Толеъномаи 24-уми ноябри соли 2022
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз ситораҳо оромиро тавсия медиҳанд, ором бошед, ба рӯйдодҳои ба амал меомада чандон аҳамият надиҳед. Нимаи дуюми рӯз даромади пулии калонро интизор бошед, маблағро эҳтиёт кунед, чунки каме баъдтар бароятон лозим хоҳад шуд. Дар ҷодаи ишқу муҳаббат шуморо нокомӣ интизор аст.
Савр (21 апрел-22 май)
Ҳангоми кор бо ҳуҷҷатҳо бодиққат бошед, то ба хатоӣ роҳ надиҳед. Нимаи дуюми рӯз лоиҳаи аҷиберо пешкаши роҳбаратон мекунеду сазовори суханҳои хуб мешавед. Ҳамчунин, шуморо сафари корӣ дар назар аст. Агар чаққонӣ кунед, пайдо шудани сарчашмаҳои нави даромад эҳтимолият дорад.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Ин рӯз барои шумо бобарортарин маҳсуб меёбад, зеро бо амалӣ шудани орзуи деринатон тамоми мушкилоту ноҷӯриҳо фаромӯш мешаванд. Дар хусуси корҳои ояндаатон каме фикр кунед, кӯшиш намоед ба зиндагиятон тағйирот ворид гардад. Танҳо будан кайҳо дилатонро гирифтаасту зиндагии осоиштаро мехоҳед? Албатта, ин орзуи ҳар шахс мебошад. Барои ин бояд бо ошиқатон ҷиддӣ гап занеду масъаларо кундаланг ҳал намоед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Ин рӯз саратонҳоро зарур меояд, ки пуртоқат бошанд. Зеро пеш омадани мушкилиҳое, ки ҳатто дар гӯшаи хаёлатон набуд, табъатонро хира мегардонад. Зуд озурда нашаведу асабҳоятонро ноором насозед. Нимаи дуюми рӯз дар роҳ ишқи гумшудаатонро вомехӯред, ки аз ин ҷароҳатҳои қалбатон аз нав хуншор мегардад.
Асад (23 июл-23 август)
Дар ин рӯз чунон серкор мешавед, ки вақти ба худ аҳамият доданро намеёбед. Ба ҳар ҳол ба намуди зоҳириатон каме аҳамият диҳед. Зеро бо пайдо шудани шарикони тиҷоратӣ кор ранги дигар мегирад. Албатта, зудбовар шуданро ситораҳо тавсия намедиҳанд. Нагузоред, ки меҳнатҳои чандинсолаатонро барбод диҳанду тиҷорататонро валангор кунанд.
Сумбула (24 август-23 сентябр)
Рӯзи нав барои сумбулаҳо сюрпризҳои ногаҳониро пеш меорад. Дар аввал мушкилиҳои ҳалталабатонро ба сомон расонеду аз пайи дигар корҳо шавед. Кӯшиш кунед нимаи дуюми рӯз даромади калонеро ба даст оред ва як қисмашро барои ободии хонаатон масраф намоед, боқимондаашро барои рӯзи мабодо пасандоз кунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Намояндагони ин бурҷро зарур мешавад, ки дар коргоҳ бештар боаҳамият бошанд ва ба хатоҳои корӣ роҳ надиҳанд. Агар хатое карда бошед ҳам, ислоҳ намуданашро ҳатман омӯзед, бар замми ин, сифатҳои хуби инсониро фаромӯш насозед. Нимаи дуюми рӯз каме асабонӣ мешаведу халтаи қаҳру ғазабатонро ба сари атрофиён кафонданӣ мешавед. Худро ором созеду аз чаҳорчӯба берун набароед, вагарна ранҷиши дӯстони ҷониатон боиси танҳо монданатон хоҳад шуд.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Ин рӯз бояд корҳоеро, ки нимкора мондаанд, анҷом диҳед. Мабодо қуввататон нарасад, аз дӯстонатон кумак пурсед. Нимаи дуюми рӯз нақшаҳои кайҳо кашидаатонро амалӣ кунед, вагарна мушкилиҳо пайи ҳам омада, саратонро гиҷ мекунанд. Даромади пулӣ ин рӯз шуморо дар назар нест. Аз ин рӯ, бо пул эҳтиёткорона муомила кунед, вагарна доду фиғони бепулиятон ба осмон мебарояд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз барои шумо бобаракат ба ҳисоб меравад. Тиҷорататон яку ябора авҷ мегираду даромадатон даҳчанд мешавад. Хайр карданро фаромӯш накунед, хайратон даҳчанд шуда боз бармегардад. Нимаи дуюми рӯз барои харид ба бозор меравед, эҳтимоли харидҳои бемаънӣ дар назар аст. Охири рӯз барои дидорбинии наздиконатон раведу истироҳататонро рангинтар созед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз кӯшиш намоед орзуҳои деринатон амалӣ гарданд, аз нақшаҳоятон касеро огоҳ насозед. Вагарна душманонатон монеи корҳоятон хоҳанд шуд. Нимаи дуюми рӯз аз шахсони тасодуфӣ дур бошед, ба онҳо дар бораи худ ягон чизеро нақл накунед, вагарна бар зидди шумо фитнаҳо барангехтанашон мумкин аст.
Далв (21 январ-20 феврал)
Ин рӯз далвҳо бо осонӣ аз уҳдаи тамоми корҳояшон мебароянд, инчунин дар ҳаёти шахсияшон низ тағйироти аҷибе ба амал меояд. Нимаи дуюми рӯз вазъияти молиятон якбора хароб мешавад, агар фикри ҷустани сарчашмаҳои даромадро дошта бошед, оқилона аз онҳо истифода кунед ва роҳҳои ба даст овардани пулу молро дарёбед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Ин рӯз худро бардаму солим ҳис мекунеду ба саломатии куллии худ эътимод пайдо мекунед. Ғайр аз ин, ҳар кореро, ки оғоз кардед, ба осонӣ анҷом медиҳед. Нимаи дуюми рӯз серкор мешавед, кӯшед тамоми душвориҳои корро бар дӯши худ нагиред, наздиконатонро ба ёрӣ даъват кунед, вагарна ҳолатон ба танг меояд. Охири рӯз дар коргоҳатон вазъияти ногуворе пеш меояд, ки дар он назари шумо муҳим аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ