Толеъномаи 26 январ 2019
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Имрӯз шуморо як қатор мушкилиҳо интизор аст. Онҳо бояд чусту чолокиро ба кор бурда, худро аз ин мушкилӣ раҳо созанд. Барои тиҷорат рӯзи мусоид нест. Аз ҳисоби саломатӣ имрӯз метавонед бе ташвиш бошед.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Имрӯз шуморо пешравиҳои зиёд интизор аст, Дар ҷодаи ишқу ошиқӣ низ пешравиҳои зиёде дар назар аст. Шояд пешниҳоди издивоҷ гиред. Дар коргоҳ бештар амал кунед на пургӯӣ. Дар зери борон бе чатр нагардед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Имрӯз аз истеъмолӣ нӯшокиҳои хунук даст кашед, зеро хавфи гулӯдард ва зуком шуданатон мавҷуд аст. Саломатиатонро эҳтиёт кунед. Аз корҳои вазнини ҷисмонӣ дур бошед. Бештар бароимашғул шудан ба эҷодиёт рӯзи мувофиқ аст.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Меҳнататон аз тарафи роҳбар имрӯз қадрдонӣ карда мешавад. Ҳарчанд табиатан орому беозор ҳастед, вале бояд имрӯз дар ҷавоби ноадолатии бадхоҳон ором наистед. Шом барои мулоқот ва ҷамъомадҳои дӯстона муввофиқ аст.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Дар коргоҳ баъзе навгониҳо ба амал меояд, ҳарчанд на ҳамаашон ба манфиати шумо хоҳанд буд. Ҳангоми харидорӣ дар бозор боэҳтиёт бошед то ба доми фиреб афтода моли бесифатро харидорӣ накунед.Саломатиатон давоми рӯз хуб буда, ташвишатон намедиҳад.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Барои яке аз нафароне, ки бароятон азиз аст, имрӯз кумаки шумо зарур мешавад. Хайрхоҳӣ ва ёрии бе миннат карданатон шуморо азизи дили ҳамагон мегардонад. Барои он, ки дарди меъдаатон боз хурӯҷ накунад аз истеъмоли хурокҳои вазнинҳазм худдорӣ намоед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Асабонияти беш аз ҳад боиси ҷанҷоли калон дар коргоҳ мешавад. Ҳарчанд дар аввал роҳбар аз шумо хафа мешавад, вале охири рӯз муносибатҳоятон боз хуб хоҳанд шуд. Бо табъи нохуш ба мулоқоти ошиқона низ наравед. Доруҳои оромбахш истеъмол намоед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Дар коргоҳ баъзеҳо ба шумо ҳасад мебаранд ва кушиши бадном карданатонро доранд. Эҳтиёткор бошед дӯстро аз душман ҷудо карданро омӯзед. Аз масрафи беҳуда худдорӣ намоед то вазъи иқтисодиатон беҳтар гардад.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Аз шунидани хабаре табъатон нохуш мегардад. Вале ин боис мегардад, ки душманонро аз дутон фарқ мекардагӣ шавед. Беҳтараш аз кор ҷавоб гирифта ба назди фарзандон равед. Аз нӯшокиҳои алкоголӣ дур бошед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Мушкилоте, ки имрӯз ба саратон меояд ҳарчанд кӯшиш кунед ҳам то охири рӯз ҳал нахоҳад шуд. Бинобар ин беҳуда асабонӣ нашавед ва аз пайи иҷрои корҳои рӯзмарраатон шавед. Рафтан ба шабнишинӣ ва мулоқотҳои ошиқонаро тавсия намедиҳем.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Дар аввали рӯз шуморо вохӯрии ғайричашмдошт интизор аст. Аз вохӯриҳои ошиқона даст накашед. Вақти он расидааст, ки барои пайдо кардан бахти худ кӯшиш намоед. Дар муошират бо ҳамкорон дағалрафторӣ накунед. Ба онҳое, ки аз шумо кумак мехоҳанд ҷавоби рад надиҳед.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Барои ба даст овардани дили дӯстдоштаатон бояд имрӯз кӯшиш ба харҷ диҳед. Агар бо дугонааш дӯсти барқарор намоед ин кори шумо осон мегардад. Нимаи дувуми рӯз хабаре мешунавед, ки шуморо хурсанд месозад. Ҳангоми гузаштани роҳ ва ё дар сари чамбарак боэҳтиёт бошед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ