Толеъномаи 27-уми августи соли 2023
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз дар ягон кор ба саросемагӣ роҳ надиҳед, оқилу дурандеш бошед, он гоҳ монеаҳоро бо осонӣ паси сар намуда, ба мақсадҳоятон мерасед. Дар масъалаҳои шахсӣ ва корӣ ба садои қалб гӯш андозед. Нимаи дувуми рӯз ғазаби худро нигоҳ доред, вагарна азизи дилатонро бе гуноҳ меранҷонед. Дар ҳаёти шахсӣ нофаҳмиҳо рух медиҳанд. Фарзандон бо мушкилоташон хотиратонро озурда мегардонанд.
Савр (21 апрел—22 май)
Нимаи дуюми рӯз даромади калони пулиро интизор бошеду дар сарф кардани маблағ эҳтиёт бошед, хайру сахоро низ фаромӯш накунед. Вазъи саломатии шахси наздикатон охири рӯз ташвишатонро зиёд мекунад. Ошиқатон бо ваъдаҳои бардурӯғаш ҷонатонро ба нӯги биниатон меораду фикри ҷудоӣ ба саратон меояд. Хуб фикр кунед, то баъд пушаймон нашавед.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Имрӯз мисли ҳангоматалабон сари ҳар қадам бо ҳар баҳона бо атрофиён ҷанҷол мекунед. Худро ба даст гиреду ба эҳсосот дода нашавед, вагарна худро гирифтори балое мегардонед. Вазъи молиявиятон начандон хуб аст, аз ин рӯ, дар фикри ҷустуҷӯи сарчашмаҳои даромад шавед. Шиносоии нав табъатонро болида мегардонаду имкониятҳои нави судманд пайдо мешаванд.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Рӯз бароятон навигариҳои зиёдеро пеш меорад. Нимаи дуюми рӯз мушкилоти пулӣ пеш меояду саратонро ба дард меорад. Зиндагӣ пур аз пастиву баландиҳост. Аз ин рӯ, ба тиҷорат машғул шавед, вале ба ҳирси пулу мол дода нашавед. Бо пайдо шудани шарики корӣ муваффақият насибатон мегардад. Пас аз кор шоми ошиқона ороеду аз дидори якдигар сер шавед.
Асад (23 июл—23 август)
Аз ташвишҳои зиёде, ки имрӯз пеш меоянд, худро гум накунед. Кори зиёд ба дилатон зада, мехоҳед ҳамаашро зудтар ба сомон расонед. Аз наздиконатон кумак пурсед, нафаре ҳатман ба додатон мерасад. Нимаи дувуми рӯз даромади на он қадар калони пулӣ имкон медиҳад, ки наздиконатонро бо туҳфаҳои аҷиб хурсанд кунед. Ошиқатон ба мулоқот даъват мекунаду хабари хушеро мерасонад.
Сумбула (24 август-23 сентябр)
Вақте расидааст, ки ҷиҳози нодаркору либосҳои куҳнашударо партоеду манзили худро тоза кунед. Дар муносибат бо атрофиён дағалӣ накунед, фаромӯш насозед, ки захми шамшер мераваду захми сухан не. Рафтору кирдоратонро назорат кунеду минбаъд дили касеро наранҷонед. Охири рӯз дилатон худ ба худ сиёҳӣ оварда, руҳафтода мешавед. Озурда набошеду саломатиятонро эҳтиёт кунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Аввали рӯз тамоми корҳои нотамомро ба сомон расонед, зеро нимаи дуюми рӯз шуморо ба маъракае, ки бароятон зарур аст, даъват мекунанд. Дар ин маҳфил пайдо намудани дӯстони нав аз эҳтимол дур нест. Сирре, ки тайи чанд вақт аз шумо пинҳон медоштанд, фош мегардад. Як ғалати дӯстдоштаатон шуморо асабӣ месозад. Сабру таҳаммулро пешаи худ сохта, ошиқатонро ба роҳи рост ҳидоят кунед, шояд хатояшро фаҳмида, ислоҳ мешавад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз худро хеле бемадору нотавон ҳис мекунед. Барои ба худ омадан бештар мева ва сабзавот истеъмол кунеду масуниятатонро бақувват кунед. Даромади калоне, ки кайҳо интизораш будеду барои ба даст оварданаш меҳнати зиёде сарф кардед, табъу завқатонро баланд мебардораду имкони харидани ашёи орзуҳоятон пайдо мешавад. Имрӯз ошиқатон шуморо санҷидан мехоҳаду имтиҳон мекунад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз ситораҳо ором буданро тавсия медиҳанд. Асабонияти зиёд сабаби бадгӯию ранҷиши дигарон хоҳад шуд. Агар худро ба даст нагиред, ба решаи дарахти меҳру муҳаббататон теша хоҳед зад. Аз хастагӣ ва асабҳои хароб бо дӯсти наздикатон бо сабабҳои номаълум ҷангу ҷанҷол мекунед. Қисми дуюми рӯз дар фикри иваз намудани ҷойи кор мешавед, саросема нашавед, вагарна аз ин ҷой монда ва аз ҷойи дигар ронда мешавед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Рӯзи нав бо нохушиву мушкилиҳо оғоз шуда, табъатонро тира месозад. Агар оромиро риоя кунеду ба ҳар кори майда-чӯйда аҳамият надиҳед, худро аз нохушиҳо эмин нигоҳ дошта метавонед. Маблағеро, ки қарз дода будед, ҳамин рӯз бармегардонанд. Нимаи дуюми рӯз шиносоии аҷибе дар назар аст. Агар риштаи дӯстиро наздиктар кунед, тамоми нақшаҳо ва орзуҳоятон бо ёрии дӯсти наватон амалӣ хоҳад шуд.
Далв (21 январ-20 феврал)
Вақте расидааст, ки хоҳишу дархостҳои худро камтар сохта, ба сарф намудани пули зиёд роҳ надиҳед. Тамоми корҳои худро ба нақша гирифта, баъдан амал намоед. Нимаи аввали рӯз зуд ва фавран амал мекунед, вале нимаи дуюми рӯз бар асари фаромӯшхотирӣ ва фориғболӣ ба ғалат роҳ дода метавонед. Боисрор ба мақсад равона шуда, шумо мавқеи молиявии худро беҳтар месозед. Бо ҳар нафари ношинос дарди дил накунед, вагарна обрӯятонро мерезонед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Дар ин рӯз баъзе намояндагони ин бурҷ муътақид мегарданд, ки таҳдевори муносибатҳои ошиқонаашон бовафоӣ ва дӯстии содиқона аст. Вохӯрӣ бо дӯстону ҳамфикрон шодиву нишоти зиёд меорад. Дар ин рӯзҳо аз амалҳои пурҳангома дурӣ ҷуста, ба қонуншиканӣ роҳ надиҳед. Натиҷаи заҳматҳоятонро мебинед, маблағи деринтизор ба дастатон меояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ