Толеъномаи 25 сентябр 2018

Ҳамал  ( 21 март-20 апрел)
Имрӯз барои ҳамалҳо рӯзи бебарору серташвиштарин ба ҳисоб меравад, зеро рӯйдодҳои гуногун мушкилиҳоро пеш меорад. Пеш аз чизе гуфтан аввал хуб фикр кунед ва аз маслиҳату мадади дӯстонатон истифода намоед. Нимаи дуюми рӯз роҳбаратон фикрҳоятонро идеалӣ ҳисобида, баҳри амалӣ кардани нақшаҳоятон кумаки худро пешниҳод мекунад. Агар аз уҳдаи кор бароед, даромади калони пулӣ ба даст оварда, соҳиби обрӯ мегардед.

Савр ( 21 апрел – 22 май) 

Аввали рӯз  даромади калони пулӣ ба даст меоред. Аз омад кардани корҳоятон хушҳол гашта, беҳуда пулҳоятонро ба чор тараф пош надиҳед. Саломатиатон шуморо ба изтироб меорад. Кӯшиш кунед, ки дар муддати кўтоҳ қувваю мадоратонро барқарор намоед, зеро ба шариконатон маслиҳату кумаки шумо зарур мешавад.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Вазъи иқтисодии ҷавзоҳо якбора хуб мешавад.  Қарзи додаатонро бармегардонанд ё мукофотпулӣ мегиред. Нимаи увуми рӯз имкони хариди калонро пайдо мекунед. Умуман, имрӯз ситораҳо пуштибону дӯсти беҳтарини зодагони бурҷи ҷавзо хоҳанд гашт. Кўшиш кунед, ки  фурсати муносибро ғанимат дониста, имкониятҳоро пурра истифода баред.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Имрӯз масъалаи муҳиме, ки кайҳо баҳри ҳаллаш  роҳу восита меҷустед, худ ба худ ҳал мешавад. Даромади пулӣ табъатонро болидаю дилатонро шод хоҳад намуд. Аммо бо хариду фурўши хона, мошин ва дигар чизҳои гаронбаҳо машғул шуданро ситораҳо ин рӯз ба зодагони бурҷи саратон маслиҳат надодаанд. Ҳунари худро дар ҷои кор нишон бояд дод.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Дар коргоҳатон мушкилиҳои вобаста ба ахбороте, ки шумо медонед, сар мезанад. Тамоми сирру асрори медонистаатонро пинҳон дореду худро зери хатар нагузоред. Нимаи дувуми рӯз вазъи иқтисодиатон рӯ ба беҳбудӣ мениҳад. Бо мадади дӯстон ва ё оғози лоиҳаи нав даромади хуби пулӣ ба даст оварда метавонед. Ҳангоми имзо намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ эҳтиёт бошед. Асадҳое, ки мошин меронанд,беҳтараш аз сафар ба роҳи дур даст кашанд.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Ба зиндагии хушбахтонаи шумо хатаре таҳдид намекунад, ба шарте ки бо амалу рафтори беандешаи худ коратонро худатон вайрон  накунед. Нимаи дувуми рӯз зарурати харҷи маблағи калон пеш меояд. Маблағро боақлона сарф намоед, то ба азоби бепулӣ гирифтору хунҷигар нашавед. Сунбулаҳои муҷаррад дар фикри ҷуфт кардани сарашон меафтанд, вале дар интихоб дудилаанд.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Пул имрӯз аз сарчашмаҳои гуногун ба дастатон мерасад ва кисаҳоятон якбора варам карда, вазъи иқтисодиатон устувор мегардад. Мизонҳо бо қувваю фикрҳои нав ба пеш ҳаракат мекунанд. Агар серҳаракаттар бошед, тамоми нақшаҳоятонро амалӣ хоҳед кард. Табъи хуш боиси ривоҷ гирифтани коратон дар тамоми самтҳои зиндагӣ хоҳад гашт.

Ақраб  ( 24 октябр- 22 ноябр)

Имрӯз дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти шахсиатон дар назар аст.  Нимаи дувуми рӯз андаке маблағ ба даст меоред. Аз дўстонатон туҳфаи гаронбаҳо ё мукофот мегиред ва ё қарзатонро бармегардонанд. Аз нигоҳи муносибатҳои ошиқона рӯз чандон бобарор нест. Аниқтараш, онҳое ба шумо таваҷҷуњ зоҳир менамоянд, ки писандатон нестанд. Ҳангоми рондани мошин боэҳтиёт бошед.

Қавс  ( 23 ноябр- 21 декабр)

Анҷом додани як амалиёт дар коргоҳатон обрӯи шумо дар миёни коргарон меафзояду ҳам даромади хуби пулӣ ба даст меоред. Барои вохӯрӣ ва ҳама гуна корҳои ба тиҷорат вобаста хуб аст. Қавсҳои танҳо дӯстдоштаи худро вомехӯранд, вале аз пешниҳоди издивоҷ метарсанд. Дар муносибат бо ҳамкорон эҳтиёткор бошед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар коргоҳатон рӯйдодҳои хуб ва манфиатовар дар назар аст. Кӯшиш кунед, ки ҳунари худро нишон диҳеду мансаби баландеро соҳиб шавед. Баланд шудани маош айни ҳол дар назар нест, ҳангоме, ки роҳбариятро бо кордониатон қоил намудед, дури мақсуд ба каф меояд. Вазъи иқтисодиатон охирирӯз хуб мешавад. Имкони харидани ашёи орзукардаатон пайдо мешавад.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Атрофиён роҳҳои гуногуни бо шумо дўст шуданро  меҷўянд, то аз сирру асроратон огоҳ шаванд. Ба касе рози дил накарда, хомӯшона аз паи амалӣ намудани нақшаю лоиҳаҳои худ гардед. Имрӯз барои ҳалли масъалаҳои тиҷоратӣ ва пул кор кардан аст. Аз фурсати мувофиқу хандаи бахту тақдир боақлона истифода баред. Меҳру муҳаббататонро бар сари азизи дилатон ҳамчун марворид бедареғ бипошед ва дар ҷодаи ишқ шодком мегардед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Кори зодагони бурҷи ҳут дар тиҷорат низ барор хоҳад гирифт. Аммо дар робита бо шарикони корӣ эҳтиёткор  буд. Агар дили онҳоро ба даст биёред, соҳиби хонаву мошин хоҳед шуд. Бахтатонро аз даст надиҳед. Аз шахсе, ки кайҳо ҳамнишастатон нест, хушхабаре мешунаведу шод мешавед.  Нофаҳмие байни шумо ва маҳбубаи шумо сар мезанад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *