Толеъномаи 24 апрел 2018

 

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Имрӯз  бо нафаре шинос шуда, аз дӯстӣ бо ӯ манфиатҳои зиёд мебинед. Дар маҳфилҳои дӯстон ширкат карданро  тавсия намедиҳем. Нимаи дувуми рӯз орзуи деринаатон ҷомаи амал мепӯшад. Аз сафари роҳи дур тавасути таёра худдорӣ намоед.  Саломатиатон давоми рӯз хуб аст.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Аз паси овозаҳои беҳуда нашавед ва ҳама фикру зикратонртонро ба кор равона кунед. Агар ба гапи атрофиён нарафта  лоиҳаи оғознамудаатонро пеш баред натиҷаи хуб ба даст меоред. Вақти он расидааст, ки ба азизи дилатон аз ишқи пинҳониатон сухан кунед, вагарна дер мешавад.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Аз тӯҳмати наздикон рӯҳафтода мешавед. Вале барои исботи ноҳаққи суханонашон бояд гӯшанишинӣ накарда ҳаракат намуда бегуноҳиатонро исбот кунед. Нимаи дуюми рӯз вазъият ранги дигар мегирад. Азизи дилатон шуморо бо хабаре хуш хоҳад кард. Барои рафъи асабоният бештар дар ҳавои тоза сайру гашт намоед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Ҳарчанд мушкиливу ташвишҳои зиёди рӯзгор ҳолати рӯҳиатонро заиф кардаву аз нобарориҳои пай дар пай хаста шудаед. Нотарсона аз пайи корҳои нав шавед, ҳатман коратон барор мегирад.  қарздоратон қарзашро бармегардонад. Ааз истеъмоли нӯшокиҳои хунук ва сайру гашт дар ҳавои боронӣ худдорӣ намоед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Шумо бо ҳамсари ҳаётиатон бисёр муноқиша мекунед сабаби асосиаш дар он аст, ки якдигарро шунидану фаҳмидан наметонед.  Барои аз вайроншавии оила пешгирӣ намудан бояд аз машварати калонсолон истифода баред. Рӯз барои нафароне, ки нияти сафари роҳи дурро доранд, созгор меояд. Аз он чизе, ки доред  ба ниёзмандон хайр кунед. Чуноне мегӯянд “Садақа рафъи бало”.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Сунбулаҳои муҷаррад бо нафаре ба мулоқоти ошиқона мераванд, ки дӯсташ намедоранд. Агар ҳис кунед, ки барои оиладорӣ омодаед пас фурсатро аз даст надода пешниҳоди издивоҷ кунед. Дар коргоҳ ягон навгоние дар назар нест. Барои оне, ки пайкаратон зебову солим гардад ба варзиш машғул шавед, аз хӯрокҳои парҳезӣ истеъмол намоед ва аз машрубот ба пуррагӣ даст кашед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Имрӯз муносибатҳоятон бо ҳамсафари ҳаётӣ беҳтар мегардад. Охири рӯз ба маъракаи дӯстатон даъват мешавед ӯро ҳамроҳ баред. Зиёд дар мавриди пулдориатон лоф назанед, зеро ба хотири худнамоӣ ба харҷи калону беҳуда маҷбур мешавед. Истеъмоли аз меъёр зиёди хӯрок дар шабнишинии дӯстон боиси бад гаштани кори системаи ҳозимаатон мегардад.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Рӯз барои барқарор намудани муносибатҳои хешутаборӣ мувоффиқ аст. Нимаи аввали рӯз диққати асосии худро ба корҳои оилавию рӯзгор равона созед.  Нисбат ба саломатии хеш бепарво набошед. Аз дарди миён бе ҷарроҳӣ раҳо ёфтан хоҳед бояд сари вақт ба духтар муроҷиат намоед то бемориатон куҳна нагардад. Охири рӯз хабари ғайри оддие мешунавед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Бадхоҳон аз пешравиҳои шумо ҳасад бурда кӯшиш мекунанд, ки ба коратон халал расонанд. Бинобар ин бе ҳузури адвокат ба ягон намуд ҳуҷҷатҳо имзо нагузоред. Дӯстдоштаатон бо дӯсти наздикатон ба шумо хиёнат мекунад. Аз ин зиёд рӯҳафтода нашавед, баръакс бояд хуш бошед, ки онҳо чеҳраи асосии худро намуданд. Тасаввур кунед агар ин кор пас аз соҳиби оилаву фарзанд шуданатон сурат мегирифт чӣ мешуд.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Бояд компютери нав харед ё лоақал барои кор бо компютер айнаки махсус харидорӣ намоед. Вагарна чашмонатон зиёд осеб мебинанд. Пулро сарфакорона истифода баред, зеро рӯзҳои наздик ба пул сахт эҳтиёҷ пайдо мекунед. Нимаи дуюми рӯз дар оилаатон воқеаи хуше рух медиҳад. Хабари хуш мешунавед ё хариди бобарор мекунед. Шом барои муносибатҳои маҳрамона ва мулоқотҳои ошиқона созгор аст.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Барои ивази ранги мӯй ва тарзи либоспӯшӣ фурсати қулай аст. Дар ин сурат бовариатон ба худ зиёд гашта сафи ҳаводоронатон низ дучанд мешавад. Ғами дигаронро хӯрдану кӯмак расонидан хуб аст, вале боре дар бораи камбудиҳои худ низ андеша намоед. Бояд нисбат ба саломатии хеш беэътиборӣ зоҳир накунед.  Охири рӯз даромади пулӣ дар назар аст. Қарз доданро тавсия намедиҳем.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Нимаи  аввали рӯз бояд эҳтиёткор бошед, зеро хавфи гум кардани ҳамён ё ҷавоҳирот вуҷуд дорад.  Вақте расидааст, ки ба танқиди наздикон гӯш дода, рафтору гуфтори худро ислоҳ намоед.  Бояд бештар истироҳат кунед ва корҳое, ки ба саломатиатон вазнинӣ меоваранд ба  дӯш нагиред.  Охири рӯз рафтори яке аз дӯстони наздик шуморо бисёр хашмгин месозад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *