Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Аз субҳ барои ободонии хонаву дар ва тағйир додани муносибатҳои оилавӣ кӯшиш ба харҷ диҳед. Рӯзи бобарорест барои оғози ҳама намуд кори нав. Нимаи дувуми рӯзро беҳтараш дар хона гузаронед, зеро дар кӯча нафаре табъатонро хира мегардонад. Шом барои дидорбинии бобову бибӣ ва волидони пир рафтанро фаромӯш насозед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Имрӯз иштиҳоятон баста мегардад, вале инро нишонаи ягон бемор шуморида, маҷбуран хӯрок нахӯред. Рӯзҳои наздик имкони пулкоркуниро пайдо месозед. Маблағи бадастовардаатон аз фаъолнокии шумо вобастагӣ дорад, аз ин рӯ ба танбаливу бекорӣ роҳ надиҳед. Дӯстон бо шумо дидорбинӣ кардан мехоҳанд, бо вуҷуди серкорӣ ҳатман барояшон вақт ҷудо кунед. Нимаи дувуми рӯз шуғле пайдо мекунед, ки тамоми вақти холиятонро фаро мегирад.
Асадҳое, ки мошин меронанд, дар ин рӯз бояд хеле боэҳтиёт бошанд. Бо вуҷуди ба маслиҳати нафаре ниёз надоштанатон, барои ҳарфи оқилонаву кӯмак изҳори миннатдорӣ кунед, вагарна минбаъд мушкили худро дар танҳоӣ рафъ намудан лозим меояд. Барои аз саломатии худ дилпур будан ҳатман ба табиб муроҷиат намоед. Бо ҳар сабаби ночиз асабонӣ нашавед. Хастагиву бемадориятон нишонаи он аст, ки худро эрка намекунед. Бештар хӯрокҳои серғизо истеъмол намуда, истироҳатро фаромӯш насозед.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Дар ин рӯз аксарият аз дарди оринҷу банди даст ва зонувон азият мекашанд. Ҳатман ба табиб муроҷиат кунед ва мустақилона машқи сабуки бадан кунед. Миёнаи рӯз душвор бошад ҳам, хатоҳои дар гузашта содирнамудаи худро ислоҳ мекунед. Нафареро ранҷонида бошед, бахшиш пурсед. Минбаъд кӯшиш намоед, ки дили нафареро наранҷонед. Ҳангоми ибрози ақида кардан ба нуқтаи назари дигарон низ диққат диҳед. Нафаре аз шумо изҳори муҳаббатро интизор аст, вале дудилагиятон барои гузоштани қадами ҷиддӣ монеъ мегардад.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Аввали рӯз аз танбаливу бекории атрофиён асабатон хароб мегардад. Бо кори зиёд андармон шуданатон хуб аст, вале наздикони худро низ фаромӯш насозед. Миёнаи рӯз чӣ тавр сарф кардани маблағи худро нафаҳмида мемонед. Охири рӯз аз рафтори шахси дӯстдоштаатон норозӣ мегардед. Бо сабаби тамоми уҳдадориву ташвишро ба дӯши худ бор карданатон, нафаре, ки аз ҷон бештар дӯсташ медоред, болои саратон баромадааст. Вақте расидааст, ки ӯро аз осмон ба замин фароварда, уҳдадориҳояшро ёдовар шавед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Реҷаи рӯзро риоя кунед. То нимаи шаб кор кардану ба ҷои истироҳат заҳмат кашидан лозим нест. Ҳама кор вақти худро дорад. Ғами саломатии худро хӯрда, ҳама корро пайи ҳам иҷро кунед. Нафареро насиҳату ба коре талқин накунед. Аз худ омӯзгор натарошед, беҳтараш бо маслиҳат кӯмак расонед. Миёнаи рӯз агар имкон бошад, ба ҷое сафар накунед. Худро нотоб ҳис карда, ҳангоми ба назди духтур рафтану ташхис кардан асабатонро хароб месозед.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Ҳар гаперо, ки дар дил доред, ба забон наоред, вагарна чанд нафарро меранҷонед. Миёнаи рӯз имкони ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад. Ҳангоми пушидани дар ва маҳкам кардани қулф бодиққат бошед. Нимаи дувуми рӯз чанд хабари ногувор мешунавед. Охири рӯз барор ҳамсафари шумо мегардад. Нафарони зиёде аз шумо маслиҳату кӯмак мепурсанд. Бо мушкили дигарон машғул шуда, саломатии худро дар хатар нагузоред. Мушкилоти пулие, ки ба саратон меояд, чандон душворҳал нестанд.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Тамоми фикру хаёлатон ба шахси дӯстдоштаатон банд гашта, хаёлан дар олами орзуҳо парвоз мекунед. Миёнаи рӯз дар саломатиятон мушкилӣ сар мезанад. Ба ҳеҷ ваҷҳ бо худтабобаткунӣ машғул нашавед, ин кори хеле хатарнок аст. Танҳо табиби кордон ва ташхиси дақиқ ба дарди шумо даво меёбад. Барои саломатӣ пулро дареғ надоред. Дар муносибатҳои ошиқонаатон баъзан нофаҳмӣ рух медиҳад. Одати шабона бо тамошои телевизор машғул шуданро партоед
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Аслан шуморо асабонӣ кардан кори осон нест, вале дар сурати пеш омадани монеаҳо касе наметавонад сади роҳи қаҳру ғазаби шумо гардад. Ҳар хабаре, ки мешунавед, дурустияшро санҷида, ҷонибдори нафаре нагардед, вагарна ба ғалат роҳ медиҳед. Агар чизе асабатонро хароб мекарда бошад, дар ин бора ба касе чизе нагӯед. Барои ба дили наздикони худ роҳ пайдо кардан кӯшиши зиёд ба харҷ доданатон лозим меояд. Аз ҳад зиёд хаста шудан боиси паст шудани масунияти бадан ва фишори руҳӣ мегардад.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Бо вуҷуди берангу бемаънӣ будани аввали рӯз шахси дӯстдоштаатон бо туҳфаву армуғонҳояш хотиратонро шод мегардонад. Зуд-зуд ҳавои хонаи худро тоза карда, ҳатман ба сайругашт бароед. Аз ҷойҳои пур аз чанг, аз қабили китобхона ва осорхонаҳо дурӣ ҷӯед. Имрӯз эҳтимоли гирифторшавӣ ба бемории аллергия вуҷуд дорад. Нӯшокиҳои хунук ва яхмос боиси бемории гулӯдард мегардад. Қабл аз оғоз намудани муносибати ошиқона оқибаташро нағзакак андеша намоед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ