Толеъномаи 26 июн 2018

    Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Рӯзи бобарор аст, махсусан барои он ҳамалҳое, ки пас 10 ум число ба дунё омадаанд Атрофиён шуморо  бо як ишора дарк мекардагӣ мешаванд.  Додани маслиҳату машварат ба корафтодагон ва иқрор шудан ба хатогиҳои хеш мавқеъ ва шахсияти шуморо танҳо қавитар мегардонад.  Вале мушкилоти оилавие, ки нимаи дувуми рӯз сар мезанад табъи шуморо каме нохуш мегардонад. Аз муноқиша бо наздикон худдорӣ намоед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Рӯз нисбатан мушкил мегузарад, зеро шумо маҷбӯр мешавед ғайри ихтиёр ба ваъдае, ки хело пеш дода будед вафо кунед. Дар муошират бо одамони ношинос аз эҳсосоти дили хеш ҳарф занед ва маслиҳати онҳоро барои рафъи мушкилот истифода баред.  Рӯзи барои харид ва умуман хароҷоти калон мутобиқ нест. Барои барқарорсозии муносибатҳои бадгашта бо ҳамхонаҳо айни муддаост.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Имрӯз сафарҳои ногаҳонӣ ва серкорӣ шуморо интизор аст. Ҳарчанд барои зиқ шудан фурсат намеёбед, барои дамгирӣ низ вақт ҷудо карда намешавад.  Нимаи дувуми рӯз ба мулоқоти корӣ наравед ва ягон намуд ҳуҷҷатро имзо накунед.  Нимаи дувуми рӯз ҳам фаъолияти корӣ ва ҳам зиндагии шахсиатон равнақ хоҳанд ёфт.  Аз истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Рӯзи хуб буда, имконияти ба анҷом расонидани корҳоеро пайдо мекунед, ки пеш аз ин барои анҷомаш фурсат намеёфтед. Эҳтимоли гирифтани хабари хуш аз роҳи дур вуҷуд дорад. Дар ҳама кор ба онҳое, ки хуб мешиносед бовар кунед. Рӯз барои оғои корҳои нави тиҷорӣ мусоид нест. Зеро хавфи оне, ки вақту қувваи зиёд сарф мекунеду даромади кам мегиред зиёд аст.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Рӯз бароятон на онқадар бобарор меояд, зеро ончиеро, ки мехостед ба даст оварда наметавонед. Ба мушкилоти иқтисодӣ дучор гашта маҷбӯр мешавед манбаи иловагии даромад пайдо кунед. Муносибатҳои шахсиатон бошад баръакс хуб сурат мегиранд. Имконияти ба даст овардани дили ранҷидаи азизатонро пайдо хоҳед кард. Шом ба аёдати дӯстон рафтан ё ташкил намудани вохӯрии дӯстона дар манзили худатон кори хуб хоҳад буд. Нисбат ба наздикони хеш ҳалиму меҳрубон бошед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Аввали рӯз аз мулоқоту муошират бо инсонҳое, ки ба шумо писанд нестанд даст кашед беҳтар аст. Зеро шумо ҳассос шуда, ҳама гапро ба дил наздик қабулмекардагӣ мешавед. Аз рафтан ба маъракаву ҷамъомадҳои серодам низ худдорӣ намоед беҳтар. Барои анҷоми корои муҳим рӯзи  мувофиқ аст. Ба касе аз дӯстону наздикон ягон эрод нагиред. Зеро гапи хурд метавонад боиси сарзадани мушкилоти бузург шавад.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Имкониятҳои хуб пешорӯятон мебароянд, вале барои истифодаи он бояд дудилагиро канор гузошта боғайраттар бошед. Воқеаҳои имрӯза барои шумо як навъ имтиҳонбуда, бояд дар рафъи мушкилот на аз маслиҳати дигарон, балки аз ақлу таҷрибаи хеш истифода кунед. Дар гуфтаҳоятон устувор монед ва нагузоред дигарон ақидаҳояшонро ба саратон бор кунанд. Аз гирифтани қарзҳо нав худдорӣ намоед ва беҳтараш дар фикри баргадонидани қарзҳои пешина навед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Дар умум чи гуна гузаштани рӯзаз фикрронии шумо вобастагӣ дорад. Агар шумо фикрҳои бадро аз сар дуркарда, дар бораи чизҳои хуб фикр кунед ҳатман ҳама корҳоятон ба хубӣ ривоҷ хоҳанд ёфт.  Муносибат бо наздикон каме гирифтаву шигифтангез аст, аммо шумо метавонед ин ҳамаро бе ҷангу хархаша ба хубӣ ҳал намоед. Фикри гурехтан аз иҷрои вазифаҳоятон  ё вогузор карданаш ба дигаронро накунед вагарна оқибаташ вазнин мешавад.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Дар маҷмӯъ рӯз бад намегузарад, ҳарчанд онқадар хуб ҳам нест. Бештар кӯшиш кунед барои истироҳат вақт ҷудо кунед. Дар байни наздикон шумо нақши роҳбарикунандаро доред ва аксарият ба ақидаҳои шумо гӯш андохта аз рӯйи маслиҳатҳоятон амал менамоянд. Вале сабаби нобарориро низ дар сухани шумо диданашон мумкин. Бинобар ин  вақте гап дар бораи ҳаёти дигарон меравад, эҳтиёткорона сухан кунед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Рӯз барои сафар мувофиқ буда, шумо аз ин сафарҳо бурди зиёд бадаст меоваред. Вохӯриҳои дилнишину хотирмон ва шиносоииҳои умедворкунанда бо намояндаи ҷинси муқобил дар назар аст. Шумо танҳо аз рӯйи хости дилатон амал карда, аз ақл кор намегиред. Вале чун  интихоби дилатон одами хубу боваринок аст ба ягон хатои ҷиддие роҳ намедиҳед. Пешниҳоди наву ҷолибе мегиред, вале агар ҷойи кори кунуниатон бароятон арзишманд бошад аз кори носанҷида даст кашед беҳтар аст.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Нимаи аввали рӯз аз баъзе одамон дилмонда шуда хастурӯҳ мегардед. Вале нимаи дувуми он бо гирифтани хабари хуш аз шиносҳои қадима табъатон болида мегардад. Рӯз барои оғози корҳои муҳими илмӣ мувофиқ аст. Ботамкинӣ ва пурбардориатон имрӯз сабаби муваффақиятатон хоҳад гашт. Ҳарчанд бо масъулиятҳои нав ба дӯшатон меафтанд, вале наҳаросед давоми рӯз муваффақият ҳамқадами шумост.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Барои бурун шудан аз ин ҳолати дилгиркунанда ба зиндагиатон навгониҳо ворид намоед. Ҷойи зистатонро як муддат иваз кунед, тарзи либоспӯшӣ ва ороиши мӯйю рӯйро дигар кунед. Нимаи дувуми рӯз ба иҷрои корҳое даст занед, ки бароятон тамоман ношинос аст. Наҳаросед ин кор бароятон ҳам мувафақият ҳам дилхушӣ меоварад. Кореро, ки аз ӯҳдаи иҷрояш намебароед ба дӯш нагиред. Ва кори оғознамудаатонро нимкора нагузоред.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *