Толеъномаи 25-уми январи соли 2022
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз дар ҷойи коратон душвориву монеаҳо зиёд мегарданд, вале бо кумаки яке аз ҳамкорони ботаҷриба аз вазъият мебароед. Агар ба танқиди ҳамкоратон оромона гӯш диҳед, ҳамкории судманди якҷоя мекунед. Бештар дар ҳавои тоза гашта, реҷаи хӯроки худро дуруст ба роҳ монед.
Савр (21 апрел-22 май)
Дар ин рӯз натиҷаҳои моҳи гузаштаро ҷамъбаст мекунед. Шумо хаёлан худро барои кори анҷом додаатон ва рафъи мушкилоти молиявӣ ситоиш мекунед. Дар ҳаёти шахсиятон ҳама чиз саргуму бемаънӣ буда, эҳтимоли аз дӯстдоштаатон ҷудо шуданатон имкон дорад. Сари қаҳр кореро, ки баъдан боиси пушаймонӣ мегардад, накунед.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Бо атрофиён нармдилу хушмуомила бошед, нисбаташон танқидро раво набинед. Барои нафароне, ки ба савдои яклухт машғуланд, айёми мусоид аст. Рақибонро ҷониби худ ҷалб намуда, дар маблағгузорӣ ғалат намекунед. Сайругашти бегоҳирӯзӣ бароятон қуввату саломатӣ ва табъи хуш мебахшад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз қувваву нерӯи худро барои корҳои муҳимтар сарфа кунед, барои ҳар кори ночиз хаста нагардед. Имкони ба кори хубтар пайвастану ошиқ шуданатон вуҷуд дорад. Ба доираи нафароне меафтед, ки дар амалӣ сохтани нақшаҳои эҷодӣ кумак мерасонанд.
Асад (23 июл-23 август)
Дар ин рӯз бояд босабру таҳаммул бошед, ба дағалии дигарон бо дағалӣ ҷавоб надиҳед. Ба лоиҳаҳое, ки аз он фоидаи кам ба даст меояд, даст назанед. Шукри чизи доштаатонро карда, кӯшиши даҳ ангуштро ба даҳон андохтанро накунед. Агар дар масъалаҳои молиявӣ бархӯрдор бошед, охири моҳ даромади хуб мегиред.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз як қисми маблағи кор кардаатонро барои рухсатии ба нақша гирифта гузоштанатон лозим меояд. Тамоми корҳои муҳимро субҳи саҳар ба анҷом расонед, то ки барои истироҳат вақт монад. Кори сунбулаҳое, ки ба сиёсат, шоу-бизнес ва санъат машғуланд, бобарор мегардад. Бегоҳирӯзиро ба сайругашт бубахшед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Мавқеатон дар ҷомеа чандон хуб нест, бар замми ин, бо дӯсти наздикатон муноқиша имкон дорад. Аз имкон дур нест, ки шумо худатон сабабгори муноқиша гаштаед, аз ин хотир, аввалин шуда, барои оштишавӣ кӯшиш намоед. Мушкилиҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоиро бо шарофати нафарони воломақом рафъ месозед. Дар ҷодаи муҳаббат аз интихоби шумо ояндаатон вобастагӣ дорад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз ба хонаву оилаатон машғул шавед, корро муваққатан ба таъхир гузоред. Аз ҷониби дӯстон бухлу ҳасад имкон дорад, аз ин лиҳоз, ба онҳо мисли худашон ҷавоб надиҳед. Бегоҳирӯзӣ ба театру кино рафтан ё маърака оростанатон хуб аст.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Нармдилиятон нисбати атрофиён боиси он мегардад, ки диққати худро ба лаҳзаҳои муҳими равонӣ равона месозед. Агар ба нафаре боварӣ надошта бошед, бо ин нафар муносибатҳои дӯстона барқарор накунед. Мурофиаҳои судӣ, масъалаҳои мерос ва хариду фурӯши хона бобарор анҷом меёбанд.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз ба худу имкониятҳоятон эътимод дошта бошед. Аз бепарвоиву хатои шумо дар корҳои молиявиятон мушкилӣ сар мезанад. Дар ҳаёти шахсиятон бошад, ҳама чиз хуб аст, гӯё бо амри Парвардигор хушбахтӣ ҳамсафаратон мегардад.
Далв (21 январ-20 феврал)
Рӯзи олиҷаноб аст, аксари орзуҳоятон ҷомаи амал мепӯшанд. Аз чунин комёбӣ ва пешравии касбӣ саратон ба осмон мерасад. Сафари хориҷа бобарор гашта, ҳамкорони нави тиҷоратӣ меёбед. Дар ҷодаи муҳаббат аз ҳад зиёд раҳмдил нашавед, вагарна сахт пушаймон мегардед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Ҳутҳои аз ҳад зиёд иззатталаб ба вазъияти ногуворе афтода, бо наздиконашон муноқиша мекунанд. Аз ҳад зиёд сергапӣ накунед. Бегоҳирӯзӣ аз нафари ношиносе туҳфа мегиред. Агар нағзакак андеша намоед, аз кӣ будани туҳфаро муайян менамоед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ