Толеъномаи 25 июн 2018

      Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Имрӯз агар ба эҳсосот дода шавед, мушкилиҳои зиёде ба саратон меояд. Ба нуқтаи назари наздикон гӯш андозед, имрӯз ба шумо танҳо маслиҳатҳои муфид медиҳанд.Нимаи дувуми рӯз ташвишатон зиёд мегардад.  Муносибататон бо наздикон вайрон мегардад. Дар ин рӯз аз муноқиша дур бошед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Ба танбаливу бекорхӯҷагӣ роҳ надода, аз пайи анҷом додани корҳои нотамом шавед. Зиракиву ҳушёриро аз даст надиҳед, вагарна рақибон ба ҳуҷум мегузаранд. Пас аз нисфирӯзӣ ба меҳмонӣ даъват мешавед. Тамоми ҳарфу гуфтаҳои атрофиёнро ба дил наздик қабул карда, зудранҷ мегардед. Дар симои ҳар нафар дурӯягиву мунофиқӣ дида, ҳам атрофиён ва ҳам худро азоб надиҳед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Имрӯз аз ҳама чиз асабонӣ шуда, нисбати рафтори ҳамкороне, ки қолабшиканӣ мекунанд, оромона назар карда наметавонед.Беҳтараш аз рӯи масали «Бовар кун, вале бисанҷ» амал намоед, бурд мекунед. Ҳама корро табъи дили худ санҷида, тафтиш намуда, аз фиреби сахт хӯрдан раҳоӣ меёбед. Рӯз барои харидани сару либоси нав созгор аст. Нисбати фишори хун бетаваҷҷуҳ набошед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Агар шумо оиладор бошед, танҳо бо дурандешӣ ва таҳаммул муноқишаи имрӯз рухдодаро рафъ карда метавонед. Рӯз барои пайдо намудани ҷойи кори нав созгор аст. Нафароне, ки аллакай ҷои кор доранд, масъалаи зиёд гардонидани маош ва мукофотпулиро дар назди роҳбарият кундаланг монда, вазъи молиявии худро беҳтар карда метавонанд. Ҳаққи меҳнати худро талаб карданатон хуб аст, вале дар ин масъала аз ҳад нагузаронед, вагарна бе ҷойи кор мемонед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Имрӯз нафаре ғалату камбудиҳоятонро нишон додан мехоҳад. Аз ҳад зиёд ба масъалаҳои пулӣ машғул шуда, чизи асосиву муҳимро аз мадди назар дур насозед. Тамоми пули дар дунё бударо ба даст овардан номумкин аст, аз ин рӯ, худро аз истироҳату фароғат маҳрум насозед. Нимаи дуюми рӯз барои аксари асадҳо душвору пурмашаққат мегузарад.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Имрӯ ҳама корро табъи дили худ ба анҷом расонида, беҳуда асабатонро хароб насозед. Рӯзи сешанбе ба эҳсосот дода нашавед. Вақтҳои охир шумо бисёр асабонӣ мешавед. Наздикони шумо ба чунин рафторро сазовор нестанд. Асабонияти зиёд метавонад ба қаҳру ғазаб мубаддал гардад, аз ин рӯ, аз сарҳади эътидол берун набароед.Имрӯз аз оббозӣ кардану пойи луч гаштан худдорӣ намоед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Аввали рӯз қобилиятҳои касбии худро нишон доданатон хуб аст, вале аз ҳад зиёд худситоӣ кардан боиси ранҷиши дӯстон мегардад.  Миёнаи рӯз мушкилоти ногаҳонӣ водоратон месозад, ки зуд аз пайи рафъ карданаш шавед. Ҳодисаҳои ногувори имрӯза боиси асабхаробиятон мегардад. Бо нафаре шинос мешавед, ки зиндагиятонро комилан тағйир медиҳад. Оббозӣ ва соҳили дарё низ табъатонро болида ва асабҳои харобгаштаро  таскин медиҳад.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Аз аввали рӯз ба корҳои майда-чӯйдае, ки тамоми вақтатонро фаро мегиранд, машғул нашавед, вагарна корҳоятон нотамому табъатон хира мегардад. Одати бо сухани дурушт ранҷонидани атрофиёнро аз худ дур кунед. Имрӯз барои нафароне, ки бо пул сару кор доранд, бобарор меояд. Таъмири асбобҳои техникиро ба нафаре бовар кунед, ки аз уҳдаи ин кор баромада тавонад.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Аввалирӯз бо сарзанишу маломат ҷони атрофиёнро ба лабашон наоред. Имрӯз маслиҳати хеле муфиду даркориро аз мадди назар дур насозед. Бо шарофати дурандешии нафари бегона аз уҳдаи мушкилоти ба саратон омада мебароед.Нимаи дувуми рӯз пешниҳоди нави корӣ ва мукофотпулӣ дар назар аст. Барои заҳматҳои кашидаатон миннатдорӣ мешунавед. Охири рӯз дар сари қаҳру ғазаб нафареро ранҷонида, аз кори карда сахт пушаймон мешавед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Аввали рӯз ғаму ғусса ба дилатон роҳ ёфта, табъатон нозук мегардад. Миёнаирӯз ба корҳои вазнини ҷисмонӣ роҳ надиҳед, эҳтимоли лат хӯрдану ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад. Нафаре ба асабатон мерасад, вале ба муноқиша роҳ намедиҳед. Охири рӯз ба ягон амали беандеша роҳ надиҳед. Ба ҳар коре, ки даст мезанед, онро бо дасту дили пур ва боварӣ сар кунед. Дудилагиву ноустуворӣ кори шуморо мекушад ва пеши роҳатонро мебандад.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Аввали рӯз бо душвориҳо омада, хеле серкор мешавед. Робитаро бо атрофиён кам карда, аз тамошои телевизор низ худдорӣ намоеду барвақттар ба бистари хоб дароед. Далвҳои ошиқ эҳсосоти худро аз атрофиён пинҳон карда наметавонанд. Рӯз барои ташхису табобат бобарор аст. Ҳангоми истеъмоли доруворӣ бодиққат бошед, сараввал нишондоди тамғакоғази онро мутолиа намоед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Аввали рӯз ба корҳои аввалиндараҷа машғул шуда, ба ҳар нафаре ки шуморо фориғ кардан мехоҳад, дағалонаву бо ғазаб ҷавоб медиҳед. Бештар дар ҳаракат бошед, дар як ҷой нишастанро маслиҳат намедиҳем. Имрӯз аз гуфтани гапе, ки боиси ранҷиши дигарон мешавад, худдорӣ намоед. Ҳам асаби худро эҳтиёт кунеду ҳам муносибатро бо нафаре вайрон насозед. Рӯз барои иваз кардани хона, харидани замин ё сар кардани сохтмон созгор аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *