Толеъномаи 24-уми феврали соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Аз субҳи содиқ худро хаставу абгор ҳис мекунед, ба назар чунин мерасад, ки гӯё шаби дароз хоб нарафта, кор карда бошед. Барои барвақт хоб рафтан худро одат кунонед, он гоҳ ҳам саломатӣ ва ҳам корҳоятон рӯ ба беҳбудӣ меорад. Барои эҷодкорон рӯзи сермаҳсул аст. Ошиқонро рӯзи хотирмону пур аз лаҳзаҳои фаромӯшнашаванда интизор аст.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рӯз боэҳтиёт буданатон лозим аст. Дар оила ва ҳангоми робита бо ҳамкорон нофаҳмиву низоъ дар назар аст. Санҷишҳои зиёде шуморо интизор аст, бояд сабур ва дурандеш бошед. Дар акси ҳол камтарин муноқиша ва нофаҳмӣ ба ҷанҷоли калон мепечад. Ҳангоми кор бо таҷҳизоти барқӣ ҳушёриро пеша намоед. Агар мошин меронда бошед, ҳатман онро аз назари усто гузаронед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Мушкилоти оилавиро бо навбат рафъ созед. Кӯшиши яку якбора анҷом додани корҳоятонро накунед. Мусаллам аст, ки шумо мехоҳед дарҳол аз дарди сар халос шавед, вале якбора ин корро кардан бароятон хеле душвор аст. Беҳтараш аз корҳои ҷиддитар сар карда, мунтазам пайи корҳои дигари худ шавед. Саломатӣ ташвиш намедиҳад, вале бепарвоӣ накунед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи душвор аст. Вақте расидааст, ки ғурури худро як тараф гузоред. Агар ҳозир гузашт накунед, аз бисёр чизҳое, ки бо душворӣ ба даст оварда будед, бенасиб мемонед. Якравии шумо дар муносибатҳои ошиқонаву оилавӣ ва зимни робита бо ҳамкорон ва шарикони тиҷоратӣ зарар мерасонад. Нафарони зиёде метавонанд аз шумо рӯй гардонанд.

Асад (23 июл-23 август)

Зодагони мучали асад дар масъалаҳои молиявӣ тағйиротҳоро интизоранд. Маълум мешавад, ки нафаре пулҳои шуморо аз худ мекардааст. Вақте расидааст, ки ҳаққи худро талаб кунед. Дар ҷодаи муҳаббат ягон нақшаи фантастикӣ накашед. Ба саломатии наздикон диққат диҳед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Боэҳтиёт бошеду дар ҳама кор оқилона рафтор намоед. Барои камтарин ғалат, як ҳарфи ноҷо, моҷарои беҳуда муносибати худро бо атрофиён вайрон месозед. Рӯзатон ба шарте бобарор мегардад, ки худро ба даст гирифта, ба хафагиву ранҷиш роҳ надиҳеду бештар хубиву меҳрубонӣ зоҳир намоед. Имкони пайдо намудани даромади иловагӣ вуҷуд дорад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Зодагони мучали мизон дучори ҳодисаҳои ногаҳонӣ мегарданд. Вохӯриҳои тасодуфӣ тақдирсоз мегарданд ё аз дӯстдоштаи худ лаҳзаҳои фаромӯшнашаванда тақдим мегардад. Дар ҳаёти нафарони муҷаррад рӯйдодҳои гуворо рух медиҳанд. Нафаре дар зиндагиятон пайдо мешавад, ки аз омаданаш зиндагиятон ранги тоза мегирад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Зодагони мучали ақрабро лозим аст, ки дар муносибати худ бо шахси дӯстдошта қарори қатъӣ бароранд. Агар шумо зиндагиву ояндаи худро бо ҳамин нафар пайвастан мехоста бошед, бо вуҷуди мушкиливу монеаҳо роҳи худро интихоб намоед. Интихоб дар дасти шумост. Нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, дар танҳоӣ аз уҳдаи кор намебароянд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имконияти хуби бартараф намудани мушкилиҳое, ки ҳамарӯза шуморо ташвиш медиҳанд, пеш меояд. Шумо аз вазъиятҳои душвортарин баромада, мушкилиҳоро хотима бахшида метавонед. Нафарони муҷаррадро вохӯриҳои ошиқона интизор аст, вале муҳаббати шумо дер давом намекунад. Мушкилоти норасоии пулӣ асабатонро хароб месозад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз зодагони мучали ҷаддӣ аз ҳама гуна вазъияти рухдода бо сарбаландӣ мебароянд. Ҳама гуна тағйирот дар ҷодаи муҳаббат ва касбу кор бобарор анҷом меёбанд. Саломатиро эҳтиёт кунед. Шумо мушкилоти дигаронро ба дил наздик қабул мекунед. Бояд дарк намоед, ки роҳи ҳалли мушкилот дар дасти шумо нест.

Далв (21 январ-20 феврал)

Зодагони мучали далв муштоқи баҳор ҳастанд ва чанд рӯзаки дигар боқӣ мондааст, ки баҳор фаро мерасад. Қабл аз он, ки ба коре сар мекунед, нақша кашиданатон лозим аст. Дар акси ҳол бар зарари худ кор мекунед ё нафареро сахт метарсонед. Нафарони оиладор серташвиш мешаванд. Якравӣ ва одати гузашт карда натавонистанатон сабаби сар задани шубҳаву гумони бад дар дили дӯстдоштаатон мегардад.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар муноқишаҳое, ки миёни шумову дӯстдоштаатон сар мезанад, ёри худро гунаҳкор насозед. Дар баъзе ҳолатҳо гуноҳ аз шумо аст, вале инро фаҳмидан намехоҳед. Вақте ки инсон ҳақ будани худро собит кардан мехоҳаду атрофиён ҳақиқатро медонанд, беҳуда кӯшиш кардан лозим нест. Беҳтараш ҷасурона гуноҳро ба гардан гиред, он гоҳ мушкилиятон рафъ ва шуморо ҳамчун шахси оқил эътироф мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *