толенома

Толеъномаи 21-уми августи соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

ҳамал

Дар ин рӯз танқиди шахси дӯстдошта ба дилатон чун ханҷар мехалад. Беҳуда ба қаҳр наоед, шумо худ низ моҳи беайб нестед. Эҳтимол нафарони воломақом дар корҳоятон кумаки худро мерасонанд. Ба ҳар коре, ки даст мезанед, аз шумо чандон қувваи зиёдро талаб намекунад.

Савр (21 апрел-22 май)

савр

Дар касбу коратон камбудиҳои ҷиддӣ имкон дорад. Агар танбалӣ накарда, ба ғалатҳои пешинаатон диққат диҳед, мушкилоти зиёдеро паси сар мекунед. Ҳангоми ҳисобу китоби пул бодиққат бошед. Ҳар як қадами худро дониста гузоред, зудбовар нашавед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

ҷавзо

Дар ин рӯз шуғли наву ҷолиб пайдо мекунед. Дар ҷодаи муҳаббат бояд ақли солимро пеша намоед. Дар хотир доред, ки имкони ҳаёти худро бо шахси дилпур пайвастанро доред. Бегоҳирӯзӣ омадани меҳмонҳоро интизор бошед. Рашку хафагӣ имкон дорад.

Саратон (22 июн-22 июл)

саратон

Дар ин рӯз на танҳо бо ҳамкорон, балки бо роҳбарият баҳсу мунозира имкон дорад. Саратонҳое, ки бо тиҷорат машғуланд, бояд роҳҳои нави пешравиро ҷӯё шаванд. Баъди нисфирӯзӣ ба табъи нохуш дода нашавед, вагарна хобатон мепарад.

Асад (23 июл-23 август)

асад

Имрӯз тамоми нақшаҳоятонро амалӣ месозед. Ҳар нафаре, ки бароятон азиз аст, хотирашро шод намоед. Дар оила нофаҳмӣ рух медиҳад, вазъиятро дӯсти наздикатон рафъ месозад. Ба ҳама чиз бо шубҳа нанигаред. Мулоимтар бошед, он гоҳ атрофиён низ бо шумо меҳрубон мегарданд.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

сумбула

Фаъолияти сумбулаҳои олим ва тадқиқотчиён бобарор ҷорӣ гашта, кори ақлонӣ натиҷаи хуб медиҳад. Агар имкон дошта бошед, дар ин рӯз истироҳат кунед. Барои ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ рӯзи мусоид нест, вале барои амалӣ сохтани нақшаҳои эҷодӣ ва мулоқоти ошиқона бобарор аст.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

мизон

Бо рақибон мубориза сар мешавад. Танҳо суҳбати рӯ ба рӯ вазъиятро ба фоидаи шумо ҳал мекунад. Фикре, ки рӯзона ба саратон меояд, метавонад маблағатонро дучанд гардонад. Андешаи худро ба касе нагуфта, мустақилона амал намоед. Барои оромии асаб истироҳат карданатон лозим аст.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

ақраб

Дар ин рӯз яке аз ҳамкорон ба хотири аз худ намудани вазифа бо шумо рақобат сар мекунад. Асабонияту қаҳру ғазаби худро нигоҳ доштан душвор мешавад. Дар оила бо ҳамсаратон муноқиша имкон дорад. Бегоҳирӯзӣ ба ҷое рафтанро маслиҳат намедиҳем.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

қавс

Хабарҳои аз роҳи дур расида аз субҳи содиқ табъатонро болида мегардонанд. Дар масъалаи чӣ гуна зиёд сохтани маблағҳоятон бо хости дили худ амал намоед. Бегоҳирӯзӣ аз ҷониби нафаре, ки чанд моҳ дар оташи ишқаш месӯхтед, пайғоми хуш мешунавед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

ҷаддӣ

Дар ин рӯз мушкили зиёде ба саратон меояд. Дар хона аз рӯйи фарзандон муноқиша мекунед. Ба ҳаёти шахсии дигарон бинӣ нахалонед, вагарна тамоми гуноҳро ба сари шумо бор мекунанд. Маблағи дар даст доштаро сарф накунед, беҳтараш пулро то охири моҳ захира намоед.

Далв (21 январ-20 феврал)

далв

Ба мушкилиҳое, ки имрӯз садди роҳатон мегарданд, диққат надиҳед. Рӯзҳои наздик бе иштироки шумо низ ин мушкилиҳо рафъ мегарданд. Нисбати дӯстдоштаатон ғамхор бошеду ба қаҳру ғазаб дода нашавед. Нафароне, ки аз шумо қарздоранд, ба зудӣ пулро баргардониданӣ нестанд.

Ҳут (21 феврал-20 март)

ҳут

Аксари мушкилиҳоро дар ин рӯз бо кумаки дӯсти наздикатон рафъ месозед. Дар танҳоӣ коре аз дастатон намеояд. Нисбати саломатии худ бодиққат бошед, эҳтимоли хурӯҷ намудани дардҳои дерина дар назар аст. Барои аз даст надодани ёратон, мулоимгуфтору меҳрубон бошед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *