Толеъномаи 22-юми январи соли 2022
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Барои ба анҷом расонидани масъалаҳои муҳим, бастани шартномаҳо, шиносоӣ бо нафарони даркорӣ рӯзи мусоид аст. Агар нафаре аз шумо кумак пурсад, рад накунед ва нисбати заифиву гумроҳии дигарон босабр бошед. Илова бар ин, хеле эҳтиёткор бошед, дар ин рӯз бо сабаби шитобкорӣ ва беэҳтиётӣ хатари рух додани садама ва бардоштани ҷароҳат зиёд аст.
Савр (21 апрел-22 май)
То охири рӯз худро бад ҳис карда, аз бемадориву беқувватӣ кореро ба анҷом расонида наметавонед. Тамоми корҳои худро як тараф гузошта, аз пайи беҳтар сохтани вазъи саломатиятон шавед, вақту қувваи худро беҳуда сарф накунед. Аз пурсидани кумак аз наздиконатон шарм надоред. Дастгирии онҳо шуморо аз ғарқ шудан дар гирдоби мушкилиҳо наҷот медиҳад.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Давоми рӯз бо қувваи ноаёне аз лаҳзаҳои душвортарини ҳаёт берун шуда метавонед. Диққати атрофиёнро ба худ ҷалб насозед ва тавре рафтор намоед, ки касе аз буданатон дарак наёбад. Танҳо бо ҳамин роҳ бурд мекунед. Имкони бад шудани вазъи саломатиятон вуҷуд дорад. Аз нӯшидани обҳои газноку сард худдорӣ намоед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ҷойи кору дар ҳаёти шахсӣ росткору самимӣ бошед. Вақти пинҳонкориву гапҳои нотамом нест. Тавре рафтор намоед, ки нафари ба ҷону дил баробаратон ба муҳаббати шумо шакку шубҳа накунад. Барои пешравии корҳоятон барои худ шарикони боэътимоду таҷрибадорро пайдо намоед.
Асад (23 июл-23 август)
Вазъи саломатиятон нохуб гашта, корҳоятон низ чандон хуб намешаванд. Аз ҷониби дигар, саховатмандиву дилкушодии шумо диққати нафарони аҷибро ба шумо ҷалб месозад. Баъзеҳо ба нафарони ниёзманд на танҳо кумаки моддӣ мекунанд, балки маслиҳатҳои судманд медиҳанд.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Шуморо рӯзи аҷибу пурмаҳсул дар пеш аст. Аз масъулият доштану истифода бурдани шиносҳо ва ба дигарон таъсир расонидан натарсед, он гоҳ муваффақ мегардед. Нимаи аввали рӯз дар байни шумову ҳамкоронатон нофаҳмӣ рух медиҳад. Бегоҳирӯзӣ имкони вайрон шудани асбобҳои техникӣ зиёд аст.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Аксари мизонҳо дар ин рӯз худро нороҳату бесарпаноҳ ҳис мекунанд. Ба мушкилиҳои хурд диққат надиҳед, вагарна бо тарсу шакку шубҳаи нодаркор азият мекашед. Дар ин рӯз ба дӯстон қарз доданро маслиҳат намедиҳем, вагарна кор бо ҷангу ҷанҷол хотима меёбад. Дарди сари пайдошуда бо фишори хунатон вобастагӣ дорад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Нафаре аз миёни дӯстону ҳамкорон ё наздикон дар рафъи мушкилаш аз шумо кумак мепурсад, ҳар коре, ки аз дастатон меояд, дареғ надоред. Хайрхоҳӣ сарвати бебаҳо аст, қадру қимат надорад. Агар шумо оиладор бошед, муносибатҳоятон бо ҳамсафари ҳаётӣ хеле хуб сурат мегиранд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Барои нафароне, ки корашон бо вохӯриву дар назди издиҳом баромад кардан алоқаманд аст, рӯзи хуб аст. Барои хуб нигоҳ доштани вазъи иқтисодӣ бояд заҳмати зиёд кашед. Бегоҳирӯзӣ истироҳат кунеду қуввати худро барқарор созед, вагарна худро ба мисли лимуи ҷабида эҳсос мекунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар масъалаҳои кориву зимни робита бо атрофиён мушкилӣ сар мезанад. Хушбахтона, шумо аз мушкилиҳо намеҳаросед ва омода ҳастед аз пайи рафъ карданашон шавед. Ин хислататон хуб аст, вале дар сари эҳсосот ба ғалат роҳ надиҳед. Ба хотири саломатии худ дар вақту соаташ истироҳат карданро фаромӯш накунед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Дар ин рӯз аз меҳрубониву муносибати хуби аҳли оилаи худ ҳаловат мебаред. Мутаассифона, на ҳамаи ҳодисаҳои рухдода ба фоидаи шумо сурат мегиранд. Дар ин рӯз ба ҳуҷҷатҳои муҳим имзо нагузоред. Аз имкон дур нест, ки бадхоҳону рақибонатон аз пушти шумо иғво меангезанд.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Қариб тамоми рӯз шуморо лозим меояд, ки мушкилиҳои иқтисодиро ҳал кунед. Шояд вақти ба куллӣ тағйир додани вазъият фаро расидааст? Баъзе ҳутҳоро мушкилоти пулӣ ба дари идораи суду судбозиҳо мебарад. Илова бар ин, бо сардори корхонаатон муноқиша карданатон дар назар аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ