Толеъномаи 22 июн 2018
Муносибати ҷиддӣ дар рафти кор дар корхона воситаи асосии мустаҳкам намудани муносибати шумо бо ҳамкоронатон мебошад. Аз фикратон корҳои гузаштаро дур созед ва алоқаҳои кандашударо аз нав барқарор намоед. Имрӯз аз кори зиёд хаста мешавед, вале муоширати ғоибонае, ки дар шабакаи иҷтимоӣ сурат мегирад аз ин ҳолат шуморо мебарорад.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Имрӯз бисёр корҳоятон бобарор анҷом меёбад. Атрофиён барои дастгирии шумо миннатдорӣ баён мекунанд.Нимаи дувуми рӯӯ бо ҳамкоронатон муноқиша накунед. Мумкин аст, ки тафтиши ногаҳонӣ дар корхона нофаҳмиҳои шуморо бо раисатон ба миён орад. Буҳрони оилавиро эҳсос мекунед. Дури аз азизон шуморо маъюс кардааст.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Шуморо зарур аст, ки дар аввали рӯз хулосаи асосиатонро вобаста ба оила ва муносибатҳои хахсӣ бароред. Нимаи дувуми рӯз каме дилгиркунанда мегузарад. Кӯшиш кунед, ки атрофиёнатон шуморо ба манфиати хеш истифода набаранд. Нисбати саломатии худ бетараф набошед ва аз нурҳои офтоб худро ҳифз намоед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Дар фаъолияти ақлонӣ қувваи зиёдеро сарф мекунед. Атрофиён аз кордониву заковатишумо имрӯз ба ваҷд меоянд. Хабарҳои хушҳолкунанда дар нимаи рӯз руҳатонро болида месозад. Муносибататонро бо атрофиён қавӣ нигоҳ доред. Зеро дастгирии онҳо шуморо ба кор меояд.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Аввали рӯз натиҷаҳои кореро, ки пештар анҷом дода будед, хоҳед дид. Дастовардҳоятон вазъи молиявии оилаатонро боло мебардорад. Муноқишаҳое, ки нимаи дувуми рӯз ба вуқуъ мепайвандад санҷиши шумост ва худатонро ба даст гиред. Сабру тоқати шуморо дар ин вақт атрофиён баҳои хуб медиҳанд. Шом мулоқоти ошиқона шуморо шод мегардонад.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Сарфакориро барои худ қарор диҳед. Кӯшиш мекунед, то барои пешбурди оилаатон ҳатто вазнинтарин корҳоро ба анҷом расонед, вале ин ба саломатии шумо бетаъсир намемонад. Аз вохӯриҳо ва гуфтугузорҳо даст накашед. Рӯзи мувофиқ барои сафар кардан аст, вале танҳо ба роҳ набароед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Рӯзи гуфтушунидҳои бомаврид мизонҳоро дар назар аст. Ба атрофиён боэҳтиёт муомила карданро дар мадди аввал гузоред, зеро дар ояндаи наздик ба корҳои шумо вобаста шуданашон дар назар аст. Омадани меҳмони ногаҳонӣ ба хонаатонро ситораҳо пешгӯйӣ мекунанд.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Рӯзи бобарор дар тиҷоратро ситораҳо пешгӯйӣ мекунанд. Дар мобайни рӯз тағйироти зиёд ба вуҷуд омаданаш мумкин аст. Барои оила ва муносибат ба фарзандон бояд ҳамеша омода бошед, зеро онҳо ба ин ниёз доранд. Шом мулоқоти тақдирсоз дар назар аст. Бояд ба омодагии хубу сару либоси зебо ба онҷо равед.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Беҳтараш дар аввали рӯз ба корҳои майдаи хона, аз қабили таъмири теникаҳои маишӣ, пешдолон ва ҷевон даст занед. Аз корҳои ҳуҷҷати асабатон харобу руҳан монадагиатонро тез-тез эҳсос мекунед. Пас аз анҷоми рӯзи корӣ дар ҳалқаи оилабудан ва ба аёдати падару модар рафтанро тавсия медиҳем.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Саломатиатонро дар мадди аввал гузоред. Бисёр ба кор дода шуда, аз саломатии гурдаҳо бехабар намонед. Илоҷи воқеъа пеш аз вуқӯъ. Барои ин шуморо лозим аст, ки аз муоинаи духтур гузаред. Рӯзро маҷбур мешавед дар иҳотаи онҳое гузаронед, ки дӯсташон медоред. Суҳбат ва тавсияи равоншинос ва шахси зиндагидида ба шумо зарур аст.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Далвҳоро имрӯз каме нофаҳмиҳо дар назар аст. Дар коргоҳ барои баъзе нофаҳмиҳо асабӣ шуданатон имкон дорад. Дар нимаи дувуми рӯз навгонии ногаҳонӣ дар муносибати шахсиатонро ситораҳо пешгӯйӣ кардаанд. Муносибатҳои куҳнаро барқарор намудан айни муддаост.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Рӯзи навинро бо вохӯриҳое, ки дер боз интизораш будед, оғоз менамоед. Ҳамеша кор гуфта рӯҳу ҷисматонро хаста нагардонед. Ба кӯдакон машғул шуданро низ фаромӯш накунед. Пас аз кор кӯдаконатонро ба сайру гашт бароред. Ба аёдати волидон рафтанро низ фаромӯш насозед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ