Толеъномаи 24 май 2017

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Ягон кори ҷиддиро ба нақша нагиред. Вақте расидааст, ки каме истироҳат кунед. Агар чунин имкониятро надошта бошед, танҳо корҳои муҳимро иҷро карданатон кифоя аст. Мардҳо бояд танҳо нафарони арзандаро дар атрофи худ гирд оваранд, вагарна мушкилиҳо сар мезананд. Аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед. Ба саломатиятон хатар таҳдид мекунад.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Аз ҷониби бадхоҳон фишор ва ба саломатиятон хатар таҳдид мекунад. Эҳтимоли ба доми туҳмату буҳтон печиданатон вуҷуд дорад. Зимни робита бодиққат бошед, одамони тасодуфиро ба худ наздик насозед, аз шиносоиҳои нав роҳи гурез ҷӯед. Ба саломатии худ ва саломатии наздикон бодиққат бошед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Дар ин рӯз аз ғайбат кардани нафаре худдорӣ намоед, вагарна дигарон низ шуморо ғайбат мекунанд. Дар ин рӯзҳо нерӯи баланд доред ва тамоми мушкилиҳоро паси сар мекунед. Дар муносибатҳои шахсӣ ва оилавиятон душвориҳо сар мезананд. Танҳо дар корҳои нек ба кӯмаки нафаре умед баста метавонед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Рӯзи бебарор аст. Душманон аз пасатон ғайбату буҳтон мебофанд. Аз нафароне, ки дилпур нестед, ба худ наздик насозед. Ба саломатии худ бодиққат бошед. Барои рафъ намудани бемориҳои музмин чораҳои пешгирикунандаи саломатиро андешед. Агар дар коре шубҳа мекарда бошед, кӯмаки дӯстонро рад накунед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Дар ин рӯз бонувон бо шарофати ақли расову саховатмандияшон гули сари сабади маҳфилҳо мегарданд. Мардҳоро дар корҳои вобаста ба сохтмон ё эҷодиёт душвориҳо пеш меояд. Ба саломатиятон хатар таҳдид мекунад. Аз корҳои вазнини ҷисмонӣ ва корҳои хатарнок худдорӣ  намоед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Мушкилиҳо яке пайи ҳам пайдо шуда, барои рафъ карданаш вақту қувваи зиёд сарф карданатон лозим меояд. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи муосид аст. Аз хасташавӣ ва корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед. Ташвиши зиёд ва заҳмати дандоншикан боиси бад шудани саломатиятон мегардад.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Рӯзи номусоидест барои оғози кори нав ва мушкилиҳо дар ҳаёти оилавиятон. Аз ҳама гуна кори фаъол худдорӣ намоед, вагарна дучори монеаҳо мешавед. Воқеаҳои имрӯзро ҳамчун санҷиши қисмат қабул кунед. Нафарони муҷаррад дар сафар бахти худро пайдо месозанд.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯзҳо набояд ба кори ғалат роҳ диҳед. Тамоми рафтор, гуфтор ва ҳатто андешаҳоятонро санҷида амал кунед. Муваққатан вазъи молиявии худро беҳтар сохтан муясаратон мегардад. Нафароне ки ба сафару саёҳат  мебароянд, эҳтиёт буданро тавсия медиҳем, хатари ҷароҳат бардоштану аз хӯрок заҳролуд шуданатон имкон дорад.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Дар ин рӯз дар ҳама кор якравӣ мекунед. Ақидаи ғалати худро пайгирӣ намуда, сабаби чунин рафтори худро ба касе фаҳмонидан намехоҳед.  Ин амали шумо ба нафароне, ки ҳамроҳашон кор мекунед, маъқул намешавад. Вазъи молиявии худро беҳтар месозед. Хоби дидаатон дар ҳамин рӯз амалӣ мешавад.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар ин рӯз ҷисману руҳан худро хуб ҳис мекунед. Аз шиносоии наве, ки дар ҳаёти шумо нақши ҳалкунандаро мебозад, худдорӣ намоед. Хобатон ба наздикӣ метавонад амалӣ шавад. Беморие, ки дар ин рӯз пайдо мешавад, табобаташ тӯл мекашад. Хоби дидаатонро ба касе нагӯед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Имрӯз барои аксарият  серташвиш меояд. Муносибатҳоятон бо хешовандони дур барқарор гашта, дар оянда фоидаи зиёд меоранд. Эҳтироми атрофиён нисбати шумо меафзояд. Барои муноқиша кардану баҳсу мунозира рӯзи бебарор аст. Барои ишқбозӣ рӯзи номусоид аст.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Рӯзи бобарорест барои пешравӣ дар касбу кор. Эҳтимол вазъи молиявиатонро беҳтар месозед. Оғуши шахси дӯстдошта дилатонро ба зиндагӣ гарм месозад ва худро хушбахт ҳис мекунед. Дар ин рӯз нӯшидани чойи талх ё қаҳва, нӯшокиҳои спиртиро тавсия намедиҳем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *