Толеъномаи 22-юми декабри соли 2023
Ҳамал
Дар ин рӯз ғайри хоҳиши худ ҳодисаи зиёдеро аз сар гузаронида, ҳатто ба доми дасисабозон афтиданатон имконпазир аст. Атрофиён барои расидан ба мақсадҳои худ шуморо истифода бурдан мехоҳанд. Аз ҳамин хотир, аз корҳое, ки ба шумо дахл надоранд, худро дур гиред.
Савр
Сабаби хушҳолии шуморо имрӯз атрофиён дарк карда наметавонанд. Оромона бо корҳои худ машғул шавед, барор ҳамсафари шумост. Хусусан, дар корҳое, ки мураттабӣ ва мантиқро талаб мекунанд, комёб мегардед. Нерӯи худро ба кори дигар сарф накунед.
Ҷавзо
Дар ин рӯз гирифтори ду эҳсос- беҷуръатӣ ва эҳтиёткорӣ гашта, ҳам вақтро аз даст медиҳеду ҳам имкониятро. Беҳтар мебуд, ки ин ду сифатро тавъам намуда, аз дудилагӣ раҳо ёбед. Сайругашти бегоҳирӯзӣ хобатонро бароҳат месозад.
Саратон
Имрӯз барои қабул кардани меҳмон рӯзи хуб аст. Барои баргузор намудани нишастҳои дӯстона бобарор аст. Ба дӯстдорони машрубот аз ҳад зиёд нӯшиданро маслиҳат намедиҳем. Забони худро аз дағалгуфториву мавзӯе, ки боиси малоли хотири нафаре мегардад, нигоҳ доред.
Асад
Барор ҳамсафари нафароне мегардад, ки бо ҷасуриву ақли солим аз вазъиятҳои гуногуни зиндагӣ баромада метавонанд. Агар вазъиятро зери назорат гирифта тавонед, аз муноқишаҳои гуногун халосӣ ёфта метавонед. Хариди калон, хусусан асбобҳои техникии рӯзгорро тавсия намедиҳем.
Сунбула
Ин рӯз аз шумо муносибати ҷиддиро нисбати кор талаб менамояд. Тамоми қарорҳои бемулоҳиза ё ҳардамхаёлӣ оқибати бад доранд. Бо вуҷуди болидагии руҳ худро хеле хуб ҳис мекунед, вале бо сабаби мухолифати мақсадҳоятон бурдбориро аз даст медиҳед.
Мизон
Дар ин рӯз бо кори вазнини ҷисмонӣ машғул шуданро маслиҳат намедиҳем, вагарна саломатиятон бад гардида, ҷароҳат бардоштанатон имкон дорад. Дар коргоҳ муносибататон бо ҳамкорон вайрон мегардад. Дар ин рӯз ба ҳуҷҷатҳои муҳим имзо гузоштанро маслиҳат намедиҳем.
Ақраб
Дар ин рӯз тамоми дарҳои баста ба рӯятон кушода гашта, ягон воқеа рух намедиҳад. Рӯзи хубест барои бастани ақди никоҳ, мустаҳкам сохтани риштаҳои кориву дӯстӣ. Инчунин, дар корҳои нафароне, ки бо савдои чакана ва рӯзноманигорӣ машғуланд, муваффақият дида мешавад.
Қавс
Барои нафароне, ки маблағи хуб ба даст овардан мехоҳанду роҳҳои онро медонанд, рӯзи бобарор аст. Кӯшиш ба харҷ дода, ташаббус нишон диҳед ва бахт ба рӯятон механдад. Аз имкон дур нест, ки имконияти хуб аз ҷое меояд, ки интизораш набудед. Рӯз барои фурӯши мошин ва дигар намуди маблағгузорӣ мусоид аст.
Ҷаддӣ
Имрӯз дар ҳама кор кунҷкобии аз ҳад зиёд зоҳир менамоед. Нофаҳмоӣ дар кору дар гуфтор асабатонро вайрон намуда, то рӯйи об баровардани ҳақиқат сабру қарорро аз даст медиҳед. Бо ин амалатон аз хатогиву макр раҳо меёбед. Ҳақиқатҷӯии шумо ба атрофиён писанд наомада, имкони рух додани муноқиша эҳтимол дорад.
Далв
Дар ин рӯз гумроҳ шуданатон вуҷуд дорад, хабару маълумотҳои нодуруст мегиред. Аз ин лиҳоз, саросема нашавед, дар хулосабарорӣ таваққуф намоед. Барор ҳамсафари онҳое мешавад, ки пули хуб кор кардан мехоҳаду роҳҳои онро медонанд. Кӯшиш намоед, ба мақсад мерасед.
Ҳут
Имрӯз аз ҳад зиёд гап назанеду кореро, ки аз уҳдааш намебароед, иҷро карданашро ваъда надиҳед. Беҳтараш вақтатонро бо шахси дӯстдошта гузаронед. Рӯз барои сартарошӣ ва харидорӣ намудани либос мусоид аст. Бо фарзандон нофаҳмӣ рух медиҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ