Толеъномаи 23 июн 2018

     Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Рӯз каме серташвиш аст,ташаббусҳоятон дучори монеаҳои ҷиддӣ мегарданд. Ҳамсафари ҳаётӣ дар пешравиҳоятон монеа эҷод мекунад. Агар дар муносибатҳои оилавии шумо кайҳо боз нофаҳмӣ пайдо шуда бошад, дар ин рӯз ба моҷарои калон мепечад. Ба ҳамдигарфаҳмӣ расиданатон душвор мегардад, зеро ҳарду тараф ҳам ба далелҳои якдигар гӯш додан намехоҳанд.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Аввали ҳафта аксарияти саврҳо бо сабаби пеш омадани монеаҳо озодона рафтор карда наметавонанд. Хусусан нафароне, ки бемориҳои музмин доранд, аз хона баромада наметавонанд. Имрӯз аз эътироз кардан худдорӣ намоед, вагарна вазъиятатон душвортар мегардад. Эҳтимол ба кӯмаки наздикон ниёз пайдо мекунед ё аз шумо кӯмак мепурсанд. Қобилиятҳои пешгӯӣ кардани ҳодисаҳоро пайдо мекунед.  Мулоқоти ошиқонаи пинҳонӣ бобарор мегузарад.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Аввали рӯз намедонед вақти худро бо дӯстон гузаронед ё бо дӯстдоштаатон. Дар ин бора байнатон муноқиша бархоста асабатон хароб мегардад. Эҳтимол дӯстони пешинаро вомехӯред ё хабареро мешунавед, ки шуморо дар ҳоли ногувор мегузорад. Ҷавзоҳои оиладор бо сабаби нохуб гаштани саломатии фарзандони худ серташвиш мегарданд.  Бо сабаби норасоии намаки калсий ва магний бемор шудани дандонҳо ва дигар иллатҳо имкон дорад.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Кӯшишу талошҳоятон баҳри беҳтар сохтани вазъи зиндагӣ хуб аст, вале наздикон аз беаҳамиятии шумо дилгир мешаванд. Дар ин рӯз дӯстону ҳамфикрони зиёд пайдо мекунед. Агар нафаре аз шумо кӯмак пурсад, рад накунед. Бемориҳои ҷигар хурӯҷ намуда, имкони ҷароҳат ёфтанатон вуҷуд дорад. Дар хӯрдани хӯрок ва корҳои вазнини ҷисмонӣ андозаро нигоҳ дошта, аз бемориҳои номбаршуда халосӣ меёбед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Аввали рӯз муносибататон бо хешовандон, ҳамсояву шиносон душвор мегардад. Ҳама гуна робита бо атрофиён бо муноқиша анҷом меёбад. Нимаи дувуми рӯз хоҳиши ишқварзӣ карданатон  зиёд мегардад.  Дар ҳолатҳои ҳаяҷоновар эҳтиёткориро аз даст надиҳед, вагарна ҷароҳат мехӯред. Масъалаҳои марбут ба тақсими мерос ва баргардонидани қарз ба фоидаи шумо ҳал мегардад.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Дар ин рӯз мушкилиҳои молиявӣ сар мезананд. Саломатии худро зери хатар нагузоред, эҳтимоли ҷароҳат бардоштанатон хеле зиёд аст. Рӯз инчунин барои бастани ақди никоҳ, тӯйи арӯсӣ, саёҳати тӯёна ва шиносоии ошиқона мусоид аст. Ҳар қадаре дар ин рӯз самимиву ошкоро бошед, ҳамон андоза корҳоятон барор мегирад. Бемориҳои гурда, гинекологӣ ва урологӣ имкон доранд.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Мушкили асосии шумо муносибатҳои заношавҳарӣ мегардад.  Ба хоҳишу иддаои ҳамсари худ гӯш андозед, бо вуҷуди бемулоҳиза будани гапҳояшон сабру таҳаммулро пеша намоед. Дар ин давра аз муноқиша худдорӣ намоед, хусусан нимаи дувуми рӯз ба моҷаро роҳ надиҳед. Қарз додану қарз гирифтан дар ин рӯз мусоид аст. Барои вохӯриҳо, хусусан вохӯрии ошиқона рӯзи созгор аст. Ин шом шахси дӯстдоштаатон шуморо ба ҳайрат меорад.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Дар давоми рӯз корҳои ҳаррӯза ва вазъи саломатиятон боиси ташвишу нороҳатӣ мегардад. Корҳои зиёди ҷисмониро анҷом надиҳед, вагарна  саломатиятон нохуб мегардад. Бенизомӣ дар кору хона боиси асабоният гардад ҳам, имкони ҷорӣ кардани тартиботро пайдо намекунед. Агар шумо муҷаррад бошед, аз маъракаву ҷашнҳо рӯ нагардонед. Барои ошиқ шудану бахти худро пайдо кардан рӯзи мусоид фаро расидаст. Ҳангоми муноқишаҳо ҷароҳат бардоштанатон имкон дорад.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Рафтори бемулоҳиза ба муносибатҳои ошиқонаатон бетаъсир намемонад. Хоҳиши боисрори шуморо дӯстдоштаатон ҳамчун фишори дағалонаву густохона қабул мекунад. Худро ба даст гиред, вагарна муноқишае рух дода, аз ҳам ҷудо мешавед. Хастагии аз ҳад зиёд боиси он мегардад, ки корҳоятон барор намегиранд. Охири рӯз яке аз наздикон бо рафтораш шуморо меранҷонад.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар оилаи аксари ҷаддиҳое, ки то ин дам оромиву нишот набуд, вазъият душвортар мегардад. Хусусан имрӯз мухолифат ба зиддияти ошкоро мубаддал мегардад. Тавсияи беҳтарин дар ин рӯзҳо ҳамин аст, ки аз муноқишаҳои оилавӣ дурӣ ҷуста фикри худро ба ягон кори дигар банд созед. Ҷаддиҳои муҷаррад дар ин рӯз дар нақлиёт ё қаҳвахона бахти худро пайдо карда метавонанд. Сарфи маблағатон дар ин рӯз зиёд мегардад.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Дар ин рӯз робитаатон бо одамон душвор мегардад. Ростгӯӣ ва боисрории шуморо атрофиён ҳамчун дағалӣ ва густохӣ қабул мекунанд. Ба вазъият нигоҳ карда боуҳдабаро ва ботаҳаммул бошед.  Аз сафару шиносии нав худдорӣ намоед. Нимаи дувуми рӯз вазъи молиявиатон беҳтар ва дар оилаатон беҳбудӣ дида мешавад. Барои беҳ сохтани вазъи саломатӣ хӯрокеро истеъмол намоед, ки аз витамину микроэлементҳо иборат аст ва ҳолати руҳиятон устувор бошад.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Дар ин рӯзаз сарфи зиёди маблағ худдорӣ намоед. Мушкилиҳои молиявӣ дар ҷойи аввал қарор гирифта, тамоми вақтатонро фаро мегирад.  Мутаассифона ҳар қадаре, ки қуввату маблағи худро зиёд сарф кунед, ҳамон андоза корҳоятон чигил мешаванд. Барои он ки мушкилатон осонтар шавад, ниёзҳои худро кам кунед. Пас аз нисфирӯзӣ аз дӯстону ҳамсояҳо хабари хуш мешунавед. Барои ҳалли мушкили дигарон аз таҳти дил заҳмат мекашеду вақти зиёд сарф мекунед ва аз рафтори худ ҳаловат мебардоред.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *