Толеъномаи 27-уми ноябри соли 2022
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз барои тағйирот созгор аст, аз ин рӯ, ҷасурона ҳар чизеро, ки тағйир додан мехоҳед, тағйир диҳед. Масалан метавонед ҷойи ҷиҳози хонаи худро иваз намоед. Дар муносибатҳои ошиқона баъзе нофаҳмиҳо имкон дорад. Бо нафаре, ки бароятон азиз аст, муноқиша накунед.
Савр (21 апрел-22 май)
Агар сабру таҳаммулро пеша намуда, ба шитобкорӣ роҳ надиҳед, муваффақият ҳамсафари шумо мегардад. Дар якҷоягӣ бо мушкилоти ночиз аз пайи корҳои муҳимтари худ шуда метавонед. Дар ин рӯз хатари ҷароҳат бардоштанатон эҳтимол дорад, аз ин рӯ, эҳтиёт шавед.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
То маҷбур нашавед, бо кори нав машғул нашавед. Дар ин рӯз интихоб карданатон лозим меояд. Агар дар коре дудила шуда, чӣ кор кардани худро намедониста бошед, истиҳола намуда, айёми мусоидтарро интизор шавед ё бо нафарони бообрӯ маслиҳат кунед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Агар дар симои шиноси наватон шахси меҳрубону хушчақчақро пайдо намоед, саросема шуда, тамоми дарди дилатонро дар наздаш нагӯед. Рӯзҳои наздик маълум мегардад, ки ин нафар наметавонад шуморо хушбахт намояд. Барои вохӯриҳои муҳим рӯзи мусоид нест.
Асад (23 июл-23 август)
Аз ҷиҳати касбӣ рӯзи бобарор аст. Нақшаи амалҳои худро тартиб дода, масъалаҳои аввалиндараҷаро ҳал намоед. Коратон хеле зиёд мешавад, вале шумо аз уҳдаи ҳамаи кор ба хубӣ мебароед. Вохӯриву сафарҳои кӯтоҳ, мулоқоти ошиқона ва шиносоиҳои нав бобарор анҷом меёбанд.
Сумбула (24 август-23 сентябр)
Дар назди худ масъалаҳои дастрас гузошта, ба коре, ки аз уҳдааш намебароед, даст назанед. Дар ҷодаи муҳаббат ба ягон нофаҳмӣ роҳ надиҳед, хабарҳои хуш мешунавед. Дӯстдоштаатон бо армуғоне хотиратонро шод мегардонад. Рӯзи хубест барои дилхушиву маъракаҳои пурнишот.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз ҳама коратон барор мегирад. Эҳтимол наздикон дар амалӣ шудани нақшаҳоятон кумак мерасонанд, шумо низ кӯшиш намоед онҳоро дастгирӣ намоед. Бештар дар робита бошед, зеро бо кумаку дастгирии дӯстону шиносҳо ба мартабаҳои баланд расидан мумкин аст.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз кӯшиш намоед ба амалҳои беандеша даст назанед. Нисбати худ таърифу тавсифи зиёд ва суханони пурмуҳаббатро шунида, саратон ба осмон мерасад. Нафаре аз худ дарак медиҳад, ки аз суҳбаташ нерӯи тоза мегиред. Рӯзи хубест барои мулоқоти ошиқона ва шиносшавӣ.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Рӯзи хуб аст, имкониятҳои хуби пешравӣ пайдо мешаванд, хусусан дар касбу коратон. Барои расидан ба мақсад на танҳо хоҳиш, балки корчаллон буданатон лозим аст. Агар сари қароре таъхир намоед, вақти мусоиду пурқимматро аз даст медиҳед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Барои расидан ба муваффақият бояд фаъолнокии бештаре зоҳир намоед. Муносибати худро бо нафароне, ки минбаъд ҳамкорӣ кардан мехоҳед, беҳтар созед. Саломатиро эҳтиёт кунед, аз фишори руҳӣ ва корҳои хатарнок дурӣ ҷӯед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Дар ин рӯз бо наздикони худ муноқиша карданатон имконпазир аст. Барои он, ки муносибататон бадтар гашта, табъатон хира нагардад, барои маҳв намудани қаҳру ғазаби худ кӯшиши зиёд ба харҷ диҳед. Баъди нисфирӯзӣ хабари аҷиб мешунавед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Дар ин рӯз диққати худро ба коре ҷалб карда наметавонед, аз ин рӯ, корҳои ҳалталаб амалӣ намешаванд. Омода бошед, ҳодисаи ногаҳонӣ нақшаҳоятонро тағйир медиҳад. Оромиро риоя намуда, ба худ эътимод намоед ва дар ҳама ҳолат бурд мекунед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ