толеънома

Толеъномаи 23-юми декабри соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Аз шахси наздикатон сахт меранҷед. Барои решакан намудани дарахти ишқу умед саросема нашавед, зеро ҳамагӣ пас аз чанд рӯз шунидани хабари хуш аз ёри ранҷида зиндагиятонро ширин месозад. Душманон аз барори коратон ба ғазаб омада, дар сари роҳатон чоҳ мекобанд. Ҳушёр бошед, нагузоред, ки шуморо туҳмат кунанд.

Савр (21 апрел-22 май)

Имрӯз шуморо хабарҳои хуш интизоранд. Омадани ёри раҳдур шодатон месозад. Хурсандиятон бе ҳадду канор ҳоҳад гашт. Дар ҷодаи кор баъзе мушкилиҳо пеш меоянд. Дар атрофи номи шумо бадхоҳонатон ҳар гуна гапу гапчаҳо паҳн мекунанд. Барои худро сафед кардан назди дӯсту душман давида, бечоранолӣ накунед, зеро ин амалатон ба рӯйи оташи сӯзон бензин рехтанро мемонад.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Ин рӯз бо тамоми қувва ба пеш ҳаракат хоҳед намуд. Охири рӯз ҷавзоҳои дилдодаро сюрприз интизор аст — ошиқатон бо туҳфаи хурдакаке хурсандатон месозаду таклифи хонадоршавӣ мекунад. Албатта, ин лаҳзаро кайҳо интизор будед, вале ба ҳар ҳол, бояд бо роҳе ӯро имтиҳон кунед, ки оё шоҳзодаи орзуҳоятон ба ғаму шодиятон шарик аст ё танҳо ба дороию доноиятон дил бастааст.

Саратон (22 июн-22 июл)

Ин рӯз барои зодагони бурҷи саратон душвориҳоро пеш меорад, аз ин рӯ, тамоми қувваатонро ҷамъ намуда, ба ҳар нокомӣ омода бошед. Нимаи дуюми рӯз барои ҷустуҷӯйи манбаи даромад кӯшиш кунед, вагарна ҳолати молиявиятон вазнин мегардаду ба пул муҳтоҷ мешавед.

Асад (23 июл-23 август)

Имрӯз ситораҳо ба намояндагони ин бурҷ тавсия медиҳанд, ки гузаштаи талхро фаромӯш намуда, фикри ободӣ ва ояндаашонро кунанд. Нимаи дуюми рӯз омадани меҳмонҳои олиқадрро интизор бошед. Меҳмоннавозӣ ва кордонию одамгариатонро исбот намоед, чунки ояндаатон аз ин одамон сахт вобастагӣ дорад.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

Имрӯз мушкилиҳои зиёде дар коргоҳ пеш меоянд, вале набояд дилмонда шуд. Агар ҳис кунед, ки дар танҳоӣ аз уҳдаи ҳалли проблема намебароед, бе дудилагӣ метавонед дӯстонатонро ба ёрӣ даъват намоед. Барои сумбулаҳои ошиқ рӯз ниҳоят душвор аст. Эҳтимол дурӯягӣ ва бевафоии дӯстдоштаатон ошкор гардад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз ҳамкоронатон дар ҳар коратон камбудӣ меҷӯянду шуморо дар назди роҳбар сиёҳ карданӣ мешаванд. Бояд эҳтиёткору бодиққат бошед, бахусус ҳангоми кор бо ҳуҷҷатҳо. Агар ба хатоӣ роҳ диҳед, бекор монданатон дар назар аст, бинобар ин, худро батамом ба кор бахшед. Нимаи дуюми рӯз ба ҳаёти шахсиятон одамони бадхоҳу иғвоангез бинӣ мехалонанд.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Аввали рӯз барои зодагони бурҷи ақраб душвориҳоро пеш меорад. Дар ҷодаи ишқ ҳамдигарфаҳмию оромӣ ҳукмфармо хоҳад буд. Охири рӯз вазъи саломатиятон якбора ноҷур мешавад. Беаҳамиятӣ накунед, барои он, ки ҳолатон табоҳ нашавад, фавран аз ташхис гузареду бо табобат ҷиддӣ машғул шавед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Айёми хуб барои обод намудани зиндагии шахсиятон фаро мерасад. Дари бахт ба рӯятон кушода мешавад, агар аз осмон ситора нахоҳед ё шоҳзодаро наҷӯед. Нимаи дуюми рӯз дар коргоҳатон ба ғайбат ҳамроҳ нашавед. Кӯшиш кунед, ки ба доми иғвогарон наафтед, вагарна ба бало гирифтор мешавед. Айби худро дар охир ба гарданатон бор карда метавонанд. Охири рӯз мушкилие пеш меояд, ки ду роҳи ҳал дорад, амиқ фикр кунед, то ба хатоӣ роҳ надиҳед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Ин рӯз корҳоятон чунон зиёд мешавад, ки хоҳиши якбора анҷом доданашон ороматон намегузорад. Мисли холаи ҳамакора якбора ба даҳ кор даст назанеду тамоми мушкилиҳоро ба гардани худ нагиред. Охири рӯз дар оилаатон нофаҳмӣ ва ҷангу ҷанҷол сар мезанад. Ботамкин бошед, то хонавайрон нашавед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Имрӯз бояд ақлу заковататонро ба кор бареду эҳтиёт бошед, то ба доми дар сари роҳатон кандаи душманону бадхоҳонатон наафтед. Вазъи молиявиятон каме бад мешаваду доду воятон ба осмон мехезад. Аз бепулӣ безор шуда, ба ҳар гуна бозиҳои шубҳаангези даромаднок дода нашавед, ки оқибати хуб надорад. Беҳтараш аз меҳнати ҳалол даромад ҷӯед, то сари беҷанҷолатонро барои чор танга пул дар ҷанҷол намонед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Имрӯз тамоми меҳнатҳоятон бо маблағи пулии калон қадрдонӣ карда мешаваду гирифтани вазифаи нав насибатон мегардад. Рашку ҳасади ҳамкоронатон метавонад ба саратон бало орад, аз ин рӯ, ҳамеша эҳтиёт бошед. Ба ғайбату бадгӯиҳояшон нисбати роҳбарон ҳамроҳ нашавед. Ҳутҳои муҷаррад эҳтимол нимаи дуюми рӯз ба меҳмонӣ даъват шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *