Толеъномаи 27-уми январи соли 2022
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Қабл аз он, ки кореро оғоз мекунед, қувваву имкониятҳои худро ба назар гиред. Бо дастгирии дӯстону ҳамкорон ҳама корро ба зудиву босифат ба анҷом мерасонед. Ҳангоми харидорӣ кардани дорувориҳо ҳушёриро аз даст надиҳед. Тамоми қаҳру ғазаби худро дар берун монда, баъдан ба хона дароед.
Савр (21 апрел-22 май)
Дар ин рӯз худро ҳамчун мутахассис ва ташкилотчии моҳир нишон дода метавонед. Баъд аз нисфирӯзӣ ба маърака ё чорабиние даъватӣ мешавед. Ҳангоми шиносоии ошиқона бодиққат бошед, саросема ба касе дил набандед, вагарна пушаймон мешавед.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Барои расидан ба қуллаҳои баланди мансаб қадамҳои калон гузоштанро маслиҳат намедиҳем, вагарна пешпо хӯрда, ба ғалатҳои ислоҳнопазир роҳ медиҳед. Асабоният ва қаҳру ғазаб боиси вайрон шудани муносибат бо наздикон мегардад. Бештар дар ҳавои тоза сайр кунед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Агар нияти сафар дошта бошед, бо сабаби душвории вазъият низ аз он рӯй нагардонед. Масъалаҳои молиявӣ хубанд, вале ин маънои онро надорад, ки пулро ба ҳар тараф пош диҳед. Ҳангоми сафар дар роҳ шоҳиди ҳодисаи ногуворе мегардед. Сабаби пайдо шудани дарди сарро ҳатман аниқ намоед.
Асад (23 июл-23 август)
Дар ин рӯз ба фоидаи худ ва наздиконатон заҳмат мекашед. Барои нафарони оиладор оилаву фарзанд дар ҷойи аввал қарор мегиранд. Бо шарикони корӣ фаъолона дар робита бошед. Ҳар коре, ки дар ин рӯз ба анҷом мерасонед, таҳдевори ояндаатон мегардад.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз ҳама корро зери назорат гирифта, ҷиддӣ таҳлил мекунед. Мутаассифона, ҳодисаҳои давоми рӯз рухдода табъи дилатон анҷом намеёбанд. Дар ҳаёти шахсӣ ба касе чизе ваъда надиҳеду аз ҳад зиёд саховатманд нашавед. Ба шахсе, ки лофи муҳаббат мезанад, бовар накунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз корҳои муҳими худро ба фардо гузошта, ба корҳои хона машғул шавед. Нафароне, ки ҳанӯз муҷарраданд, бо шахсе шинос шуда, дар оянда оила барпо менамоянд. Нисбати саломатии худ бодиққат бошед, хусусан агар нишонаҳои зуком ё бемориҳои инфексиониро эҳсос намоед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Корҳоятон бо тартиб ҷорӣ мегарданд, ба шарте ки худатон чизеро тағйир додану манъ кардан нахоҳед. Пешниҳоди ҳамкориро нағзакак дида баромада, ба маслиҳати дӯстон гӯш диҳед. Дар ин рӯз бемориҳои узвҳои ҳозима хурӯҷ мекунанд. Хӯрокро аз рӯйи реҷа истеъмол карда, танҳо ғизоҳои тозаи табиӣ хӯред.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Рӯзи хубест барои нафароне, ки аз амалҳои ҷасуронаву санҷишҳо намеҳаросанд. Нисбати инҷиқиҳои наздикон пуртоқат бошед, вагарна сабабгори муноқиша мегардед. Нафарони муҷаррад бо шахсе вомехӯранд, ки умре ишқашро фаромӯш карда наметавонанд.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз ба тамоми саволу нофаҳмиҳое, ки шуморо ташвиш медиҳанд, посух пайдо мекунед. Бурдборӣ дар ҳаёти шахсиятон низ дида мешавад. Мутаассифона, вазъи молиявиатон чандон хуб нест. Шумо бояд фавран қарзҳоятонро баргардонида, роҳҳои нави пулкоркуниро пайдо намоед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Дар муддати кӯтоҳ мушкилиҳои дар ҷои кор сарзадаро бояд рафъ намоед. Эроди сардор нисбати шумо комилан дуруст аст. Буҳрони молиявиро бе кумаки хешовандон рафъ карда наметавонед. Вохӯрии ошиқона табъатонро болида месозад.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Бо нафаре, ки кайҳо боз писандатон аст, муносибати ошиқона пайдо мекунед. Аз муҳаббати зиёд саргум назанед, боақлона рафтор кунед. Дар ин рӯз бо амалиётҳои пулӣ ва ҳисобу китоби пули дигарон машғул нашавед. Дар акси ҳол, на танҳо фиреб мехӯред, балки пулатонро медузданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ