор мешавед.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Дар ин рӯз сабру таҳаммулро пеша намуда, қаҳру ғазаби худро ба касе нишон надиҳед. Вазъият душвор гашта, асабониву табъатон нохуш мегардад. Зиндагии якрангу бемаънӣ табъи дили ҳутҳои орзупарвар нест. Каме аз корҳоятон дур гашта, дар ҳавои тоза сайр намоед. Ҳавои хуши баҳорӣ фикрҳоятонро тозаву оташи меҳру муҳаббатро дар қалбатон зиёд мегардонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ