Толеъномаи 22 сентябр 2018
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Имрӯз ситораҳо ба муроди дили ҳамалҳо чашмак мезананд, шанси худро аз даст надода, аз пайи амалӣ намудани орзуҳоятон шавед. Донед, ки айёми беҳтарин барои пайдо намудани ҷуфти хуби ҳаётӣ фаро расидааст. Агар гапи дилатонгӯш андозед ва бо шахси дилхоҳатон риштаи тақдири худро пайваста, шумо як умр хушбахт хоҳед гашт. Ҳамалҳои оиладор, дар бораи мушкилиҳои оилавиятон ба касе даҳон накушоед, вагарна бо дасти худ ба решаи ниҳоли бахтатон теша мезанед.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Ба рӯйи саврҳо дари имкониятҳо кушода мешавад. Он чизе, ки кайҳо орзуяш мекардед, акнун муфтакак ба даст омада метавонад. Дар хотир доред, агар вақти мусоидро истифода бурда натавонед, сахт пушаймон хоҳед шуд. Дар кори идора зиракиро аз даст надиҳед, чунки хатои хурдтарин дар ҳуҷҷатҳои зарурӣ метавонад шуморо аз нони даҳонатон бенасиб гардонад. Қадаматонро дониста гузоред, ба ҳар кас бовар накунед. Холаи садкора ҳама кораш нимкола нашавед, аввал як кори муҳимро ба анҷом расонда, баъд аз паси дигараш шавед, вагарна ба саратон борони танқид меборад.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Аз осмон ситора канданатон амри маҳол аст, аммо ҳастанд корҳои заминие, ки шумо метавонед муваффақона ба анҷом расонида сазовори таҳсин гардед. Агар кори зиёд ва ташвишҳои рӯзгор шуморо монда карда бошанд, ба комёбӣ умед набандед. Беҳтараш рухсатии меҳнатӣ гирифта, бо аҳли оилаатон ба ягон ҷойи хушманзар рафта истироҳат намоед ва асабҳои харобатонро ором созед, вагарна мондагии аз ҳад зиёд боиси бемор шуданатон хоҳад шуд. Охири рӯз ба шабнишиние даъват мешавед, ки ба ҷойи хушҳолӣ ба сари шумо ҷангу ҷидол меорад.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Имрӯз зодагони бурҷи саратон ба кор дода мешаванд. Ин хуб аст, зеро меҳнаташон самари зиёд хоҳад дод. Айёми беҳтарин барои барқарор намудани муносибат бо роҳбарият ва одамонест, ки метавонанд тақдири шуморо дигаргун созанд. Шиносоиҳои нав кори саратонҳоро равнақ мебахшанд. Нимаи дуюми рӯз кӯшиш намоед, ки каме истироҳат кунед, вагарна саломатиатон шуморо нороҳат гардонда метавонад. Сар задани баъзе мушкилиҳо аз эҳтимол дур нест, вале шумо метавонед бо мадади дӯстонатон ба осонӣ мушкилоти пешомадаро рафъ намоед. Қарзҳоятонро бар гардонед, вагарна кор бо ҷанҷол меанҷомад.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Имрӯз асадҳо чунон серкор мешаванд, ки барои дӯстону наздиконашон вақт намеёбанд. Серкориятонро ба онҳо фаҳмонед, то боиси ранҷиш ва ҷангу ҷидол нагардад. Нимаи дуюми рӯз кӯшиш кунед, ки гапатон бо ягон кас нагурезад. Маблағи дар киса доштаатонро беҳуда сарф накарда барои рӯзи мабодо нигоҳ доред. Нақшаи тарҳрезӣ кардаатонро ба касе нагӯед, вагарна дигарон пешдастӣ карда онро амалӣ месозанду бо даҳони кандагӣ мемонед.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Имрӯз даводави зиёд карда гумон мекунед, ки ҳама ҷонканиҳоятон беҳудаанд, аммо қувваи ноаёне шуморо ба пеш тела медиҳад. Бо мадади ҳамин қувва тамоми мушкилиҳоро бартараф хоҳед кард. Дар тамоми самтҳои зиндагӣ ба рӯятон дару дарвозаҳои нав кушода мешаванд. Кӯшиш кунед, ки ҳамаи имкониятҳоро истифода бурда, сарчашмаҳои даромадро ба фоидаи худ истифода баред. Нимаи дуюми рӯз шуморо шиносоии тақдирсозе интизор аст, агар зирак ва чолок бошед, ин шиносоӣ шуморо ба хонаи ақди никоҳ мебарад.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Имрӯз чунон серкор ва серташвиш мешавад, ки сари калобаатонро гум мекунед, аммо агар худро ба даст гирифта, тамоми корро сари вақт ба анҷом расонед, аз роҳбарият таъриф шунида сазовори боварӣ ва мукофот мегардед. Шанси вазифаи баландтар гирифтанатон вуҷуд дорад. Дар интихоби ҷуфти ҳаётӣ ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Сад бор андеша карда, баъд хулоса бароред, вагарна ҳаётатонро бо дасти худатон месӯзед. Мизонҳои оиладор бояд тамоми бори оиларо ба гардан гирифта, бо ҳамсарашон меҳрубон бошанд.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Дар масъалаҳои пулию молӣ шитоб накунед. Нағзакак тамоми паҳлуҳои ҳар як муомилаи пулиро таҳлил намуда, дар тарозуи ақл ҳамаашро баркашед, то фиреб нахӯред. Қисми дуюми рӯз шуморо даромади начандон калон интизор аст. Ба ақрабҳои танҳо ситораҳо шиносоии тақдирсозеро дар роҳ ё нақлиёт пешгӯӣ мекунанд. Тамоми назокату маҳорататонро барои ба даст овардани дили ёри нав ба кор баред, зеро бо ин шахс шуморо бахти сафед интизор аст. Дар коргоҳ ба ҷангу ҷанҷоли беҳуда роҳ надиҳед, то хандахариши душман нагардед.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Рӯз бо шиносоии муфид оғоз мешавад. Ҷамъомаду маҷлисҳо пай дар пай сурат мегиранд, бинобар ин, кӯшиш кунед, ки ҳама коратонро ба низом дароред. Вохӯриҳои дуюмдараҷаро ба рӯзи дигар гузаронед, беҳтар аст. Ба хабарҳое, ки қисми дуюми рӯз мешунавед, эҳтиёткорона муносибат кунед. Даҳони баста сад тилло гуфтаанд, ҳар гапро дар назди дӯсту душман гуфтан нагиред, девор гӯш дораду муш гӯш. Ба қавсҳои ташнаи бахт маслиҳат медиҳем, ки мисли хирс ба хоби зимистонӣ нараванд. Барои пайдо намудани ҳамсафари зиндагӣ фурсати муносиб фаро мерасад. Шиносоие, ки инрӯз ба вуҷуд меояд, метавонад калиди дари хушбахтиҳо бошад.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Имрӯз кори нав оғоз накунед, то барои худ мушкилӣ эҷод накунед. Беҳтараш корҳои майда- чӯйдаи нотамоматонро ба сомон расонед. Хавфи фиреб хӯрданатон вуҷуд дорад, бинобар ин, мо ба шумо бозор ба бозор гаштанро маслиҳат намедиҳед. Пули бо хуни ҷигар кор кардаи шумо метавонад ба осонӣ луқмаи дузд ё ҳанноте бигардад. Дар ҷодаи меҳру муҳаббат каме нофаҳмиҳо пеш меояд, ки гунаҳкори асосии сар заданашон худи шумоед. Шоми рӯзи истироҳат пешниҳоди мулоқот мегиред, лекин аз рафтан ба чунин мулоқоти пинҳониву хатарнок даст кашед беҳтар. Ба хотири хушии лаҳзаина ҳаётатонро бохтанатон мумкин.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Бархе аз далвҳо фикр мекунанд, ки дар зиндагияшон давраи нокомиҳо оғоз ёфтааст, зеро мушкилӣ ва бесару сомониҳои зиёде ин ҳафта эшонро домангир хоҳанд гашт. Аз ҳад зиёд асабӣ нашавед, вагарна бемор шуданатон аз эҳтимол дур нест. Аз дӯстонатон кумак пурсед, онҳо шуморо хору залил гаштан намемонанд. Далвҳои оиладор бояд аз занбозию хиёнат худро дур бигиранд, зеро хавфи сар задани моҷароҳои калони оилавӣ бо сабаби рашк вуҷуд дорад. Қарз додан ва қарз гирифтанро ба зодагони ин бурҷ маслиҳат намедиҳем. Ба ягон мавзеи зебо рафта дам гиред, то асабҳои харобгаштаатон каме ором шаванд.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Ситораҳо дар зиндагиятон навгониҳои куллиро пешгӯӣ кардаанд. Ба ҳодисаҳои ғайриоддӣ ва ногаҳонӣ тайёр бошед, зеро имрӯз чархофалаки зиндагии ҳутҳо басо тез гардиш намуда, навигариҳои зиёде дар ҳаёташон рӯй медиҳанд. Ҳутҳои мансабдор нимаи дуюми рӯз метавонанд шартномаҳои муфид банданд. Корҳое, ки дар ин давра анҷом медиҳед, барои баландтар рафтани мақоматон мусоидат хоҳанд кард. Серкориро баҳона карда вазифаҳои худро дар оила бар дӯши дигарон бор накунед, вагарна дили ҳамсаратон хунук шуда, муносибатҳоятон сард мешаванд. Барои он ки камнамо шудани шуморо ба таври худ фаҳмида рашк накунад, ҳама мушкилиҳои кориатонро ба ӯ ошкоро бигӯед
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ