Толеъномаи 24 май 2018

                                       Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Кӯшиш кунед, ки аввали рӯз, корро аз рӯйи нақша оғоз намоед. Дар суҳбати ихтисосӣ боэҳтиёт бошед. РЭҳтимол шуморо ба сафари хизматӣ рафтан пешниҳод мекунад. Нисбати саломатиатон  беаҳамият набошед, зеро ҳавои боронӣ ба шумо бетаъсир намемонад.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Имрӯз шуморо ба мулоқоти ғайриинтизор даъват мекунанд. Дар муносибат бо ҳамкорон эҳтиёткориро истифода баред. Ҳангоми рондани мошин бодиққат бошед. Бо фарзандон вақти муайян ҷудо намуда, онҳоро ба тамошои саҳро баред.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Имрӯз он нафаре, ки хеле боз интизораш будед, ба шумо вомехӯрад. Ҳангоми вохӯрӣ кӯшиш кунед, ки ҳарфҳои ноҷо нагӯед. Он масъалае, ки барои ҳаллаш мушкилӣ мекашед, бо ягон роҳ ба ӯ фаҳмонед. Ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки аз мадди назари атрофиён худро дур насозед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Саратонҳорорӯзи серташвиш интизор аст.Бо омадани комисия тфтишотӣ иҷрои  як қатор корҳои берун аз нақша ба миён меояд. Аз дӯстдоштаатон хабари хуш мешунавед. Дар тиҷорат бурди шумо аз шахсони гирду атрофатон вобастагии зиёд дорад.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Шахсони зери ин бурҷбуда ҳамеша дар фикри пайдо кардани роҳи ҳалли корашон ҳастанд. Аввали рӯзро бо мушкили паси сар мекунед. Шахси наздикашонро як муддат аз даст медиҳед, вале аз ин ноумед набошед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Мумкин аст, ки хоҳишу мароми  доштаатон дар ин рӯз амалӣ гардад.  Беҳтараш ин рӯз нақшаҳои асосиатонро ба таъхир гузоред. Бештари вақтатонро  дар ҳалқаи кӯдакон гузаронед, неруи зиёдро аз худ мекунед, ки барои анҷоми нақшаҳои дар пеш истода хеле муфид аст.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

 Ин рӯз дар коргоҳ ҷиддӣ муносибат кардан барои пешравии минбаъдаи шумо қадамҳои устувор мегузорад. Ҳамеша хомӯшии шумо боиси дур гаштанатон аз атрофиён мегардад. Бештар муошират кунед ва бо аҳли ҷамъият бошед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Чанд масъалаҳое низ шуморо дунболагир аст, ки он ҳам нофаҳмиҳо барои барпо намудани  тӯй  миёни волидони шумо мебошад. Барои дӯстдорони варзиш  рӯзи пешравию муваффақиятҳост.  Тавсия дода мешавад, ки ба тамошои табиат баромада, табъатонро  болида гардонед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Барои  вохӯрӣ ва корҳои берун аз корхона вақти камтар доред. Ин ҳолат дӯстдоронашонро аз онҳо дур месозад. Барои қавсҳои корчаллон рӯзи на онқадар хуб аст. Аз байн рафтани каме маблағашонро ситораҳо пешгӯйӣ кардаанд. Нисбат ба саломатӣ бетавақӯҳ набошед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

 Кӯшиш кунед, ки хабаркашҳоро аз худ дур кунед ва хаёлатонро ба мавзӯъҳое, ки муҳим аст, равона кунед. Аз байни хешу ақрабо нафаре  шуморо кумаку дастгирӣ мекунад. Ба саломатии меъдаатон бештар аҳамият диҳед. Гушнагии дарозмуддат ва ҳамчунин пурхӯрӣ бар зарарӣ саломатии шумост.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Имрӯз  вақти хешро дар ҳалқаи пайвандонгузаронед. Муносибатҳое, ки  канда шуда буданд барқарор намуда, аз пайи беҳбудии он шавед. Фурсати муносиб барои  вохӯрӣ бо дилдодаатон фаро расидааст. Ин вохӯрӣ ба шумо чизҳои навро  ҳадя мекунад.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Дар корҳои шахсиатон муносибатро ҷиддӣ намоед, зеро беаҳамиятии шумо  боварии  роҳбаратон кам мекунад ва сабаби сар задани сардиҳо байни шумо ва ӯ мегардонад. Худро назди ҳамагон чеҳракушода нишон диҳед, зеро табассуми шумо душманкуш аст ва муборизаи онҳоро нисбати шумо кам мегардонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *