Толеъномаи 27-уми майи соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи хеле бобарор аст. Тамоми монеаву мушкилиҳоро паси сар карда, ба мақсадҳои дар пеш гузоштаатон мерасед. Дар ин рӯз ҳодисае рух намедиҳад, ки боиси дигаргун шудани ҳаётатон гардад. Агар аз нафаре қарздор бошед, ҳатман баргардонед. Саломатии худро дар ҷои аввал гузоред.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рӯз ягон ҳодисаи ногувор рух намедиҳад. Гардишҳои аҷибу ногаҳонӣ метавонанд ояндаи шуморо тағйир диҳанд. Айни замон бештар дар робита бошед, зеро муваффақиятро маҳз бо кумаки дӯстону шиносон ба даст меоред. Шуғли дӯстдоштаатон манбаи нави даромад мегардад.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Дар ин рӯз коратон барор мегирад. Дар ҷойи кор ҳамкоронатон дар амалӣ сохтани нақшаҳо кумак мерасонанд. Дар ҷодаи муҳаббат ягон нофаҳмӣ дида намешавад, эҳтимол хабарҳои хуш мешунавед. Ба қувваи худ эътимод намуда, муваффақ мегардед, аз ин рӯ, ҳама чизро ба дил наздик қабул накунеду руҳафтода нашавед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар назди худ нақшаву ниятҳоеро гузоред, ки аз уҳдааш баромада тавонед. Натиҷаи ягонае, ки шумо дар ин ҳолат ба даст оварда метавонед, табъи гирифта аст. Кӯшиши фиреб кардани ягон нафарро накунед. Бар замми хароб шудани асаби худатон хотири атрофиёнро низ озурда месозед.

Асад (23 июл-23 август)

Дар ин рӯз ба асабоният роҳ надиҳед, ҳатто ба талаботи зиёди наздиконатон сабур бошед. Одати дар ҳама кор хӯҷаинӣ карданро партоед. Аз ташвиши зиёди рӯзгор барои шахси дӯстдоштаатон вақт намеёбед. Баъди нисфирӯзӣ нафареро вомехӯред, ки чанд муддат дар ҷустуҷӯяш будед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Рӯзи мусоидест барои амалисозии нақшаву ақидаҳо. Қобилияти кориятон дар сатҳи баланд қарор дорад. Ба саломатии худ бодиққат бошед. Барои он ки тамоми корҳои ба нақша гирифтаатонро амалӣ гардонед, ба хотири дӯстӣ дар коре гузашт накунед. Агар дӯстон ба ҳамкорӣ даъват кунанд, саросемавор розӣ нашавед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Муноқиша бо наздикон табъатонро хира мегардонад. Ба шарте ба мақсад мерасед, ки ба дағалӣ роҳ надиҳед. Ҳама корро сулҳомезона рафъ намоед. Дар муносибат бо шахси дӯстдоштаатон ба кинояву танқид роҳ надиҳед, вагарна ёратон ба ҷои ислоҳ шудан барқасдкорӣ мекунад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи бобарорест барои маъракаҳои дилхушкунанда ва вохӯриҳо. Агар бо шахси дӯстдоштаатон ба меҳмонӣ мерафта бошед, ӯро аз мадди назари худ дур насозед. Вагарна рафтори шумо сабабгори ранҷишу муноқиша мегардад. Дар ҳаёти шахсиятон тағйироти манфӣ имкон доранд. Ба касе имкон надиҳед, ки ба шумо фишор орад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз ба пешниҳодҳои дилфиреб дода нашавед. Рафту ба қарори катъие омаданатон зарур бошад, бо нафарони кордон маслиҳат кунед. Дар масъалаҳои ошиқона, ҳаёти шахсӣ ва шиносоиҳои нав рӯзи бобарор аст. Аз ҷониби дӯсти вафодор ё ҳамсаратон маслиҳати судманд ё кумак мебинед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз уҳдадориҳои зиёдеро ба дӯши худ бор накунед. Агар аз уҳдаи коре набароед ё дилатон ба коре ҷалб нагардад, ин корро барои чанд рӯз ба таъхир гузоред. Барои муноқиша бо шахси наздикатон рӯзи мусоид нест. Ташрифи меҳмонони нохонда боиси ташвишатон мегардад.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ин рӯз ягон тағйироти манфӣ рух намедиҳад. Барои машғул шудан бо корҳое, ки аз уҳдааш мебароед, рӯзи мусоид аст. Агар аз нафаре қарздор бошед, ба осонӣ қарзатонро бармегардонед. Барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ бегоҳирӯзӣ хӯрокҳои хамириро истеъмол накунед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Агар аз уҳдаи коре набароед, бо тамоми қувват кӯшиши ба мақсад расиданро накунед. Ҳангоми гуфтор бо наздикон боэҳтиёт бошед. Барои фотиҳаву бастани ақди никоҳ рӯзи мусоид аст. Вохӯрӣ бо дӯстони дерин хотиратонро болида мегардонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *