Толеъномаи 27 март 2018
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Ҳаммаи корҳои муҳимро дар нимаи аввали рӯз анҷом диҳед. Нимаи дувуми он бештар барои истироҳат ва фароғат мувофиқ аст. Сирру асрори комёбиҳои худро ба касе накушоед.Яке аз шиносон маблағи калонатонро мегирад, аммо пас намедиҳад.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Бояд имрӯз ҳушёриро пеша намоед вагарна ҳамкорон он чизеро, ки ҳаққи ҳалоли шумо аст соҳиб мешаванд. Дар ҷодаи ишқу ошиқи низ корҳо на онқадар хубанд. Эҳтимол дустдоштаатон ошиқи дигар касе шавад. Барои оромиши асабҳо аз доруҳои махсус истифода баред.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Дар ин рӯз кӯшиши якчанд корро якбора анҷом доданро накунед, зеро қувваатон намрасад ва дар натиҷа ҳама коратон нимкора мемонад. Нимаи дувуми рӯз орзуи деринаатон ҷомаи амал мепӯшад. Аз лиҳози иҷтисодӣ вазъ чандон хуб нест.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Рӯз басо бобарор аст. Дар коргоҳ ҳама кор хуб буда, ягон камбудие нест. Ишқи гумкардаатонро боз пайдо мекунед. Сӯҳбат ва мулоқот бо ӯ дилатонро шод ва хотиратонро болида мегардонад. Қарзатонро бармегардонед. Дар ягон ҳолат дурӯғгуӣ накунед. Аз нӯшокиҳои спиртӣ дур бошед.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Давоми рӯз сафари кориатон бобарор анҷом ёфта ҷайбатон пур аз пул мешавад. Аммо зуд хурсанд шуда ба хароҷоти беҳуда роҳ надиҳед. Эҳтимол ба наздикӣ ба пул сахт эҳтиёҷ пайдо кунед. Аз ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ асабонӣ нашавед. Сӯҳбат бо наздикон ва муҳаббати кӯдакон шуморо ором месозад.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Ҳарчанд дар атроф пури одам аст, наздикон дӯстон, аммо дилатон танҳову эҳсоси маъюси мекунед. Аз оне, ки дарди дилатонро ба ашхоси намефаҳмидагӣ гӯед беҳтараш дар танҳои қадам занед. Мусиқии ором гӯш кунед ва лаҳзаҳои хуши зидагиатонро бахотир оред. Охири рӯз ба хонаатон меҳмон меояд.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Имрӯз тану ҷонатон хаставу дастатон ба кор намеравад. Дар чунин ҳолат ба бозор наравед, зеро хавфи гум кардани ҳамёнатон вуҷуд дорад. Муносибатҳои ошиқонае, ки мрӯз оғоз меёбанд ба гумон аст, ки ба шумо бахту саодат биёранд. Аз истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ ва таомҳои шурӯ тунд худдорӣ намоед то солимии гурдаҳоро аз даст надиҳед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Имрӯз бо як шахси тавоное шинос мешавед, ки дар оянда барои рушди тиҷорати шумо кумаки зиёд мерасонад. Дар коргоҳ дигаргуниҳои калоне шуморо интизор аст. Масъулиятатон бештар гашта асабҳоятон хароб мешавад. Хӯроки шомро ҳамроҳи аҳли оилаатон хӯред.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Кӯшиш кунед, ки ба ширинсухании зиёди оне, ки ҳароҳаш муносибатҳои ошиқона доред наравед, зеро метавонед ба эҳсосот дода шуда ба хатогии калоне роҳ диҳед. Эҳтимол тамоми умр маҷбӯр шавед, ки подоши натиҷаи бади онро чашед. Барои пули аз даст рафта зиёд фикр карда асабӣ нашавед, зеро пул чирки даст буда чихеле, ки омад ҳамо тавр меравад асос саломатӣ.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Ҳарчанде, ки кӯшиш кунед ҳам имрӯз роҳбар боз барои як хатогии ночизе шуморо азият медиҳад. Гапҳои вайро ба дил наздик нагиред кор кор аст. Худро гунаҳкор ҳис намуда ақибнишинӣ накунед, баръакс барои беҳтар намудани кор камари ҳиммат бандед. Нимаи дуюми Рӯз аз хабарҳои дуруӯғ ғазабӣ мешавед. Дар сари ҷаҳл ягон амалеро анҷом надиҳед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Барои хуб кардани вазъи рӯҳиатон бояд ба ороиши сару рӯйятон машғул шавед. Либосҳои зебоятонро ба бар намоед ва ба оина нигоҳ карда, ба худ гӯед, ки зеботарин ва муваффақтарин шахси дунё шумоед. Асос фикрронии хуб ва нияти пок ҳамааш хуб мешавад. Охири рӯз даромади начандон калони пулӣ дар назар аст. Бештар дар ҳавои тоза сайру гашт кунед.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Имрӯз беҳтараш бо роҳбар баҳсу мунозира накунед то аз кор ронда нашавед. Бо шарикони ноозмуда ба сафар набароед. Барои харид кардан ва ё рафтан ба маъракаҳои дӯстон рӯзи мувофиқ нест. Албатта рашк намаки зиндагист, вале фаромӯш накунед, ки намаки зиёд қобили қабул нест. Бо хешу ақрабо муносибататонро вайрон накунед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ