Толеъномаи 24 сентябр 2018
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Ҳамалҳоро зарур аст, ки бо мутахассисони барҷаста корро оғоз намоянд. Дар аввалҳои рӯз онҳоро лозим аст, ки ба камбудиҳои хона бепарво набошанд. Ҳамалҳоро вохӯрии ғайричашмдошт интизор аст. Муҷаррадонро вохӯрии тақдирсоз интизор аст. Ҳангоми рондани мошин боэҳтиёт бошед.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Саврҳои муҷаррадро вохӯрии деринтизор пушти дар меояд. Аз имкони дар дастдошта истифода намоед. Маблағҳое, ки барои хеш зиёдатӣ ҳастанд, барои харидани техникаҳои хона истифода намоед. Нимаи дувуми рӯз барои ҳалли мушкилии мавҷуда мусоид аст. Ба худатон аҳмият додану ба кошонаи ҳусн рафтан айни муддаост.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Давоми рӯзи корӣ барои ҳалли мушкилиҳои мавҷуда банд шавед. Барои сафари хизматӣ шуморо роҳхат интизор аст. Хабарҳои муҳимро аз нафарони наздикатон мегиред. Ин рӯзҳо ҷангу ҷанҷоли оилавӣ сар мезанад, бояд ҳамчун узви оила ба оромӣ онро ҳаллу фасл намоед. Дар нимаи дувуми рӯз корҳои муҳим пешорӯятон меистад.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Ба корҳое машғул мешавед, ки маблағи дилхоҳ ба дастоварда, барои худ пайраҳаи нав мекушоед. Барои идомаи нақша лоиҳаи навро ба тасвиб расонед. Мушкилиҳое, ки баъзе саратонҳо доранд, то охири рӯз ҳалли худро меёбад. Барои ба даст овардани маблағ бояд муносибатро бо ҳамкорони тиҷоратӣ хуб намуда, дилёбӣ кунед.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Барои оғоз намудани корҳои асосӣ ба асадҳо шароити хубест. Кӯшиш кунед, ки касеро ба доми фиреб наафтонед, чунки зарари бештар мебинед. Дар ҳама ҳолат нисбат маблағҳое, ки аз ғайб ба кисаатон меояд, эҳтиёткор бошед, то шуморо ба туҳмат гирифтор насозанд. Бо кӯдакон муомилаи хуб карданро фаромӯш накунед. Саломатии худро эҳтиёт намоед.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Дар аввали рӯз ба ҳисоби буҷаи оила маблағ ворид намуда, мувозинатро нигоҳ доред. Ҳангоми рондани мошин ба гирду атроф диққати ҷиддӣ диҳед. Нимаи аввали рӯз бо корҳои пулӣ банд шуда, вақти кам боқӣ мемонад. Нимаи дувуми рӯз аз қафои корҳои дигар нафарон мешавед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Корҳои тиҷоратиатон бо ҳамкорон ва дӯстон рабт дорад. Нафароне, ки дар атрофатон ҳастанд, аз ҳисоби шумо хӯрданӣ ҳастанд. Бо эҳтиёткорӣ маблағҳоятонро сарф намуда, то охири моҳ бепул намонед. Саломатиатонро нигоҳ доред. Дар вақти истироҳат ҳатман аз мавзеъҳои дилнишин истифода баред.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Дар ин рӯз кӯшиш кунед, ки нақшаҳои дарозмуддатро таҳрезӣ намоед. Аввалин ҳаракати шумо нисбати кор аст, ки он ба тиҷорати ихтисосӣ алоқамандӣ дорад. Агар рафту туҳфаеро ба пушти даратон гузоштанд, дилатон кашад гиред. Риштаи дӯстиро бо роҳбар қавӣ гардонед, ба шумо иловапулӣ менависад. Охири рӯз бо гурӯҳи калони одамон вомехӯред.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Дар имрӯз аз рӯи нақша амал намуданро фаромӯш насозед. Ҳангоми кор бо хориҷиён боэҳтиёт бошед. Пешниҳоди онҳоро ба назар гирифта, харидани туҳфаро фаромӯш накунед. Нимаи дувуми рӯз аксари корҳоятон ба хубӣ анҷом ёфта, ба манфиати шумо ҳал хоҳад шуд.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Дар аввали рӯз нафаре пайдо мешавад, ки ба шумо кумаки холисона мерасонад. Буҷаи оиларо хароб насохта, нақшаи ба даст овардани онро дар мадди аввал гузоред. Дар нимаи дувуми рӯз истироҳат ҷангу ҷанҷол набардошта, маҳфилро вайрон накунед. Тӯли рӯз туҳфаи ваъдагиро ба шумо мерасонанд.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Назорати қатъӣ баред, то ки дар вақти ҳисобу китоб ба хатоӣ роҳ надиҳед. Барои ба даст овардани мақсади асосӣ аз маслиҳати мутахассисон истифода намоед, чунки дар коргоҳ рафторатонро назорат карда истодаанд. Аёдати волидонро фаромӯш накунед. Ҳангоми гузаштан аз роҳҳои сермошин худро эҳтиёт намоед.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Аввали рӯз нотарсида додугирифти пулиро ба роҳ монед. Ин рӯзҳо бароятон дастоварди хуб медиҳад. Хабари деринтизор мешунавед. Мушкилиҳое, ки ба пул рабт дорад, зудтар бартараф намоед. Дарохири рӯз ба корҳои нав даст назанед. Шом ба корҳои хона машғул шуда, оромиро риоя намоед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ