Толеъномаи 22-юми ноябри соли 2022
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Ин рӯз зодагони бурҷи ҳамал бояд бо ошиқашон ва бо шарикони корӣ каме меҳрубонтар бошанд, вагарна ҳам аз ину ҳам аз он мемонанд. Забон ёфтан бо ҳамкорон боиси ривоҷ ёфтани кор ва ба даст овардани даромади хуб мегардад. Нимаи рӯз сафари корие дар назар аст. Мулоқот бобарор анҷом ёфта, боиси амалӣ шудани орзуҳоятон мегардад.
Савр (21 апрел-22 май)
Аз аввали рӯз ба худ бештар аҳамият диҳед, вагарна хавфи бемор шуданатон дар назар аст. Ба саломатиатон аҳамияти ҷиддӣ диҳед, зеро саломатӣ ганҷи бебаҳост. Нимаи дуюми рӯз дар тиҷорататон пешравӣ дида намешавад. Озурдагӣ накунеду даст зери манаҳ карда нанишинед, вагарна аз нони даҳонатон мемонед.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Ин рӯз барои ба даст овардани маблағ каме кӯшишу ғайрат кунеду қарзҳоятонро баргардонед, вагарна дар назди дигарон шуморо паст зада, хоҳиши баргардонидани қарзашонро мекунанд. Рӯи об баромадани дурӯғи ошиқатон дилатонро реш-реш мекунаду фикри ҷудо шуданро мекунед. Саросема нашавед, вагарна худро азоби руҳӣ хоҳед дод. Ин ҳолат боиси бемор шуданатон гардида метавонад, бинобар ин, саломатии худро эҳтиёт намоед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Рӯзи нав худро ором кунеду мушкилиҳои пешомадаро бо оромӣ бартараф созед. Шахсе, ки тӯли чанд вақт мешиносед, дасту дилашро пешкаш мекунад. Агар заррае ҳам ба шумо мақбул бошад, метавонед розӣ шаведу бо дили кушод ба шавҳар бароед. Нимаи дуюми рӯз кӯшиш кунед зиндагии якрангу бемаъниятонро тағйир диҳеду бо кори фоидаовар машғул шавед. Баҳри ободии манзилатон низ камари ҳиммат бандед.
Асад (23 июл-23 август)
Ин рӯз кӯшед, ки роҳбаратонро дар назди дигарон сархаму забонкӯтаҳ насозед. Бинобар ин, сари вақт дар ҷои кор пайдо шаведу забони душманонатонро дароз насозед. Лоиҳаҳои наве, ки тарҳрезӣ кардаед, даромади калон меовранд. Сафарҳои кории зодагони бурҷи асад бобарор анҷом меёбанд. Нимаи дуюми рӯз рашки бемаънии ошиқатон шуморо дилтанг карда, дилатон мехоҳад, ки рақами телефонатонро иваз намуда, худро аз ӯ дур кунед.
Сумбула (24 август-23 сентябр)
Ин рӯз ситораҳо ба сумбулаҳо сабуриро тавсия медиҳанд. Зеро «сабр намоӣ, аз ғӯрра ҳалво мепазад» мегӯянд. Сар задани мушкилоти пулӣ ба ҳолати руҳиятон зарбаи сахт мезанад. Гарданшахиро як тараф гузошта, аз дӯстону наздиконатон кумак пурседу мушкилатонро ҳал намоед, вагарна аҳволатон бад хоҳад шуд.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Ин рӯз истироҳати бештар кунед, вагарна хастагии зиёд боиси хурӯҷ кардани беморӣ мегардаду шуморо азоб хоҳад дод. Тамоми вохӯриҳои кориро ба вақти дигар гузаронед. Беҳуда худро азоб надиҳед, зеро кӯшишҳоятон бебарор анҷом хоҳанд ёфт. Нимаи рӯз дӯстдоштаатон аз серкорӣ ва беаҳамиятии шумо асабӣ шуда, шӯру мағал мебардорад. Кӯшиш кунед, ки бо меҳрубонию навозиш ёратонро ором намоеду вазъияти пешомадаро ба ӯ фаҳмонед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Ин рӯз ҳис мекунед, ки зиндагӣ дар назаратон якрангу торик менамояд. Дар коргоҳатон эҳтиёткору бодиққат бошеду ба роҳбарият гапгардонӣ накунед, зеро хатои хурдакаке метавонад боиси моҷарои калон гардад. Ақрабҳоро ин рӯз бад шудани вазъият саломатияшон асабонӣ карда метавонад. Қисми дуюми рӯз коратон бебарор мешавад, худро ба даст бигиред, бебарорӣ танҳо як рӯз азобатон медиҳад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Рӯз ҳаматарафа бобарор хоҳад шуд. Зеро қарзҳоятонро бармегардонанду тиҷорататон ривоҷ меёбаду даромади калоне ба даст меоред. Охири рӯз эҳтимоли гирифтани вазифаи нав қавсҳои босаводу кордонро ба зиндагӣ дилгарм мекунад. Вале ҳеҷ гоҳ хоксор буданро фаромӯш насозед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дӯсти наздиктаринатон амали номатлуберо баҳратон раво мебинаду як зарра ҳам пушаймон нест. Беҳуда ҷанҷолу моҷаро карда, асабатонро хароб насозеду худро аз ӯ дур кашед ва муносибатро бо ӯ қатъ карда, минбаъд дӯстонатонро санҷида интихоб намоед. Зимни интихоби шарики тиҷоратӣ низ эҳтиёт бошед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Дар ин рӯз ба саросемагӣ роҳ надиҳед, то боиси хандаю истеҳзои атрофиён нагардед. Агар нуқтаи назари ҳамкоронатонро ба назар бигиреду хатоҳои худро бартараф кунед, коратон бобарору даромаднок мешавад. Далвҳое, ки аз танҳоӣ азоб мекашанд, охири рӯз шонси ёфтани бахтро доранд.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Нақшаи навини ин рӯз кашидаатон зиндагиатонро дигаргун карда метавонад. Дар ин рӯз ба эҳсосот дода нашаведу атрофиёнро аз нобарориҳои коратон наранҷонед. Вохӯрии ногаҳоние боиси ба амал омадани ишқи бошукуҳ, пайваст шудани ду дил мешавад. Охири рӯз даромади калони пулӣ табъатонро хушу руҳатонро болида хоҳад кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ