Толеъномаи 27 январи 2017
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Қабл аз оне, ки кореро сар мекунед, қувваву имкониятҳои худро баркашед. Бо дастгирии ҳамкорон ҳама корро ба зудиву босифат ба анҷом мерасонед. Ҳангоми харидорӣ кардани дорувориҳо ҳушёриро аз даст надиҳед. Тамоми қаҳру ғазаби худро дар берун монда баъдан ба хона дароед.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Дар ин рӯз саврҳо худро ҳамчун ташкилотчии моҳир нишон дода метавонанд. Ба маъракаи калоне даъватӣ мешавед. Ҳангоми шиносоии ошиқона бодиққат бошед, саросема ба касе дил набандед, вагарна пушаймон мешавед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Барои расидан ба қуллаҳои баланди мансаб қадамҳои калон гузоштанро маслиҳат намедиҳем, вагарна пешпо хӯрда ба ғалатҳои ислоҳнопазир роҳ медиҳед. Асабоният ва қаҳру ғазаб боиси вайрон шудани муносибат бо наздикон мегардад.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Агар нияти сафар дошта бошед, бо сабаби душвории вазъият низ аз он рӯй нагардонед. Масъалаҳои пулӣ хубанд, вале ин маънои онро надорад, ки пулро ба ҳар тараф пош диҳед. Ҳангом сафар дар роҳ шоҳиди ҳодисаи ногуворе мегардед. Тарафи шахси гунаҳкорро нагиред.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Дар ин рӯз ба фоидаи худ ва наздиконатон заҳмат мекашед. Бароятон оилаву фарзанд дар ҷойи аввал меистанд. Бо шарикони корӣ фаъолона дар робита бошед. Ҳар коре, ки дар ин рӯз асад ба анҷом мерасонад, таҳдевории ояндааш мегардад.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Дар ин рӯз ҳама корро зери назорат гирифта ҷиддӣ таҳлил мекунед. Мутаассифона, ҳодисаҳои имрӯз табъи дилатон ҷорӣ намегардад. Дар ҳаёти шахсӣ ба касе чизе ваъда надиҳеду аз ҳад зиёд саховатманд нашавед. Ба шахсе, ки лофи муҳаббат мезанад, бовар накунед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Дар ин рӯз корҳои муҳими худро ба фардо гузошта бо корҳои хона машғул шавед. Нафароне, ки ҳанӯз муҷарраданд, бо шахсе шинос шуда, дар оянда оила барпо менамоянд. Нисбати саломатии худ бодиққат бошед, хусусан агар нишонаҳои зуком ё бемориҳои инфексиониро эҳсос намоед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Корҳоятон бо тартиб ҷорӣ мегарданд, ба шарте ки худатон чизеро тағйир додану манъ кардан нахоҳед. Пешниҳоди ҳамкориро нағзакак дида баромада, ба маслиҳати дӯстон гӯш диҳед. Дар ин рӯз бемориҳои узвҳои ҳозима хурӯҷ мекунанд. Хӯрокро аз рӯйи реҷа истеъмол карда танҳо ғизоҳои тозаи табиӣ хӯред.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Рӯзи хубест барои нафароне, ки аз амалҳои ҷасуронаву санҷишҳо намеҳаросанд. Бо наздикон пуртоқат бошед, вагарна сабабгори муноқиша мегардед. Қавсҳои танҳо шахсеро вомехӯранд, ки умре фаромӯш карда наметавонанд.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Дар ин рӯз ба тамоми саволҳое, ки шуморо ташвиш медиҳанд, посух пайдо мекунед. Бурдборӣ дар ҳаёти шахсиятон низ дида мешавад. Мутаассифона вазъи молиявиатон чандон хуб нест. Шумо бояд фавран қарзҳоятонро баргардонида, роҳҳои нави пулкоркуниро пайдо намоед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Дар муддати кӯтоҳ мушкилиҳои дар ҷои кор сарзадаро бояд рафъ намоед. Эроди сардор нисбати шумо комилан дуруст аст. Бурҳони молиявиро бе кӯмаки хешовандон рафъ карда наметавонед. Вохӯрии ошиқона табъатонро болида месозад.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Бо нафаре, ки кайҳо боз писандатон аст, муносибати ошиқона мекунед. Аз муҳаббати зиёд саргум назанед, боақлона рафтор кунед. Дар ин рӯз бо амалиётҳои пулӣ ва ҳисобу китоби пули дигарон машғул нашавед. На танҳо фиреб мехӯред, балки пулатонро медузданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ