Толеъномаи 26-уми ноябри соли 2023
Ҳамал
Имрӯз барои тағйиротҳо созгор аст, аз ин рӯ, ҷасурона ҳар чизеро, ки дигаргун кардан мехоҳед, тағйир диҳед. Масалан, метавонед мебели хонаи худро ҷойгардон намоед. Дар муносибатҳои ошиқона баъзе нофаҳмиҳо имкон дорад. Бо нафаре, ки бароятон азиз аст, муноқиша накунед, вагарна ба зудӣ оштӣ шуда наметавонед.
Савр
Агар сабру таҳаммулро пеша намуда, ба шитобкорӣ роҳ надиҳед, муваффақият ҳамсафари шумо мегардад. Дар якҷоягӣ бо мушкилоти ночиз аз пайи корҳои муҳимтари худ шуда метавонед. Дар ин рӯз хатари ҷароҳат бардоштанатон эҳтимол дорад, аз ин рӯ, дар ҳама кор эҳтиёт шавед.
Ҷавзо
То маҷбур нашавед, ба кори нав даст назанед. Дар ин рӯз интихоб карданатон лозим меояд. Агар дар коре дудила шуда, чӣ кор кардани худро намедониста бошед, истиҳола намуда, айёми мусоидтарро интизор шавед ё бо нафарони бообрӯ маслиҳат кунед. Нисбати бемориҳои сабук бепарвоӣ накунед.
Саратон
Агар дар симои шиноси наватон шахси меҳрубону хушчақ-чақро пайдо намоед, саросема шуда, тамоми дарди дилатонро дар наздаш нагӯед. Рӯзҳои наздик маълум мегардад, ки ин нафар наметавонад шуморо хушбахт намояд. Барои вохӯриҳои муҳим рӯзи мусоид нест.
Асад
Рӯзи бобарор аст. Ташвишатон хеле зиёд мешавад, вале шумо аз уҳдаи ҳамаи кор ба хубӣ мебароед. Вохӯриву сафарҳои кутоҳ, мулоқоти ошиқона ва шиносоиҳои нав бобарор анҷом меёбанд. Аз ҷойҳои шамолдаро эҳтиёт шавед, имкони бемор шуданатон зиёд аст.
Сунбула
Дар назди худ масъалаҳои дастрас гузошта, ба коре, ки аз уҳдааш намебароед, даст назанед. Дар ҷодаи муҳаббат ба ягон нофаҳмӣ роҳ надиҳед, хабарҳои хуш мешунавед. Дӯстдоштаатон бо армуғоне хотиратонро шод мегардонад. Рӯзи хубест барои дилхушиву маъракаҳои пурнишот.
Мизон
Дар ин рӯз ҳама коратон барор мегирад. Эҳтимол наздикон дар амалӣ шудани нақшаҳоятон кӯмак мерасонанд, шумо низ кӯшиш намоед онҳоро дастгирӣ намоед. Бештар дар робита бошед, зеро бо кӯмаку дастгирии пайвандон мушкилоти зиёди худро бартараф ва саломатиро беҳтар карданатон мумкин аст.
Ақраб
Дар ин рӯз кӯшиш намоед ба амалҳои беандеша даст назанед. Нисбати худ таърифу тавсифи зиёд ва суханони пурмуҳаббатро шунида, саратон ба осмон мерасад. Нафаре аз худ дарак медиҳад, ки аз суҳбаташ нерӯи тоза мегиред. Рӯзи хубест барои мулоқоти ошиқона ва шиносшавӣ.
Қавс
Рӯзи хуб аст. Агар бо кори тиҷорату савдо машғул бошед, имкониятҳои хуби пешравӣ пайдо мешаванд. Барои расидан ба мақсад на танҳо хоҳиш, балки корчаллон буданатон лозим аст. Агар сари қароре таъхир намоед, вақти мусоиду пурқиматро аз даст медиҳед.
Ҷаддӣ
Барои расидан ба муваффақият бояд фаъолнокии бештаре зоҳир намоед. Муносибати худро бо нафароне, ки минбаъд ҳамкорӣ кардан мехоҳед, беҳтар созед. Саломатиро эҳтиёт кунед, аз фишори руҳӣ ва корҳои хатарнок дурӣ ҷӯед. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи бобарор нест.
Далв
Дар ин рӯз бо наздикони худ муноқиша карданатон имконпазир аст. Барои он ки муносибататон бадтар гашта, табъатон хира нагардад, барои паст намудани қаҳру ғазаби худ кӯшиши зиёд ба харҷ диҳед.
Баъди нисифрӯзӣ хабари аҷиб мешунавед. Ошиқон аз дидори якдигар шод мегарданд.
Ҳут
Дар ин рӯз диққати худро ба коре ҷалб карда наметавонед, аз ин рӯ, корҳои ҳалталаб амалӣ намешаванд. Омода бошед, ҳодисаи ногаҳонӣ нақшаҳоятонро тағйир медиҳад. Оромиро риоя намуда, ба худ эътимод намоед ва дар ҳама ҳолат бурд мекунед. Саломатии яке аз наздикон шуморо ба ташвиш меорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ