Толеъномаи 21-уми июли соли 2022
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз ба шитобкорӣ роҳ надиҳед, вагарна ба хатоҳои зиёде роҳ медиҳед. Рӯзи хубест барои истироҳат бо дӯстон ва дар оғӯши табиат. Шумо бояд бештар бо нафароне дар робита шавед, ки дар оянда кумакашон ба шумо мерасида бошад. Мушкилоти молиявӣ роҳи ҳалли худро меёбанд.
Савр (21 апрел-22 май)
Ҳатто дар вазъиятҳои душвортарини ҳаётӣ ҷиҳатҳои мусбатро ҷӯед. Тамоми мушкилиҳоро рафъ мекунед, хусусан молиявиро. Сабру таҳаммул ва пурандешӣ дар ҷодаи муҳаббат даркор мешавад. Дар муносибатҳои ошиқона шубҳаву гумонҳои бад ба дилатон роҳ меёбад. Муҳимаш ба муноқиша роҳ надиҳед.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Дар муносибатҳои ошиқонаатон вазъияти мусоид фаро мерасад. Ба маслиҳати дӯстони муҷарради худ гӯш надиҳед. Нисбати ҳамкорон ҳурмату эҳтиром зоҳир намуда, ба натиҷаи назаррас ноил мегардед. Аз асабоният ва хасташавии ҷисмонӣ худдорӣ намуда, барвақт ба ҷойгаҳи хоб дароед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз бо хешовандоне, ки бо сабаби мушкилоти молиявӣ муноқиша карда будед, оштӣ мешавед. Беҳтар мебуд, ки бо мошини худ ба ҷое сафар накунед. Дар ҷодаи муҳаббат кӯшиши зиёд ба харҷ доданатон лозим меояд, ки дӯстдоштаи худро наранҷонед. Аз бемориҳо эмин мемонед, ба шарте ки дар бораашон фикр накунед.
Асад (23 июл-23 август)
Сатҳи даромади пулиятон ба шарте зиёд мегардад, ки ҳатто аз корҳои майда-чӯйда рӯй нагардонед. Душвор шудани муносибатҳои ошиқонаатон боиси асабхаробии шумо мегардад. Пешниҳоди дилфиреб ба вазъи молиявии шумо бетаъсир намемонад.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Дар байни ҳамкорони худ ҳақиқатро ҷӯё шавед. Агар нафаре монеи пешравиҳои шумо мегашта бошад, ба муноқиша роҳ надиҳед. Ботаҳаммул ва оқил бошед, он гоҳ вазъият ба фоидаи шумо анҷом меёбад. Аз васвасаҳои ошиқона беҳтараш худдорӣ намоед, вагарна ба вазъияти душвор гирифтор мешавед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Рӯзи бобарор аст. Зери таъсири нафарони калонсол мемонед. Муносибат бо наздиконатон беҳтар мегардад. Баъди нисфирӯзӣ маблағи пулӣ ва вохӯрии ногаҳонӣ имкон дорад. Хариди калонро ба ҳафтаи дигар гузоред. Эҳтимоли ошиқ шуданатон имкон дорад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Агар ба шахси бароятон наздик боварӣ надошта бошед, дар бораи мушкилоти худ дар наздаш ҳарф назанед. Хушнудиву нобарориҳо пайи ҳам меоянд, аз ин рӯ, аз нобарориҳо руҳафтода нашавед. Нафароне, ки бегоҳирӯзӣ ба меҳмонӣ мераванд, бо нафаре шинос шуда, ошиқ мешаванд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар дилатон хоҳиши истироҳат кардан пайдо мешавад. Сабаб дар он аст, ки чанд рӯз пайи ҳам бе истироҳат меҳнат кардед. Дар ҷодаи муҳаббат нақшаҳои ҷиддӣ накашед, хусусан агар бо дӯстдоштаатон ҳамагӣ чанд рӯз шинос шуда бошед. Агар имкон дошта бошед, ҳатман истироҳат кунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Корҳои молиявиатон бобарор анҷом ёфта, натиҷаи хуб медиҳанд. Сарчашмаҳои нави даромадро пайдо мекунед. Ҷаддиҳои муҷаррад бо нафаре шинос шуда, сахт дил мебанданд. Қобилиятҳои кориятон нимаи дуюми рӯз зиёд гашта, аз уҳдаи ҳама кор мебароед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Барои рафъ намудани мушкилиҳо худро маҷбур карданатон лозим меояд. Тахаюлоти бой ва хаёлбофӣ на танҳо дар касбу кор, балки дар ҳаёти шахсӣ низ ба кор меравад. Бегоҳирӯзӣ барои заҳмати кашидаатон маблағи хуб ба даст меоред. Пулро беҳуда сарф накунед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Дар ин рӯз ба ҳар коре, ки даст мезанед, эҳтиёткор бошед. Рафту рақибонатон зӯртар бароянд, руҳафтода нашавед. Ба кумаку дастгириятон нафарони воломақом ва дилпур мешитобанд. Дар муносибатҳои ошиқона нозукдилӣ накунед. Бемориву фишори руҳӣ дар ин рӯз азиятатон намедиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ