Толеъномаи 25 апрел 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Рӯз серташвиш ва камдастовард мешавад. Масъулият ва ҷавобгариҳои иловагиеро ба дӯш мегиред.  Дар баҳсу мунозираҳо ширкат наварзед беҳтар аст. Дар ҳаёти оилавиатон ягон навгоние ба назар намерасад.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Бо шунидани хабари ғайриинтизоре хушҳол мешавед. Агар аз фурсати қулай ба хубӣ истифодабурда тавонед ҳаётатонро ба куллӣ тағйир медиҳед. Барои сафари роҳи дур рӯзи мувофиқ нест. Саломатиатон имрӯз тави намедиҳад.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Дар ин рӯз дастовардҳои молиатон зиёд мешавад. Бо кумаки дӯстони наздик кори наверо оғоз мекунед, ки дар оянда ба умо манфиатҳо меоварад. Барои саёҳат ва истироҳат шоми имрӯз мувофиқ аст.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар аввали рӯз яке аз ҳамкасбон нотоб мешавад ва шумо маҷбур мешавед, ки корҳои ӯро низ ба анҷом расонед. Барои рафъи хастагӣ бо дӯстон бегоҳ сари як пиёла чой ё ягон нӯшокии писандидаатон ҷамъ оед хуб мешавад. Барои рафтан ба мулоқоти ошиқона рӯз мувоффиқ нест.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Ҳар шиносоии наве, ки мрӯз чи дар олами реалӣ чи дар сомонаҳои иҷтимоӣ сурат мегирад бар зарари шумо хоҳад  буд. Аз рафтан ба маҷлису маъракаҳои серодам худдорӣ намоед. Диққати бештари худро ба тарбия фарзандон ва муошират бо пайвандон равона кунед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Яке аз ҳамкорон мехоҳад қасдан шуморо асабонӣ созад то ба хатогие хатогие даст занед, ки ислоҳ карданаш мушкил мешавад. Оромиро нигоҳ доред ва аз муоширати зиёд худдорӣ намоед. Шом ба хонаатон меҳмоне меояд, ки аз диданаш хушҳол мешавед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Зиёд дар олами орзуҳо сайр накунед ва ба замини ҳақиқат фуруд оед. Баро оне, ки шумо ҳатто дар гушаи хаёлаш намерасед ҳамсари хешро танҳо нагузоред.  Ин ҳолат ба коратон низ таъсир гузоштаст агар аз роҳбар гуп шунидан нахоҳед аз паси кор шавед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Кӯшиш кунед, ки корҳои супориширо сари вақт ба анҷом расонед, то  маҷбӯр нашавед, ки дар пеши роҳбар худро сафед кунед. Ниммаи дуюми рӯз бештари нақшаҳоятон амалӣ мешавад. Кӯшиш кунед, ки хӯроки шомро ҳамроҳи пайвандон хӯред.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Имрӯз аз ҷониби каси бегонае кумак мерасад, ки ҳаммаи мушкилотатонро ба як бор ҳал мекунад. Аз шомил шудан ба ягон хел ташкилотҳо дур бошед. Барои харид кардан ё ба меҳмонӣ даъват намудан рӯзи мувоффиқ нест.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Имрӯз вохӯриҳои корӣ дар назар аст. Шиносоии нав роҳи корро бароятон кушода намояд. Дар ҳаёти шахсиатон низ навгониҳое ба амал меоянд. Аз пурхӯрӣ парҳез намоед. Эҳтимол ба мулоқоти ошиқона низ даъват шавед

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Супоришҳои роҳбарро сари вақт иҷро намоед ва вақти худро бесамар нагузаронед. Ҳарчанд ба дӯстдоштаатон бовар надоред, лкин боз ҳам бадгумонӣ накунед шояд фикри хато кунед. Асабонияти зиёд боиси сардардии шадид мешавад.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Ҳар кореро, ки оғоз намуда будед, кӯшиш намоед, ки дар ин рӯз ба анҷом расонед. Барои мулоқот вақти зиёд сарф накунед.Барои онҳое, ки бо тиҷорат сару кор доранд рӯзи мушкил мешавад. Аз сафар бо ашхоси ношинос худдорӣ намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *