толенома

Толеъномаи 23-юми августи соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

ҳамал

Шуморо лозим аст, ки муносибатҳои худро бо шарикони корӣ ба дараҷаи олӣ ба роҳ монед. Забон ёфтан бо ҳамкорон боиси ривоҷ ёфтани кор ва ба даст овардани даромади хуб мегардад. Ба эродҳои роҳбар бе хафагӣ гӯш андозеду камбудиҳоятонро бартараф кунед, то кафшатонро пеши поятон нагузоранд.

Савр (21 апрел22 май)

савр

Корҳои нотамоме, ки тӯли чанд моҳ ҷамъ шуда буданд, ба анҷом хоҳанд расид. Барои вохӯриҳои корӣ рӯзи чандон мувофиқ нест, агар ин вохӯриро ба рӯзи дигар мегузоштед, беҳтар мебуд. Барои гапҳои беҳуда вақт сарф накунед. Нимаи дувуми рӯз бо нафаре, ки дӯсташ медоред, бо гуноҳи шумо каме муноқиша сар мезанад.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

ҷавзо

Имрӯз рӯйи об баромадани дурӯғи ошиқатон дилатонро реш-реш мекунад. Ҳолати руҳиятон боиси беморӣ гашта метавонад, бинобар ин, саломатии худро эҳтиёт намоед. Нимаи дувуми рӯз шиносоии аҷибе ҷавзоҳои муҷаррадро дар назар аст. Агар риштаи дўстиро қавитар намоед, дари бахтатон кушода мешавад.

Саратон (22 июн-22 июл)

саратон

Имрӯз ҳар кореро оғоз кунед, бе ягон мушкилӣ анҷом меёбад. Кӯшиш намоед, ки корҳои муҳиматонро то нимаи дувуми рӯз ҳал кунед. Муваффақ мешавед, агар танбалӣ накунед. Нимаи дувуми рӯз эҳтимоли бемор шуданатон вуҷуд дорад. Асабҳоятонро эҳтиёт кунед, чунки сарчашмаи касалиҳоятон аз асаб аст.

Асад (23 июл23 август)

асад

Фикри таъмир ва сохтмон ба саратон меояд, вале беҳуда нагуфтаанд, ки «поятро баробари кӯрпаат дароз кун, то сармо назанад». Пеш аз он, ки усто даъват мекунед, кисаҳоятонро тагурӯ карда бинед, ки пулатон мерасад ё не. Вазъи иқтисодиатонро ба назар гирифта кор кунед, вагарна ба қарз ғӯтиданатон аз эҳтимол дур нест. Эҳтиёткорӣ дар ҳама самтҳои зиндагӣ барои зодагони бурҷи асад зарур аст.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

сумбула

Имрӯз ҳар кореро оғоз намоед, зуд анҷом меёбад. Умуман худро тавоно ҳис мекунед. Нимаи аввали рӯз барои вохӯриҳо ва ҳар гуна сафарҳои корӣ хуб аст. Аммо ба даст овардани моҳии тилло аз сумбулаҳо маҳорат мехоҳад. Кӯшиш кунед, ки ғуруру ҳавобаландиятонро як тараф гузошта, пурдонии худро бо коратон исбот намоед. Фаромӯш накунед, ки фақат дар сурати дар амал исбот намудани кордониатон даромади калонро соҳиб мешавед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

мизон

Шуморо зарур аст, ки муносибат ва рафтору кирдоратонро дар тарозуи ақл баркашед, чунки як сухани дағал метавонад моҷарои калонеро бархезонад. Ботамкин бошед, “санги вазнинро об намебарад” гуфтаанд. Барои зарбаи ҷавобӣ баъдтар фурсат меёбед, вале алҳол тундӣ танҳо бар зарари кор хоҳад гашт.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

ақраб

Вазифае, ки пеш иҷро мекардед, шояд насиби нафари дигар шавад. Озурда набошед, шумо аз чунин тағйирот бурд мекунед. Нимаи дуюми рӯз даромади калони пулӣ имконияти харидани чизи кайҳо орзу кардаатонро медиҳад. Агар маблағ камӣ кунад, зиёд фикр накарда, қарз бигиред. Ташвиш накашед, қарзро бо осонӣ баргардонида метавонед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

қавс

Имрӯз ба саратон фикрҳои аҷиб меояд, вале барои амалӣ намудани онҳо маблағи зиёд лозим аст. Саросема нашуда, аввалан ба роҳбаратон пешкаш кунед, шояд дастгирӣ кунад. Баъзеҳо аз бемории шахси наздик асабӣ мешаванд, беҳтараш худро ором кунеду ба ҳассосият дода нашавед. Воҳима накарда, роҳҳои табобати бемориро ҷӯед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

ҷаддӣ

Дар ин рӯз дар коргоҳатон ба амрҳои роҳбарият гӯш андозед. Бо ҳамкоронатон меҳрубон бошеду бадгуфторӣ накунед. Сифатҳои хуби инсониро фаромӯш насозед. Охири рӯз бо пайдо шудани сарчашмаи нави даромад имконияти баргардонидани қарзҳоятон пайдо мешавад. Мулоқоти ошиқонаро ба таъхир гузоред.

Далв (21 январ-20 феврал)

далв

Нақшаҳое, ки кайҳо тарҳрезӣ карда будед, барбод мераванд. Озурда нашаведу худро азоб надиҳед. Минбаъд ҳар кореро, ки карданӣ мешавед, бе маслиҳат оғоз накунед, то дучори нокомӣ нагардед. Нимаи дуюми рӯз барои вохӯриҳои корӣ хеле бобарор аст. Фурсатро аз даст надиҳед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

ҳут

Дар коргоҳатон аз тарафи роҳбарият бо мукофотпулӣ меҳнатҳои содиқонаатон қадр карда мешавад. Душманонатон аз рашку ҳасад сӯхта, дар сари роҳатон чоҳ кофтанӣ мешаванд, эҳтиёт бошед, то бо иғвогариҳояшон шуморо сиёҳ накунанд. Нимаи дуюми рӯз сафари дур дар назар аст. Нафароне, ки мошин меронанд, бояд дар роҳ эҳтиёткор бошанд, зеро хавфи сар задани садама вуҷуд дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *