Толеъномаи 25 май 2018
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Кӯшиш кунед, ки бо нафарони собиқадор ҳамкориро ба роҳ монед.Рӯз ҳамчунин барои харидани сару либос ва лавозимоти ороишӣ хеле қулай аст. Шом барои вохӯрии дӯстон, наздикон ва пайвандон хеле мувофиқ аст.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Имрӯз сарвҳоро болидахотирӣ ва хушҳолӣ дар назар аст. Амалишавии орзуи деринаатон аз кӯшиши худатон вобастагӣ дорад. Муносибати хуби шумо бо ҳамкорон ба пешравии кори шумо мусоидат мекунад. Нимаи дувуми рӯз аз серкорӣ каме хаста мешавед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Аз нурҳои гарм худатонро ҳимоя намоед. Зеро аз нурҳои гарми офтобӣ ба пӯстатон зарар расониданшон мумкин. Вохӯрии ногаҳонӣ ҳолати руҳии шуморо тамоми рӯз хуб мегардонад. Пешниҳоди нав роҳе ба сӯйи муваффақиятҳо мегардад. Ҳангоми имзои ҳуҷҷатҳо бодиққат бошед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Эҳтимол имрӯз аз тарафи роҳбарият пешниҳоди нав ба роҳ монда мешавад. Ҳама суханҳои гуфташударо қабул намоед. Корҳои тиҷоратиро бошад, беназорат нагузоред. Ҳангоми пешниҳоди лоиҳаи нав, кӯшиш кунед, ки пешакӣ аз ҳама бурду бохти шарикони наватон огаҳӣ ёбед. Ҳангоми ҳаракат дар роҳ бо эҳтиёт бошед.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Имрӯз шуморо хабарҳои гуногун парешон мекунад. Ба овозаҳо аҳамият надода аз паси фаъолияти рӯзмарратон шавед. Бояд дар самтҳои гуногун фаъолият назаррасро нишон диҳед. Аз сарф кардани вақти зиёди хеш бо корҳое, ки манфиати камтар дорад, худдорӣ намоед. Аз ҷангу муноқиша дур бошед.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Нафароне, ки ба корҳои сохтмон машғуланд, бояд эътиёткор бошанд. Мушкилиҳои ҷойдоштаро бошад, бо ҳамфикрии пайвандон ҳал намоед. Вохӯрии ошиқона дар назар аст, ки метавонад калиди бахти шумо бошад. Аз ҷанҷолҳои беҳуда худро дур гиред. Иҷрои супоришро фаромӯш насозед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Диққати махсуси роҳбаратон ба он хотир равона шудааст, ки вақтҳои охир ба ҳар баҳона зуд-зуд аз кор мебароед. Фиребкорӣ накунед. Кӯшиш намоед, ки бо соҳибкорони бо таҷриба ҳамкории зичро ба роҳ монед. Нисбати саломатиатон беаҳамияти зоҳир накунед ва барои рафъи мушкилиҳои ҷойдошта маслиҳати мутахассисро гиред.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Мулоқотҳои ошиқона дар нимаи дувуми рӯз шуморо хеле хушҳол мегардонад. Нафароне, ки дар ҳошияи никоҳ қарор доранд, ҳис мекунанд, ки ҳиссиёти ошиқона саломатиашонро хуб мекунад. Ба роҳ мондани тарҳи нави лоиҳа боварии роҳбаратонро нисбати шумо бештар мегардад.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Ҳангоми рондани мошин эҳтиёт бошед. Асабӣ шудани шумо атрофиёнатонро нороҳат месозад. Барои ин мушкилиро дур кардан, ба мутахассиси соҳа муроҷиат намоед. Тановули хӯроки шом дар ҳалқаи пайвандон шуморо болидаруҳ мегардонад.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Ҷаддиҳои танҳоимрӯз пешниҳоди оиладоршавӣ мегиранд. Бисёр дастовардҳои шумо аз ҳамкорӣ намудан бо соҳибкорон вобастааст. Ҳамеша асабӣ будан, зарбаи сахт ба ҳолати равонии шумо мегардад. Аз ин рӯ, кӯшиш намоед, ки худро ба ҳар кори беарзиш асабӣ нанамоед. Шом ба тамошои табиат баромадан ба манфиати шумо хоҳад буд.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Дар аввали рӯз муносибати гарми дӯстон руҳияатонро болида мегардонад. Бо волидон муносибати хубро фароҳам оред. Нимаи дувуми рӯз вазъияти ногаҳонӣ маҷбур мекунад, ки нақшаҳоятонро иваз кунед. Дар охири рӯз табъатон хеле болида мегардад. Кӯшиш кунед, ки вақти холиатонро ба тамошои театр ва кино гузаронед.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Вақти бисёр қулай барои пайдо кардани шиносони нав фаро расидааст. Дар ин лаҳзаи бобарор атрофиён ба шумо бештар мароқ зоҳир намуда, саволҳои гуногун медиҳанд. Тайёр шудан ба санҷишу имтиҳонҳоро низ фаромӯш насозед. Аз фурсати муносиб истифода бурда, муносибати сард гаштаро аз нав барқарор созед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ