Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Ба хонаатон меҳмонҳои нохонда омада, шуморо дар ҳоли ногувор мегузоранд. Аз омад накардани коратон ғамгин нашавед. Саврҳое, ки майл ба қиморбозиву қартабозӣ доранд, аз ин машғулиятҳо даст кашиданашон беҳтар аст. Дар муносибатҳои ошиқона дурандеш бошед, дили ёратонро наранҷонед. Нафари мансабдоре дар тиҷорат ва пешравии корҳоятон ба шумо кӯмак мерасонад.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Аввали рӯз инҷиқу асабӣ мешавед, аз ин лиҳоз бо хариду фурӯш машғул нашаведу сарфи калон накунед, вале барои нафароне, ки роҳҳои нави даромадро меҷӯянд, аёми мусоид аст. Нафароне, ки ба хотири нав кардани сару либосашон пулро беистиҳола сарф мекунанд, ба ғазаби наздиконашон гирифтор мешаванд. Занги телефонӣ бегоҳирӯзӣ нақшаҳоятонро барбод медиҳад. Бемории баногаҳ пайдошударо бо худтабобаткунӣ рафъ карда наметавонед.
Ба хотири дар танҳоиву оромӣ мондан тамоми имкониятҳоро истифода мебаред. Дар бораи нобасомониҳои тақдиратон бисёр андеша намуда, билохира ба хулосаи дуруст меоед. Шумо дарк мекунед, ки маҳз беғайратӣ душмани қаттолу ягонаи шумо аст, ки сади роҳи пешравиҳои коратон мегардад. Асадҳое, ки табиатан саломатии хуб доранд, дар ин айём нерӯи шумо дучанд гашта, аз бемориҳо эмин мемонед. Нафароне, ки меъдаву дили бемор доранд, беморияшон хуруҷ карда, хатари ҷароҳат бардоштанашон вуҷуд .
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Агар нияти аз одатҳои бад даст кашиданро дошта бошед, аз имрӯз сар карда сигоркаширо партоеду вақти худро беҳуда дар интернет нагузаронед. Миёнаи рӯз тамоми корҳоятонро аз атрофиён пинҳон медореду ба касе рози дил гуфтан намехоҳед. Барои худ машғулияти зеҳнӣ пайдо намоед, он гоҳ барои беҳуда дарди дил кардан имкон пайдо намекунед. Дар саломатиятон ҷурме дида намешавад, ба шарте, ки худро сахт хаста насозед. Сари вақт хӯрок хӯред, кам хӯрданатон боиси пайдо шудани бемориҳо мегардад.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Аз кори зиёд сахт хаста гашта, рӯзҳои истироҳатро бофароғат гузаронидан мехоҳед. Миёнаи рӯз дӯстон хотиратонро болида мегардонанд. Аз сиру асрори нафаре огаҳ гаштанатон имкон дорад. Нимаи дувуми рӯз корҳоеро, ки пинҳонӣ ба анҷом мерасонед, ҷомаи амал мепӯшанд. Агар шумо хӯрокҳои зарарнокро истеъмол намекарда бошед, ба саломатиятон хатаре таҳдид намекунад. Кӯшиш намоед, хӯроки кам хӯрда, бештар ҳаракат кунед.Пеш аз хоб телефони дастиятонро хомӯш созеду нағзакак дам гиред.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Қавсҳо сарфакориро фаромӯш карда, чизеро ки кайҳо дар орзуи харидорӣ намуданаш буданд, бо нархи гарон ба даст меоранд. Ин амалатонро ҳамсафари ҳаётиатон дастгирӣ намуда, якҷоя барои ба даст овардани маблағи даркорӣ кӯшиш мекунед. Бо кӯмаки дӯстону наздикон ба мақсад мерасед, вале фикри баргардонидани қарз табъатонро хира мегардонад.Ба саломатии худ диққати ҷиддӣ диҳед. Нимаи дувуми рӯз бо ҳалли корҳои ҳаррӯза машғул нашавед, беҳтараш истироҳат кунед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Муносибати ҷаддиҳо дар ин рӯз бо дӯстдоштаашон қавитар гашта, меҳру муҳаббататон ба якдигар дучанд мегардад. Дар касбу коратон пешравӣ дида мешавад. Роҳбарияти коргоҳ заҳматписандиву кордониятонро қадрдонӣ мекунад. Агар нияти қарз гирифтанро дар сар дошта бошед, бароятон давраи мусоид фаро мерасад. Ҷаддиҳое, ки ҷойи кори худро иваз кардан мехоҳанд, бояд нағзакак фикр намоянд. Пурхӯрӣ боиси бад шудани саломатӣ ва дарди меъда мегардад. Барои оромии асабҳо аз мавзеҳои серодам дурӣ ҷӯед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Имрӯз атрофиён аз худхоҳиву худпарастии далвҳо ба ҳайрат меоянд. Дар ҷойи кор роҳбарият шуморо бештар ҳурмат мекардагӣ мешавад. Дар хона ҳангоми ҳалли масъалаҳои муҳим сарварӣ намоед, ҳамсари худро аз хариди калон нигоҳ дошта, аз муфлисшавӣ наҷот меёбед. Нимаи дувуми рӯз бо мушкилоти дигарон банд мешавед. Аз муноқиша бо сардор, ҳамкорон ва хешу ақрабо худдорӣ намоед, вагарна корҳоятон дӯлобу табъатон хира гашта, чанд муддат ба худ намеоед.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Дар рӯзи нав аз пайи беҳ сохтани вазъи саломатӣ шавед. Стресси ҷамъшуда сади роҳи зиндагии осоиштаатон гашта, худро бад ҳис мекунед. Агар рафти зиндагии ҳозираатонро тағйир диҳед, аҳволатон рӯ ба беҳбудӣ меорад. Асабатон ором гашта ба худ эътимод пайдо мекунеду руҳафтодагиятон пурра рафъ мегардад. Сафарҳои корӣ бобарор анҷом меёбанд. Кӯшиши якбора ба анҷом расонидани чанд корро накунед, баъзе нақшаҳои шумо амалинашавандаанд. Охири рӯз аз пайи осон намудани мушкили дигарон нашавед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ