толеънома

Толеъномаи 23-юми январи соли 2024

Ҳамал

ҳамал

Дар ин рӯз ба сафари роҳи дур рафтанро маслиҳат намедиҳем, вагарна дар роҳ ба ҳодисаи нохуш гирифтор шуданатон имкон дорад. Дар ҷойи сокиту ором бо нафарони бароятон дилкаш суҳбат кунед ё бо кори зеҳнӣ машғул шавед. Аз нафароне, ки нисбаташон боварӣ надоред, худро канор гиред. Ба садои қабл гӯш андохта, дӯстро аз душман фарқ карда метавонед.

Савр

савр

Дар ин рӯз барои нафаре чоҳ наканед, вагарна худатон ба чоҳи кандаатон фурӯ меравед. Нисбати ҳамкороне, ки баробари шумо таҷрибаву собиқаи корӣ надоранд, хурдагирӣ накунед. Бегоҳирӯзӣ бо нафаре вомехӯред, ки чандин моҳ дар ҳасрати дидори шумо буд.

Ҷавзо

ҷавзо

Дар ҷойи кор ба вазъияти ногуворе гирифтор мешавед. Ҳамкорон шуморо дар бепарвоиву  бемасъулиятӣ гунаҳкор месозанд, ба танқид омода бошед. Ҳангоми робита бо дӯстон сарварӣ накунед. Бо нафароне, ки солиёни зиёд риштаи мустаҳками дӯстӣ доштед, самимӣ бошед.

Саратон

саратон

Дар ин рӯз ба вазъи саломатии худ бодиққат бошед. Агар дарде нороҳататон месохта бошад, ба табиб муроҷиат кунед, бо худтабобаткунӣ машғул нашавед. Тарки одатҳои бад намуда, аз хӯрдани ғизоҳои равғанин, хамирӣ ва шӯр худдорӣ намоед. Бегоҳирӯзӣ лаҳзаҳои хуши ошиқонаро интизор бошед.

Асад

асад

Дар ин рӯз аввалан мушкилиҳои худро ҳал кунеду баъдан аз пайи анҷом додани корҳои дигарон шавед. Вагарна бо рақибони худ як ба як монда, вақти пурқимати худро бо баҳсҳои бемаънӣ мегузаронед. Вохӯрии хотирмон ба муҳаббати бузург мубаддал мегардад.

Асад

асад

Дар ин рӯз дар гуфтору рафтор андозаро нигоҳ доред. Ба хабаргирии хеши беморатон меравед. Ба бемориҳои музмине, ки ҳар сол дар ҳамин вақт хуруҷ мекунанд, бодиққат бошед. Сари вақт ба табиб муроҷиат карда, оқибатҳои нохуши бемориро  пешгирӣ мекунед.

Мизон

мизон

Ҳодисаҳое, ки дар ҳаётатон рух медиҳанд, ба дил наздик қабул накунед. Корҳоятон хуб мешаванд, ба шарте ки руҳафтода нашуда, ба умеди кӯмаки бегонаҳо нашавед. Барои беҳтар сохтани вазъияти молиявӣ манбаи нави даромад ҷустанатон лозим меояд. Аз маслиҳатҳои шахси наздикатон рӯ нагардонед.

Ақраб

ақраб

Дар ин рӯз дар бораи худ ва дӯстдоштаатон овозаҳои зиёдеро мешунавед. Агар оқилаву дурандеш бошед, ба ғайбатҳо бовар накунед. Ақрабҳои коргар бо супориши роҳбарият ба сафари хидматӣ мебароянд. Дар сафар бисёр чизҳоро андеша намуда, дар тарозуи ақли худ баркашида метавонед.

Қавс

қавс

Аз субҳи содиқ қавс бояд нақшаи корӣ ва истироҳатро тартиб диҳад, то ки ниятҳояшро амалӣ карда тавонад. Табъи нохуши худро пинҳон доред, вагарна ба гирдоби яъсу ноумедӣ гирифтор мегардед. Вохӯрии аҷиб фикру ақидаҳоятонро ба бисёр чизҳо тағйир медиҳад. Дар лоиҳаҳои эҷодӣ ба тахаюлоти худ бовар кунед.

Ҷаддӣ

ҷаддӣ

Дар ин рӯз барои харидани либоси нав ва ба кошонаи ҳусн рафтанатон хуб аст. Пешниҳоди нави корӣ имкон дорад, саросема нашавед, нағзакак фикр кунед. Барои сари қарори тақдирсоз омадан бароятон ду рӯз кифоя аст. Бегоҳирӯзӣ ба хонаатон меҳмон меояд.

Далв

далв

Маслиҳати дӯсти наздикатонро бо назари танқид қабул накунед. Андешаи он ки дӯстатон ба зиндагии шумо бинӣ мехалонад, комилан ғалат аст.  Дӯсти зиндагидидаатон сидқан ба шумо кӯмак кардан мехоҳад. Агар дар масъалаи фурӯши тиҷорати шахсӣ ба ҳуқуқшинос муроҷиат кунед, зудтар ба мақсад мерасед.

Ҳут

ҳут

Дар ин рӯз ҳутҳоро ба ғалат кардану рафтори нодуруст водор месозанд. Ба ғалат роҳ надиҳед, вале чунин нафаронро бе танбеҳ намонед. Аз ҷониби нафари бароятон ҷолиб таърифу тавсифи зиёд мешунавед. Бегоҳирӯзӣ барои рафтан ба меҳмонӣ ва маърака оростан хуб аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *