толеъномаи рӯз

Толеъномаи 21-уми октябри соли 2023

Ҳамал  ( 21 март-20 апрел)

ҳамал

Саломатиро дар ҳавои сард эҳтиёт намоед. Имрӯз барои оғози корҳои тиҷоратӣ хеле муфид аст ва ба даст овардани маблағи хуб эҳтимол. Ҳама фикратонро ба пул банд накунед ва муҳаббате, ки дар паси даратон истодааст, қабул кунед. Дар роҳ ҳамеша эҳтиёткор бошед. Вақти дар сари чанбари мошин будан худатонро ба даст гиред.

Савр ( 21 апрел – 22 май) 

савр

Саврҳоро рӯзи пурбарор интизор аст. Ситораҳо тавсия медиҳанд, ки корҳое, ки дар нақша доред, ба баъд гузоред. Дар коргоҳ муносибати худро тағйир диҳед, зеро ин рафтори шумо ба кори ояндаатон халал мерасонад. Ба вохӯрие, ки даъват мешавад, кӯшиш кунед, ки равед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

ҷавзо

Кӯдаконатонро беназорат нагузоред, назорати ҳамешагӣ бар манфиати ҳам шумо ва ҳам саломатии фарзандатон аст. Дар коргоҳ бо коргарон хушмуомила бошед ва корҳои нотамоми хонаро низ ба анҷом расонед. Аёдати волидонро фаромӯш накунед, як каф дуои онҳо пешрафти кори шумо хоҳад шуд.

Саратон (22 июн- 22 июл)

саратон

Имрӯз мумкин аст дар корҳои тиҷоратиатон каме мушкилиҳо пеш ояд, вале аз ин дилсард нашуда, барои ба ҳадаф расидан талош намоед. Чанд вақт аст, ки дар фикри харидорӣ намудани сару либоси зимистона ҳастед, акнун вақташ фаро расидааст. Муносибати дағалро ба худ раво набинед. Ҳамеша камбудии дигаронро кофтан низ дарди саратон мешавад.

Асад ( 23 июл – 23 август)

асад

Бо сабабҳои номаълум аввали рӯз худро нороҳат ҳис мекунед, шояд аз тағйирёбии боду ҳаво ё мушкилоти оилавӣ бошад, вале дар миёнаи рӯз аз роҳи дур хабаре мешунавед, ки рӯҳияи шуморо дигар мекунад. Ҳангоми сари чанбари мошин нишастан, кӯшиш кунед, ки ҳамаи проблемаҳоятонро як тараф гузоред, то аз хатар эмин бошед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

сумбула

Нимаи ввали рӯз ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Дар муносибат бо атрофиён эҳтиёткор бошед, зеро ранҷиши онҳо ба пешрафтаатон халал эҷод мекунад. Дар соҳаи тиҷорат муваффақиятҳо шуморо ҳамсафар мешавад. Дар муҳаббат каме нофаҳмиҳо байнатон  пайдо мешавад.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

мизон

Нафароне, ки зери ин бурҷ қарор доранд ва ҷойи кори худро иваз карданианд, аз ҳозир бояд ҳуҷҷатҳояшонро омода намоянд. Кӯшиш кунед, ки бо ҳамкорон муносибати хубро ба роҳ монед. Ҳар як қадами шумо дар таҳти назорат аст. Барои ҳамин ҳар сухане, ки мегӯед, фикр кунед. Нисбати ҳамсаратон меҳрубон бошед.

Ақраб  ( 24 октябр- 22 ноябр)

ақраб

Кӯшиш кунед, ки бештари вақтатонро ба тамошо, сайругашт, вохӯрии шиносон гузаронед. Барои маблағе, ки дар ин муддат сарф шудааст, ғам нахӯред. Ситораҳо ба даст омадани даромади пулиро пешгӯӣ мекунанд. Нисбати маҳбубаи худ бепарво набошед. То қадри имон аз вохӯриҳо даст накашед.

Қавс  ( 23 ноябр- 21 декабр)

қавс

Дар муносибати ошиқона каме нофаҳмиҳо ба миён меояд. Дар ин лаҳза худатонро ба даст гиред. Вақтҳои охир саломатиатон шуморо азият медиҳад. Нисбати ин чизи қиматбаҳо бетараф набошед. Дар охири рӯз ба аёдати падару модар рафтанро фаромӯш накунед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

ҷаддӣ

Ба саломатии худатон ҷабр накунед. Корҳоятонро дар доираи вақти муайян иҷро намоед, хастагии зиёд фишори рӯҳиро ба миён меорад. Ба гапҳое, ки дар атрофатон давр мезанад, аҳамият надиҳед, чунки вақт довар аст. Кӯшиш кунед, ки рухсатии меҳнатӣ гиред ва қувваи ҷисмониву равониатонро барқарор намоед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

далв

Вақти кам барои амалишавии орзуҳоятон боқӣ мондааст. Метавонед, ки ками дигар кӯшиш намоед. Роҳбаратон шуморо ба вазифаи дигар гузаронидан мехоҳад. Ҳарчанд розӣ набошед ҳам, аз гуфтаи роҳбаратон саркашӣ накунед. Кӯдаконро дар дилхоҳ вақт ба тамошо бароред, зеро инкишоф ёфтани ҷаҳонбинии онҳо аз шумо вобастагии калон дорад.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

ҳут

Аввали рӯз бо муноқиша рӯ ба рӯ мешавед. Ин мушкил дар як муддати кӯтоҳ мегузарад, чунки ҳақ ба ҳақдор мерасад. Аз нобарории корҳоятон ғамгин нашавед, охири рӯз орзуи деринаатон амалӣ шуданаш мумкин аст. Муносибати хубро бо атрофиён фаромӯш насозед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *