Толеъномаи 26-уми марти соли 2022
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Рӯзи номусоиду хатарнок аст. Аз гуфтори ноҷову дуруштӣ ва шӯхиҳои духӯра худдорӣ намоед. Ба дӯстдорони нӯшокиҳои спиртӣ истеъмоли машруботро тавсия намедиҳем. Баъди нисфирӯзӣ эҳтимоли шунидани хабари нохуш оид ба касбу коратон вуҷуд дорад. Ба дӯстдоштаи худ қавлу қасами беҳуда надиҳед.
Савр (21 апрел-22 май)
Дар ин рӯз бе ягон сабаб ташвишу изтироб ба дилатон ҷой шуда, аз кори худу атрофиён қаноатманд намегардед. Бадгумониятон имкон медиҳад, ки фиребу хиёнатро сари вақт пай бубаред. Душвориҳои пешомадаро ба дӯши дигарон бор кардану қаҳру ғазаби худро аз наздиконатон гирифтанӣ нашавед. Ин амалатон вазъиятро душвортар месозад. Танҳо бо ҳазлу табъи хуш худро ба даст гирифта метавонед.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Корҳои хона аз шумо саъю талоши зиёдро наметалабанд, мушкили зиёдеро дарҳол рафъ месозед. Дар ҳаёти шахсиятон тағйирот рух медиҳад. Хусусан бонувон бояд ба навигариҳо омода бошанд. Мардҳоро мушкилиҳои оилавӣ ғамгин месозанд. Сабрро пеша намоед, вазъият ба зудӣ беҳтар мегардад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Рӯзи хеле номусоид аст. Хафагиву ранҷиш рух медиҳад. Муносибат бо атрофиён сард мегардад, нақшаҳоятон амалӣ намешаванд. Саросемавор ба ягон қарор наоед, роҳи дурустро пайдо месозед. Саломатиятон хуб аст, вале бо кори вазнини ҷисмонӣ машғул нашавед.
Асад (23 июл-23 август)
Рӯзи вазнину хатарнок аст. Ҳангоми робита бо атрофиён ба дағалӣ роҳ медиҳед, ки ин хоси хислати шумо нест. Аз гуфтори дағалу шӯхиҳои тагдор худдорӣ намоед. Бо кори вазнини ҷисмонӣ машғул шуданро тавсия намедиҳем. Ҳангоми кор бо асбобҳои нӯгтезу буранда, асбобҳои барқӣ ва шиша боэҳтиёт бошед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз имкони бемор шудану ҷароҳат бардоштан ё фишори руҳӣ вуҷуд дорад. Ситораҳо тавсия медиҳанд, ки танҳо бо корҳои аз уҳдааш мебаромада машғул шавед. Аз таваккал кардану кор бо асбобҳои нӯгтез, таҷҳизоти барқӣ худдорӣ намоед. Имрӯз дар ҷодаи муҳаббат ва ғизохӯрӣ андозаро нигоҳ доред, вагарна ғалати бисёр мекунеду меъдаро бемор месозед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Нафароне, ки бо тиҷорат сарукор доранд, аз шарикони пештараашон пешниҳоди корӣ мегиранд. Дарҳол розӣ нашуда, вазъиятро ҳаллу фасл намоед. Фиребу хиёнат имкон дорад. Ба хурӯҷ намудани бемориҳои музмин диққат диҳед. Каме нотоб шуданатон оқибати ҷиддӣ ба бор меорад. Хоби дар ин шаб дидаатон амалӣ мешавад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Аз шиносоӣ бо нафари аҷибу зебо хеле хушбахт мегардед. Хаёлан ояндаи якҷояатонро тасаввур карда, ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Ҳангоми робита бо хешу ақрабо одоби муомиларо нигоҳ доред. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷустанатон беҳтар аст. Аз рӯйи имкон бештар дар ҳавои тоза гаштугузор намоед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Рӯзи хубест барои амалӣ шудани нақшаҳоятон. Аз рафтори дағалона бо ҳамкорон ва садо баланд кардан нисбати роҳбарият худдорӣ намоед. Дар сари эҳсосот ба муноқишаи бароятон нодаркор роҳ надиҳед. Хонаву дари худро аз чизҳои куҳнаву нодаркор тоза кунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз имкони бемор шудану ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад. Кӯшиши ба сари касе фармонфармоӣ карданро накунед. Ҳангоми кор бо асбобҳои буранда ва таҷҳизоти барқӣ эҳтиёт шавед. Дағалӣ нисбати дӯстдоштаатон боиси муноқиша карданатон мегардад.
Далв (21 январ-20 феврал)
Ҳаёти оилавиятон мисоли фасли зебои баҳор софу беғубор мегардад. Агар тамоми рӯзро бо шахсони бароятон наздик гузаронед, табъатон болида мегардад. Аз пайи коре шавед, ки ҳам манфиатбахш бошаду ҳам даромаднок. Вазъи саломатиятон имрӯз ташвиш намедиҳад.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Дар ин рӯз мушкилиҳои молиявӣ, аз қабили сарфи зиёд ва гум кардани пул имкон дорад. Муваққатан бо сабабҳои бароятон номаълум бояд аз сафари дарозмуддат худдорӣ намоед. Тағйиротро дар ҷодаи молиявӣ оромона қабул кунед, вагарна тамоми рӯз бо табъи гирифта мегардед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ