Толеъномаи 23 апрел 2018
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Имрӯз беҳтараш бо дӯстонатон моҷаро накунед. Агар то ин замон ба хобу хӯроки худ диққати кофӣ намедодед, вақте расидааст, ки ба реҷаи худ диққати ҷиддӣ диҳед. Бояд саҳархезиро одати ҳамешагии хеш гардонед то аз аввали рӯз худро сабуку бардам ҳис кунед.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Дар ҳолати пеш омадани баъзе мушкилиҳо сабрро пеша намоеду бо ҳамсари ҳаётии хеш моҷаро накунед. Барои ба театру консерт рафтан айёми мусоид фаро мерасад. Муносибат бо дӯсти наздикатон тағйир ёфта рафтори ӯ боиси дилхунукиатон мегардад.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Имрӯз аз саломатиатон зиёд этиёт кунед. Дар як утоқ бо нафарони гирифтори зуком истоданатон хавфнок аст. Барои пешгирӣ намудани бемориҳо аз гиёҳҳои табобатӣ истифода бурда, дорувориҳоро истеъмол накунед. Барои ҳалли масъалаҳои муҳими ҳаётӣ рӯзи мувофиқ аст.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Аз амалҳое, ки боиси зиёд гаштани рашку нобоварии ҳамсаратон мегарад даст кашед.Барои ошти шудан бо онҳое, ки байнатон нофаҳмиҳо буд рӯзи хуб аст. Дарди меъда каме азият медиҳадатон. Ба ваъдаи додаатон вафо карданро фаромӯш накунед.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Имрӯз аз пайи ҳал намудани мушкилиҳои молиявӣ гардед. Агар бо тамоми ҳастӣ аз пайи кор шавед маблағи иловагӣ ҳам ба даст оварда метавонед. Муносибати дӯстдоштаатон нисбат ба шумо тағйир меёбад. Саломатиатон давоми рӯз шуморо ташвиш намедиҳад
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Имрӯз ба суҳбатҳои бегона, ғайбату овозаҳо ҳамроҳ нашавед. Вагарна ҳам худатон гумроҳ мешаведу ҳам атрофиёнро ба иштибоҳ меоред. Барои парҳез кардану бо фитнес машғул шудан рӯзи мусоид аст. Мулоқотҳои ошиқонаро имрӯз беҳтараш ба нақша нагиред.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Барои харид кардан ё тӯҳфа додан рӯзи мувофиқ нест. Аммо ҳама сафаре, ки дар ин рӯз амалӣ мешавад натиҷаи хуб ба бор меоварад. Дар охири рӯз бо нафаре шинос мешавед, ки бо як нигоҳ дилатонро мебарад, аммо бисёр дар олами орзуҳо сайр накунед, зеро ӯ пас аз ба мақсад расидан чеҳраи асосии худро нишон медиҳад.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Имрӯз бо касе шинос шуданро тавсия намедиҳем. Барои меҳмонӣ рафтан ё даъват кардани меҳмонон рӯзи мувафиқ аст. Аз дурии дӯсти наздикатон, ки ҳамеша шуморо хуб дарк мекард ва дастгирӣ менамуд азоб мекашед. Ҷиҳоз ва либосҳои кӯҳнаву нодаркорро дар хонаатон нигоҳ надоред.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Далериву ҷасурии шумо имрӯз нафареро аз дами марг мегардонад. Қаҳрамониатон шуморо азизи дилу дидаҳо мегардонад. Аз оғози кор бо шахсони шубҳанок худдорӣ намоед. Шоми имрӯз метавонед ба дидорбинии азизонатон равед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Барои оромии асабҳо бештар дар танҳоӣ бошед. Аз рафтан ба ҷашну маъракаҳо худдорӣ намоед. Бо наздикони худ меҳрубон бошед ба онҳое, ки аз шумо кумак мепурсанд ҷавоби рад надиҳед. Ба нишонаҳои шамолхӯрӣ беэътиноӣ зоҳир накунед, вагарна табобат тӯл мекашад.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Агар хоҳед, ки аз роҳбар гап нашунавед супоришҳоро сари вақт иҷро кунед. Ягон кори муҳимро ба нақша нагиред. Дар ин рӯз баъзе ҳодисаҳое рух медиҳанд, ки боиси асабонити зиёд шуда метавонанд. Барои пешгирии фишорбаландӣ аз гиёҳҳои табии истифода баред.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Имрӯз баъзе орзуҳоятон ҷомаи амал мепӯшанд. Аксари мушкилиҳо худ ба худ рафъ мегарданд. Барои беҳтар сохтани муносибат бо ҳамсар рӯзи мувоффиқ аст. Азизи дилатонро ба тарабхона баред, гул тӯҳфа кунед . Охирон маротиба кай ба ӯ туҳфа кардан ва изҳори дӯстдорӣ намуданатонро ёд доред.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ