Толеъномаи 27 сентябр 2018

Ҳамал  ( 21 март-20 апрел)

Барои кумаку маслиҳат пурсидан шарм надоред. Дар атрофатон шахсоне ҳастанд, ки шуморо хуб мефаҳманд ва барои ёрӣ расонидан розигии шуморо интизоранд. Ба ҳамалҳои мард бештар занҳо мароқ зоҳир менамоянд. Барои ривоҷ ёфтани коратон саҳми атрофиёнатон бештар аст. Дар охири рӯз баъзе андешаҳо шуморо нороҳат месозад.

Савр ( 21 апрел – 22 май) 

Саврҳоро баъзе хабарҳо хушҳол месозад. Дастовардҳои зиёд пеши роҳатон нуҳуфтааст. Дӯстони деринаатон шуморо ба шабнишинӣ даъват мекунанд. Барои анҷоми нақшаҳоятон қувваи зиёд сарф мекунед. Вақти он расидааст, ки ба намуди зоҳириатон аҳамияти ҷиддӣ диҳед. Нимаи дувуми рӯз мушкилиҳои пулиатон ҳалли худро меёбад.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Дар аввали рӯз, зуд-зуд ба нақшаҳои дар пешистодаатон рӯ ба рӯ мешавед. Корҳое, амалӣ мешаванд, ки он табъатонро болида мегардонад. Рӯзи чоршанбе худро дар нақши дилхоҳатон мебинед. Ҳар рӯз бо навгониҳо рӯ ба рӯ мешавед.Нимаи дувуми рӯз мавзӯъҳои корҳои шахсиятон дигар шуда, он ба табъи дилатон анҷом меёбад.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Саратонҳо ҳамеша ба коре банд ҳастанд. Бекор нишастан бароятон даҳшат аст. Барои хулосабарорӣ шуморо лозим аст, фикрҳоятонро ҷамъ намоед. Бештар шуморо фиреб мекунанду эътиборатонро латна задан мехоҳанд. Ҳангоми интихоби дӯстон саросема нашавед. Кӯшиш кунед, ки мавзӯъҳои оилавиро ба мавзӯъҳои корӣ омехта накунед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Тамоми рӯз табъатон болида мегардад. Барои ба ҳаёт устуворона қадам гузоштан, касеро монеагӣ накунед. Дар назари атрофиён ҳамчун шахси муваффақ баҳо мегирад. Вақти он расидааст, ки аз нақшаҳои шахсиатон як муддат дурӣ ҷӯед. Баъзе ҳолатҳои ғайриинтизор рух доданаш имкон дорад!

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Хабарҳои муҳимро дар аввали рӯз ба шумо мерасонанд. Барои оромии ботиниатон баъзеи онро сарфи назар намоед. Нимаи дувуми рӯз лозим аст, ки аз хотири анҷом додани кори хона аз баъзе корҳои дигар даст кашед. Нисбати фарзандон беэътиноӣ накунед. Шомгоҳон бо онҳо ба сайругашт равед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Барои нафарони зери ин бурҷ буда имтиёзҳои зиёд вуҷуд доранд. Дӯстони зиёд аз гӯшаҳои ҷаҳон онҳоро меёбанд. Ҳамчунин, доду гирифт бо соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ мусбат анҷом меёбад. Нимаи дувуми рӯз аз корҳои рушдёбанда канораҷӯӣ намуданатон нохуб аст. Кӯшиш кунед бо наздикон дар тамос бошед.

Ақраб  ( 24 октябр- 22 ноябр)

Ҳамаи қувваю дармонатонро сарф накунед. Ба корҳои ҷиддӣ машғул мешаведу баҳои баланд мегиред. Ҳангоми рондани мошин боэҳтиёт бошед. Мушкилиҳои вобаста ба маблағ пешорӯятон меояд, ки ҳалли худро меёбад.

Қавс  ( 23 ноябр- 21 декабр)

Дар мадди аввал нақшаи умумии бо дигарон рабт дошта меистад. Корҳои наздиконро сари вақт баробар намуда, пасон ба  кори худ даст мезанед. Дар қисмати пеш аз охири рӯз хабарҳои нохуш мешунаведу онро аз худ дур кардан мехоҳед. Муҳимаш асабӣ нашавед ва ба он чизе, ки надидаед бовар накунед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Ҳаёти шумо вобастагӣ аз касе мекунад. Он чизеро, ки худатон мехоҳед, намешавад. Барои нафарони заҳматкаш рӯзи бобарор хоҳад буд. Бисёри ҷаддиҳо ба корҳои хона машғул мешаванд. Худро аз бемор шудан нигоҳ доред ва аз хӯрдан ва нӯшидани ғизоҳои хунук худдорӣ намоед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Имрӯз далвҳо аз зиндагии худ розӣ мешаванд, чунки ба шуғли дӯстдоштааш даст мезанад. Бояд барои корҳое, ки шуморо қувваю неруи зиёдатӣ медиҳад, шуғл варзед. Дар назди шахсони наздик аз дигарон сухан накунед. Ҳангоми рондани мошин боэҳтиёт бошед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Вақти он расидааст, ки корҳои нобасомонӣ хонаро ба анҷом расонед. Таъмиру рангпардозӣ. Бештари ҳутҳо мафҳуми оиладориро нав дарк намудаанд. Ҳамаи қувваи худро ба он равона созед, ки чанд муддат хоҳиши амалӣ намудани саволҳои беҷавобро ҷӯё буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *