Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз қобилиятҳои эҷодиятон зиёд мегардад. Айёми хубест барои амалӣ сохтани тамоми нақшаву ниятҳо. Вақти холии худро беҳтараш бо шахси дӯстдошта дар театр, кино ё консерт гузаронед. Агар оиладору соҳиби фарзанд бошед, вақти асосии худро ба тарбияи фарзандон бубахшед. Айни замон кӯшишу талошҳоятон дар ин ҷода бесамар нахоҳанд буд. Охири рӯз нафаре ба хабаргириятон омада, табъатонро хеле болида месозад.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Дар ин рӯз табъатон болидаву доираи дӯстонатон васеъ мегардад. Вохӯриҳои зиёд, шиносоиву сафарҳо имкон дорад. Аз вазъиятҳои душвортарину пурпечутоб баромада тавонистанатонро дида, дӯстон дар ҳалли мушкилашон аз шумо дастгириву мадад мепурсанд. Дар рафъи муноқишаву нофаҳмиҳо нақши миёнаравро мебозед. Нафарони зиёде бо камоли майл бо шумо дар робита шуда, маълумоти даркориро пешниҳод менамоянд. Айёми хубест барои илмомӯзӣ ва баланд бардоштани сатҳи саводнокӣ.
Дар ин рӯзвазъи молиявиатонро нисбатан беҳтар месозед. Маҳз бо шарофати кордонӣ аксари мушкилатон рафъ мегардад. Ба зудиву сари вақт роҳҳои ҳалли корро пайдо мекунед. Бо шарофати корчаллонӣ маблағи хуб ҳам ба даст меоред. Инчунин барои рафъ намудани мушкилиҳои муҳими молиявӣ рӯзи бобарораст. Хариди чизҳои даркорӣ низ бобарор анҷом меёбанд.Нимаи дувуми рӯз аз шиносоиҳои тасодуфӣ худдорӣ намоед.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Имрӯз табъатон хеле болида мегардад. Нимаи дувуми рӯз барои вохӯрии ошиқона беҳтарин аст. Тахаюлоти бойи худро истифода бурда, барои нафароне, ки дӯст медоред, лаҳзаҳои хотирмон фароҳам оваред. Сафар ба роҳи дур хотирмон анҷом меёбад. Аз хариди калон худдорӣ намоед, дар сарф кардани пул саросема нашавед. Беморие, ки охири рӯз пайдо мешавад, танҳо бо кӯмаку машварати табибон рафъ мегардад.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Ин рӯзро ба фоида худ гузаронед, мушкилиҳои равониро рафъ созед. Нимаи дувуми рӯз сири оилавӣ ё баъзе ҳодисаҳои зиндагонии хешовандонатон фош мегардад. Қобилиятҳои пешгӯӣ карда тавонистанатон зиёд гашта, хобҳои дидаатон амалӣ мешаванд. Нисбати кирдори дӯстдоштаатон ботаҳаммул бошед, баъди чанд рӯз хатояшро фаҳмида ислоҳ мешавад.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Дар ин рӯз ба бисёр чизҳо муваффақ мегардед. Вақте расидааст, ки тамоми қувваи худро барои ба мақсад расидан равона созед. Мақсадноку босубот амал намоед ва муваффақият ҳатман ҳамсафари шумо мегардад. Бароятон вазифаи беҳтареро пешкаш менамоянд. Инчунин бо нафари воломақоме шинос мешавед, ки дар рафъи баъзе мушкилиҳо кӯмак мерасонанд. Хариди калонро ба рӯзи дигар гузоред. Якҷоя бо шахси дӯстдоштаатон ба ҷашну маъракаҳо рафтанро маслиҳат намедиҳем.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Дар ин рӯз обрӯву нуфузи худро дар назди атрофиён баланд бардошта метавонед. Бо шарофати ақлу заковати беандоза қадрдонӣ мегардед. Вазъият тавре сурат мегирад, ки ба пурсишҳои атрофиён посух гуфтанатон лозим меояд. Рӯз барои рафъи масъалаҳои вобаста ба илмомӯзӣ ва ҳуқуқшиносӣ мусоид аст. Бо нафароне шинос мешавед, ки дар зиндагиятон нақши худро мегузоранд. Барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ шомгоҳон хӯроки равғанин истеъмол накунед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Дар ин рӯз нақши равоншиносро бозида метавонед. Агар то ба имрӯз сабабҳои рафтори баъзеҳоро фаҳмида наметавонистед, имрӯз парда аз рӯйи асрор боз мекунед. Аз имрӯз сар када, барои рафъ намудани ҳар он чизе, ки садди роҳи пешравиятон мегардад, кӯшиш намоед. Масалан, субҳгоҳон машқи бадан карда, ба тозагии бадан диққати бештар ҷудо кунед. Дар хонаатон вайрон шудани асбобҳои техникӣ ё мошин имкон дорад. Хабаре, ки нимаи дувуми рӯз мешунваед, нақшаҳоятонро тағйир медиҳад. Рӯзҳои истироҳат аз сафарҳои роҳи дур худдорӣ намоед.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Муносибатҳои заношавҳарӣ ва кориятон хеле хуб ҷараён мегирад. Беҳтараш ташаббус нишон надода, бештар ба шарикони корӣ такя намоед. Ба ақидаи дигарон гӯш карда тавонистанро омӯзед, ташаббусҳояшонро дастгирӣ намоед. Ба корҳои дигарон бинӣ нахалонед, он гоҳ корҳоятон хуб ҷорӣ мегарданд. Имрӯз бо шахсони гуногун дар робита мешавед. Ин муошират хеле аҷибу хотирмон мегардад. нимаи дувуми рӯз аз амалҳои хатарнок худдорӣ намоед, ҳангоми кор бо асбобҳои техникӣ ҳушёриро пеша намоед, хатари ҷароҳат бардоштанатон дар зиёд аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ