Толеъномаи 21 ноябр 2018
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Давоми рӯз шумо комилан дар зери ҳокимияти ишқу ҳавас қарор гирифта, ҳеҷ аз рӯйи ақли солим рафтор кардан намехоҳед. Дӯстон ва наздиконеро, ки аз хатогии раторатон шуиморо огаҳонидани мешаванд гӯш кардан намехоҳед. Шоядам дуруст мекунед беҳуда нагуфтаанд, ки “Бояд тавре зиндагӣ кард, ки аз нақл кардан шарм дориву аз ёд кардан ҳаловат барӣ”. Саломатиятон дар ин рӯз боиси ташвиш намегардад, корҳои вазнинро ба осонӣ рафъ месозед.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Нимаи аввали рӯз дар ҷои кор тағйиротро интизор шавед. Агар аз қисмати гап ба амал гузаред шояд курсии нишасти шумо низ иваз гардад. Бадхоҳон ба зиндагиятон бинӣ халонида, нақшаҳоятонро вайрону зарар расонидан мехоҳанд. Азбаски душмани худро намедонед, бояд зимни робита эҳтиёткор бошед. Дарду алами худро ҳатто ба дӯстонатон нагӯед. Ҳангоми рафтан ба маъракаҳо дар охири рӯз аз истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед беҳтар аст.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Аксарият бар он андешаанд, ки шумо дар зиндагӣ хеле ноуҳдабаро ҳастед, вале дар ҳамин ҳафта мушкилиҳоро ба хубӣ рафъ намуда, ғалат будани ин ақидаро собит месозед. Бо вуҷуди ба қувваи худ дилпур будан, аз кӯмаки нафаре рӯ нагардонед. Аз барор гирифтани корҳоятон болидаруҳ ва дилпур гашта, бори дигар муътақид мегардед, ки бисёр чизҳо аз худи инсон вобастагӣ дорад. Маблағи пулие, ки дар ин рӯз ба даст меоред, ба зудӣ сарф мешавад
Саратон (22 июн- 22 июл)
Мушкилиҳои хурде, ки имрӯз ба саратон меоянд, табъатонро хеле хира месозанд. Аз нобарориҳои худ ғамгин нагардед, вагарна коратонро душвортар месозед. Бо вуҷуди душвор будани вазъият бо сари баланд аз пайи ислоҳи камбудиҳоятон шавед. Нимаи аввали рӯз заҳмати зиёд мекашед, вале меҳнататон самараи хуб медиҳад, зиндагиятон рӯ ба беҳбудӣ оварда, мушкилиҳо рафъ мегарданд.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Дар ин рӯз қобилияти пешгӯӣ кардани ҳодисаҳоро пайдо мекунеду дар баробари ин хеле ҳасосу зудранҷ мегардед. Атрофиён рафтору кирдори шуморо нодуруст қабул мекунанд. Дар муносибатҳои ошиқона ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Дар сурати рух додани нофаҳмӣ шахси гунаҳкорро наҷӯед. Танҳо дар якҷоягӣ аз вазъияти пешомада баромадан муяссаратон мегардад. Шом хешовандони раҳдуратон ба меҳмонӣ меоянд. Нафароне, ки аз фарбеҳӣ азият мекашанд, бояд парҳезро риоя намоянд.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Аввали рӯз дар оилаатон воқеаҳои хотирмони хуше рух медиҳанд. Бо наздикон сари як дастурхон гирд омаданатон хеле хуб мешавад. Дар ҷойи кор аз пештара зиёдтар заҳмат мекашед. Вазъият тавре сурат мегирад, ки ба хотири аз даст надодани мавқеатон дар ҷойи кор уҳдадориҳои зиёдеро ба анҷом расонидан лозим меояд. Миёнаи рӯз назди дуроҳаи қисмат ҳайрон мемонед, чӣ кор карданатонро намедонед. Бадгумониву шубҳаро аз худ дур сохта, хушчақ-чақ бошед, вохӯриву шиносоиҳои зиёд шуморо интизор аст.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Ташвишу тараддуд шуморо хаста намуда, ба дилатон мезанад. Аз ин лиҳоз, қисми аввали рӯз тамоми робитаҳои худро қатъ намоед. Кору ақидаи наверо ба анҷом расонида наметавонед, зеро руҳафтодагиву яъсу ноумедӣ гӯшанишинатон месозад. Чунин ҳолат қисмати зиёди рӯз шуморо азият медиҳад. Сабру таҳаммули зотиятонро ба кор бурда бурд мекунед. Муносибатҳои ошиқона сарчашмаи руҳбаландиятон гашта, дилатонро ба зиндагӣ гарму нобарориҳои қисматро паси сар мекунед. Охири рӯз худатонро ба даст гирифта аз пайи корҳои муқаррарӣ шавед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Рӯзи бобарор аст. Шумо ба осонӣ бо атрофиён забон ёфта ҳама мушкилотатонро ҳал карда метавонед. Шумо ҳамеша дар ақидаи хеш устуворед, ҳарчанд ин ба бархе аз аъзоёни оила писанд нест. Вале боз ҳам чун ҳақ ба ҷониби шумост ҷанҷол намекунанд. Баъзеҳо аз аллергия азият мекашанд. Агар ошиқ бошед, давраи хубест барои изҳори муҳаббат ва фикри оиладоршавӣ. Нимаи дуюми рӯз дӯсти интернетиатон ба мулоқоти реалӣ даъват мекунад. Агар ба мулоқот наравед пушаймон хоҳед шуд.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Рӯз барои ворид намудани дигаргунӣ ба ҳаёти дилгиркунандаи рӯзмарра мувофиқ аст. Амали намудани он чизе, ки пештар дар борааш ҳатто орзу намекардед имконпазир мегардад. Ба эҳсосот дода нашавед, ғаму андуҳ боиси хурӯҷ намудани дарди сар мешавад. Сайругашт пеш аз хоб ба саломатиятон таъсири хуб мерасонад. Вазъи молиявиатон бад нест, метавонед бо кори табъи дил машғул шавед. Ба меҳмонии дӯстон равед ё маъракачаи хурде ороста онҳоро ба хона даъват кунед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Рӯз дар воқеъ ягон чизи ҷолиб надорад. Пур аз воқеъаҳои гуногунӣ мусбӣ ва манфӣ аст, ки дар маҷмӯъ ба зиндагиатон ягон таъсире намерасонад. Табъатон зуд-зуд иваз мешавад. Шумо лаҳзае хуш астеду лаҳзаи дигар бе ягон сабаб дилатон ҳузнангез мегардад. Нимаи дуюми рӯз зимни ба сафар баромадан ҳушёриро пеша намоед. Нафарони муҷаррад рӯзҳои истироҳат бо нафаре шинос шуда, аҳди ишқу муҳаббат мебанданд. Ба ҳар кас бовар намуда, ба ҳар чиз умед набандед. Зеро умедҳоятон эҳтимол барбод мераванд.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Давоми рӯз шумо асабиву рӯҳафтода мешавед. Ҳатто дар хурдтарин масъалаҳо гузар намекунед ва аз ҳар гапи майда чуйда ҷанҷоли калон хезонидани мешавед. Бо ин рафтор дӯстдоштаатонро меранҷонед. Вале танҳо охири рӯз ба худ омада, оқибати ногувори рафторатонро дарк хоҳед кард. Вазъи молиявиатон муътадил аст, аз ин рӯ, метавонед дар фикри хариди калон шавед. Дар ҷодаи муҳаббат бо дӯстдоштаи худ созиш карда наметавонед. Рӯз барои ҳамагуна амалиёти тиббӣ номусоид аст.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Рӯз каме аз пешинааш бадтар мешавад. Шумо ба ҳолати ясъу навмеди автода, дилатон аз зиндагӣ мемонад. Дӯстону шиносони дерин шуморо танҳову дилгир шудан намегузоранд. Вазъи молиявӣ андаке номусоид мегардад, камбудиҳои рӯзгор боиси харҷ карданатон мегардад. Нимаи дуюми рӯз ҳангоми имзо гузори ба ҳуҷҷатҳо махсусан он ҳуҷҷатҳое, ки ба маблағ дахл доранд ҳушёриро пеша кунед. туҳфаву мулоқоти ошиқона табъатонро болида мегардонанд. Муоширати зиёди телефонӣ ва вақтгузаронӣ дар интернет натиҷаи хуб намедиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ