Толеъномаи 25 январи 2020, шанбе

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Зодагони мучали ҳамалро лозим аст, имрӯзро тавре сипарӣ намоянд, ки гӯё дирӯз ба дунё омада бошанд. Аз зиндагӣ ҳаловат баред, хушҳолӣ кунед ва бепарво бошед. Баъзан бепарвоӣ фоида дорад. Вале дар масъалаҳои молиявӣ ҷиддӣ амал кунед. Фаромӯш насозед, ки пул ҳисобу китобро дӯст медорад.

Савр (21 апрел-22 май)

Рӯзи бобарор аст, шиносҳои нав пайдо намуда, таассуротҳои тоза мебардоред. Нафареро, ки дӯсти дерин мешуморидед, симои аслии худро нишон медиҳад. Ба саломатии худ диққати хоса диҳед, хусусан ба ҳолати буғумҳо ва сутунмуҳра таваҷҷуҳ намоед. Аз корҳои ҷисмонӣ ва варзиш худдорӣ намоед.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)

Барои нафароне, ки дар ин рӯз нияти бозору мағозагардӣ доранд, рӯзи сарф кардани пули зиёд аст. Эҳтимол шумо молу ашёеро харидорӣ мекунед, ки тамоман бароятон даркор намешавад. Дӯстатон хабари хуш меорад ва то дергоҳ дар мавриди он суҳбат мекунед. Ба дил гумони бадро роҳ надиҳед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар ин рӯз ба масалаҳои пулӣ ва касбу корӣ аз ҳад зиёд мароқ зоҳир накунед. Вазъи молиявиатон душвор мегардад, даромади пулӣ ба даст оварда наметавонед. Агар хоксории худро нишон дода тавонед, баъзе нафарони хайрхоҳ ба кумакатон мешитобанд. Дар муносибатҳои оилавӣ нофаҳмӣ имкон дорад.

Асад ( 23 июл- 23 август)

Зодагони мучали асад дар ин рӯз барои баҳсу мунозира баҳона меҷӯянд. Агар ташнаи ҷангу муноқиша бошед, нерӯи манфии худро бо варзиш берун намоед. Варзиш асабатонро низ ором намуда, атрофиёнро аз дағаливу дуруштгуфтории шумо эмин нигоҳ медорад. Дар масъалаҳои пулӣ баъзе тағйиротҳо дида мешаванд. Маблағи деринтизорро ба даст меоред.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Зодагони мучали сунбула дар ин рӯз ба ҳар нафаре, ки рӯ ба рӯ шаванд, маслиҳат медиҳанд. Ба нафаре дар бобати саломатӣ, ба дигаре бобати ҳаёти шахсӣ ва ба сеюмӣ оиди афту андом фикру андешаи худро баён намуда, сабаби сар задани муноқиша мегардед. Қабл аз он ки нафареро муҳокима мекунед, ба камбудиҳои худ нигаред.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Дар ин рӯз имкониятҳои мусоидро барои беҳтар сохтани касбу кор ва вазъи молиявӣ аз даст надиҳед. Мурғи иқболро аз даст надиҳед, вагарна вазъият ҳар лаҳза метавонад, тағйир ёбад. Айни замон иваз кардани ҷои кор маслиҳат дода намешавад, вале ба касбу кори пешина рӯ овардан боиси ба даст овардани фоидаи пулӣ мешавад.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)

Рӯзи душвор аст. Дар назди нафарони ношинос кӣ будани худро нишон доданатон лозим меояд. Аз баҳсу мунозираи шадид гурехта наметавонед. Сафари корӣ айни муддао аст, шумо бояд вазъи молиявии худро мустаҳкам намоед. Дар муносибат бо аҳли хонавода фишор наоред, беҳтараш мусолиҳаомез ҳамдигарфаҳмӣ кунед.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)

Рӯзи хубест барои хариди хона ва машғул шудан бо корҳои сохтмонӣ. Нафароне, ки имкони ба сафар баромаданро доранд, оромишу осудагӣ ба даст меоранд. Мутаасифона, вазъи саломатӣ нохуб мегардад. Масунияти бадан ва дилу рагҳои хунгард бемор мешаванд. Ҳангоми худро бад ҳис кардан, фавран ба табиб муроҷиат намоед.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)

Баъзе зодагони мучали ҷаддӣ дарк мекунанд, ки муносибатҳои ошиқонаи онҳо дар асоси садоқат ва ва дӯстии асил сохта шудааст. Дидор бо дӯстон ва ҳамфикрон дар ин рӯз боиси хушҳоливу қаноатмандии шумо мегардад. Аз лоиҳаҳои пурмоҷаро худро канор гиред. Нафароне, ки нияти харидорӣ намудани мебелро доранд, дар ин рӯз серташвиш мешаванд.

Далв (21 январ- 20 феврал)

Дар ин рӯз ба амалу кирдорҳое, ки боиси сарфи зиёди пул мегардад, даст назанед. Дар касбу кор аз рӯи нақша амал кунед. Нимаи аввали рӯз зуд ва босамар амал карда метавонед, вале баъди нисфирӯзӣ бо сабаби фаромӯшхотирӣ ва бедиққатии шумо ғалатҳо сар мезананд. Истодагарӣ дар роҳи расидан ба ҳадаф ба вазъи молиявиатон таъсири хуб мерасонад.

Ҳут (21 феврал- 20-март)

Дар ин рӯз зимни робита бо ҳамкорон боэҳтиёт бошед. Як сухани ноҷои шумо боиси вайрон шудани муносибатҳо гашта метавонад. Нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, дучори баъзе мушкилоти молиявӣ мегарданд. Дар муносибатҳои ошиқонаи шумо мушкиле дида намешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *