Толеъномаи 25 июн 2017

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз ҳар гапе, ки ба забон меоред ва ҳар коре, ки мекунед, сари он андеша намоед, вагарна ба вазъияти ногувор гирифтор мешавед. Танҳо бо самимият ва дилкушодӣ дар ҷодаи муҳаббат комёб мегардед. Нафарони зиёде ба шумо кӯмак расонида, дастгирӣ мекунанд. Шумо низ ба ин нафарон кӯмаки хешро дареғ надоред.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Дар ин рӯз ҳангоми рондани мошин боэҳтиёт бошеду аз сафари роҳи дур умуман даст кашед. Рӯзи бобарорест барои рафъи мушкилоти оилавӣ ва молиявӣ, вале бе кӯмаки наздикон намешавад. Харидани чизҳои қиматбаҳо боиси пушаймониятон мегардад. Имрӯз бояд кинаву адоватро аз дил дур созед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Нақшаву ниятҳоеро, ки кайҳо боз дар сар доштед, амалӣ месозед. Ҳангоми суҳбат бо яке аз хешовандон асабоният ва қаҳру ғазабатон зиёд мегардад. Хусусан дар масъалаи ба манзили нав кӯчидан ё харидани хонаи нав. Дар масъалаҳои молиявӣ мушкилиҳои хурдро бо кӯмаки дӯсти наздик рафъ месозед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар ин рӯз бо нафаре шинос шуда, сахт ошиқ мегардед. Агар маблағи хуб ба даст овардан хоҳед, сабру одоби ҳамидаро пешаи худ намоед. Аз харидани чизҳое, ки баъдан боиси пушаймониятон мегардад, худдорӣ намоед. Имрӯзро барои робита бо наздикони худ бубахшед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Дар ин рӯз ба умеди кӯмаку дастгирии нафаре нашавед, қобилиятҳои худро рушд диҳед. Дар ҳаёти асадҳои оиладор ҳодисаи аҷибу хотирмон рух медиҳад. Тавлиди фарзанд ё маблағи пулӣ хотиратонро болида месозад. Муносибатҳои худро бо шахси дӯстдоштаатон тағйир диҳед, вагарна кор бо ҷудоӣ меанҷомад.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Дар ин рӯз нерӯи зиёди корӣ эҳсос мекунед. Ба ҳар коре, ки даст занед, коратон барор гирифта, аз вазъиятҳои душвортарин барои худ фоида ба даст меоред. Наздикон сади роҳи ба сафару истироҳат баромаданатон мегарданд. Ба эътирози эшон диққат надиҳед. Барои ба хонаи нав кӯчидану сар кардани таъмири хона рӯзи бобарор аст.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Ҳодисаҳои дар ин рӯз рухдода имкон намедиҳанд, ки чизеро тағйир диҳед. Ҳар хабареро, ки имрӯз мешунавед, дурустияшро санҷида бинед. Дар ҷодаи муҳаббат бо суханпардозӣ иктифо накарда, муҳаббати худро бо амал собит намоед. Танҳо дар ҳамин ҳолат дӯстдоштаатон шуморо тарк намесозад.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Агар корҳои нотамом дошта бошед, ба сафар баромаданро тавсия намедиҳем. Вазъияти ногаҳонӣ рух дода, гум кардани ҳуҷҷатҳо ва пулҳоятон эҳтимол дорад. Дар ҳаёти шахсӣ ягон тағйироти куллӣ дида намешавад. Муҳимаш ба шитобкорӣ роҳ надода, аз шахси дӯстдоштаатон қарори қатъиро талаб накунед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Дар ин рӯз боз як сарчашмаи даромад пайдо карда, вазъи молиявии худро мустаҳкам месозед. Зимни робита бо шарикони корӣ ба ақлу хирад такя намоед. Агар бо дӯстони дерин ҳамкорӣ мекарда бошед, ҳеҷ гоҳ имкон надиҳед, ки болои саратон бароянд. Дар масъалаи саломатӣ шумо бояд як маротиба аз ташхиси пурраи табибон гузаред.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар ин рӯз аз корҳои вазнини ҷисмонӣ ва сафари роҳи дур худдорӣ намоед, вагарна ба саломатиятон бетаъсир намемонад. Кори ақлонӣ ва эҷод самараи беҳтар медиҳад. Агар шумо нафареро дӯст медошта бошед, вақте расидааст, ки изҳори муҳаббат кунед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Дар ин рӯз аз сиру асрори хеши наздикатон огаҳӣ пайдо мекунед. Тамоми рӯз аз хабари шунида моту мабҳут гашта, чӣ кор карданро намедонед. Дар масъалаҳои молиявӣ каме маблағи пулиро аз даст медиҳед. Нафаре кӯшиши бо шумо муноқиша карданро мекунад, вале тираш хок мехӯрад. Дар ин рӯз танҳо ба худатон бовар кунед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Рӯзи душвор аст, ҳам ба ҷойи ду нафар заҳмат мекашеду ҳам бо шахси дӯстдоштаатон муноқиша мекунед. Дар тиҷорати шахсӣ рақобат шадид мегардад, ҳатто нафарони воломақом наметавонанд онро бартараф намоянд. Дилатон аз пешомади баде гувоҳӣ дода, ғамгин мегардед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *