Толеъномаи 27-уми феврали соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз на танҳо аз уҳдаи тамоми корҳои душвору мушкилиҳо мебароед, балки имкони ба даст овардани маблағи хубро пайдо мекунед. Меҳнатҳои кардаатон самараи нек медиҳанд. Ҳамалҳое, ки бо якравӣ дӯстдоштаи худро меранҷонанд, сахт пушаймон мегарданд. Истироҳатро низ фаромӯш накунед, вагарна саломатиро аз даст медиҳед.

Савр (21 апрел-22 май)

Имрӯз каме нотоб шуда, худро бад ҳис мекунеду нисбати атрофиён дағал мегардед. Кореро ба анҷом расонидан намехоҳед. Нафароне, ки бо ҳуҷҷатҳои муҳим сарукор доранд, хӯрдагириву кунҷкобӣ карданашон хуб аст, вагарна ба ғалатҳои ислоҳнопазир роҳ дода, ташвишашон зиёд мегардад. Мулоқоти ошиқона табъатонро болида мегардонад.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Вақту имконияти ислоҳ кардани ғалату камбудиҳоятон фаро расидааст. Ҳам дар масъалаҳои кориву ҳам рӯзгор ва ҳатто муносибатҳои шахсӣ ислоҳ шавед. Албатта ба гардан гирифтани хатоиҳо кори осон нест, вале фаромӯш насозед, ки дар дунё шахси бе камбудӣ нест. Беҳ шудани вазъи саломатиятон аз худи шумо вобастагӣ дорад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз гапи шунидаатонро бо дӯстон муҳокима накунед, зеро хабари гуфтаатон нодуруст баромада, шарманда мешавед. Барои минбаъд ба чунин ҳолатҳо гирифтор нашудан, зудбовар нашавед. Саломатии худро танҳо ба табибони кордону касбӣ бовар кунед. Ба мулоқоти ошиқона рафтанро имрӯз маслиҳат намедиҳем.

Асад (23 июл-23 август)

Дар ин рӯз сари қарори муҳиме омадану масъулияти худро нишон доданро маслиҳат намедиҳем. Эҳтимоли фиреб хӯрданатон зиёд аст. Қабл аз амалӣ намудани нақшаву ниятҳое, ки дар мадди аввал ҷолиб менамоянд, ба саросемагӣ роҳ надода, чанд рӯз таваққуф намоед. Нафареро, ки шумо дӯст мешуморед, кайҳо боз ошиқи зоратон гаштааст.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Имрӯз бояд хеле ҳушёр бошед, то ки ба хатоиҳо роҳ надиҳед. Маблағҳои худро дар ҳолати саросемагӣ сарф накунед. Мушкилиҳое, ки имрӯз ба саратон меоянд, дар оянда душвориҳои зиёдеро ба саратон меоранд. Ҳар хабаре, ки мешунавед, то кадом андоза ҳақиқат доштанашро муайян намоед. Ба рашки беҳуда роҳ надиҳед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи пур аз ҳодисаву рӯйдод аст. Ба шарофати пухтакориву корчаллонӣ даромади хуб меёбед. Ҳатто корҳои хатарнок даромади хуб меоранд, ба шарте ки дудилагӣ накарда, зуд аз пайи кор шавед. Толеъ ёратон мегардад, вале баъди нисфирӯзӣ муноқишае рух дода, табъатон нохуш мегардад. Дар сари қаҳру ғазаб ба дӯстдоштаатон дағалӣ накунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз аз рафтори атрофиёнатон дилозурда нагардед. Дар масъалаҳои мушкилоти рӯзгор ва харидорӣ намудани молҳои қиматбаҳо маблағи зиёд сарф кардани наздикон боиси асабхаробиятон мегардад. Баъди нисфирӯзӣ андаке нотоб гаштанатон имкон дорад, вале беморӣ тӯл намекашад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз бе ягон душворӣ бо нафарони даркорӣ забон ёфта метавонед. Робитаҳое, ки айни замон барқарор менамоед, хеле муфиданд, аз ин лиҳоз, робитаро бо ҳар нафаре, ки шинос мегардед, канда насозед. Ба хабаре, ки дар бораи дӯстдоштаатон мешунавед, бовар накунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз ба дили атрофиён ба зудӣ роҳ меёбед. Ҳар гапу кори кардаатонро наздикон ба хушӣ қабул менамоянд. Агар нақшаи бо нафаре ҳамкорӣ кардану забон як карданро дошта бошед, аз ҳамин рӯз маслиҳатро пухтанатон лозим аст. Барои мулоқоти ошиқонаву робитаи телефонӣ рӯзи хуб аст. Бад шудани саломатиятон аз норасоии витаминҳо дар организми шумо дарак медиҳад.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ин рӯз нуқтаи назари худро нисбати нафаре, воқеа ё мушкиле аз нав дида баромаданатон лозим аст. Далелҳоеро ба даст меоред, ки ба дуруст буданаш шубҳа кардан номумкин аст. Барои он ки дар ҳоли ногувор намонед, ба қабул кардани хабари ногаҳонӣ омода бошед. Ба дӯстдоштаатон бовар карданро омӯзед, вагарна байнатон ҷудоӣ меафтад.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Агар атрофиёнро моту маҳбут кардан хоҳед, бояд ақлу заковати худро ба кор баред. Барои он ки сафи душманонатон зиёд нагардад, аз дағалӣ худдорӣ намоед. Агар муносибатҳоятонро вайрон кардан нахоҳед, аз аспи ҷаҳл фароед. Хусусан дар муносибатҳои ошиқона меҳрубонтару самимӣ бошед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *