Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Хуб мебуд, ки рӯзи навро ба истироҳат, муҳаббат ва санъат бубахшед. Ба кори нав гузаштанро маслиҳат намедиҳем, вале барои аз баҳри кори дилбазан гузаштан ва бори зиёдатиро аз дӯши худ дур афкандан айёми мусоид аст. Хариди калон накунед, хатари беҳуда сарф кардани пул ва харидорӣ намудани молҳои тамоман нодаркору бесифат зиёд аст. Баъзе зодагони бурҷи савр ба моҷароҳои нохуш гирифтор гашта, дар ба дари суду милиса мегарданд.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Рӯз барои саратонҳо нисбатан бобарор ва ором мегузарад. Нафароне, ки бо санъат сару кор доранд, бурд мекунанд. Мушкилиҳое, ки як рӯз қабл аз шумо қувваву нерӯи зиёд талаб мекарданд, ин рӯз бо осонӣ роҳи ҳалли худро пайдо менамоянд. Масъалаҳои марбут ба сохтмон, хона ва хоҷагии деҳқонӣ муваффақона анҷом меёбанд. Кори шахсоне, ки бо дизайн, хариду фурӯши хона, ҷавоҳироти тиллоӣ, тиҷорати атриёт сару кор доранд, барор мегирад.
Барои нафароне, ки дар моҳи асад ба дунё омадаанд, рӯзи хеле фаъолу пурҳаводис фаро мерасад. Рӯзро барои рафъи мушкилиҳои хеле муҳиму ҷиддии вобаста ба масъалаҳои манзилӣ, кушодани корхонаҳои калон, хариди калон ва маблағгузорӣ бубахшед. Асадҳое, ки бо тиҷорат, таъмири хона ва сохтмон сару кор доранд, корашон барор мегирад. Асадҳои муҷарраде, ки нияти оила барпо намуданро доранд, бояд ин масъалаи муҳимро ба таъхир нагузошта ҳарчи зудтар сарашонро ҷуфт кунанд.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Агар шумо корҳои худро дуруст ба нақша гирифта тавонед, муваффақият насибатон мегардад. Асабонияти зиёд ва саросемагӣ бар зарари худатон аст. Рафтори беандеша боиси сар задани нохушиҳо гашта метавонад, аз ин лиҳоз, ҳама корро пешакӣ ба нақша гирифта, баъдан амал намоед. Дар сурате, ки худро ба даст гирифта, оромона амал карда тавонед, мушкилоти зиёдеро паси сар мекунед. Нимаи дуюми рӯз бемориҳои куҳна хурӯҷ мекунанд. Барои аз по наафтидан аз пайи саломатӣ шавед ва ҳатман тамоми фармудаи табибонро иҷро кунед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Назар ба рӯзи гузашта рӯзи нав барои зодагони бурҷи мизон бобарор меояд. Дар ҷодаи ишқу муҳаббат хеле воқеаҳои аҷиб рух медиҳанд. Шуморо ҳолате фаро мегирад, ки ҳар лаҳзаву ҳар соат дар орзуи дидори дӯстдоштаатон дилатон гум мезанад. Нафароне, ки бо санъат ва театр сару кор доранд, хусусан рассомон, оҳангсозон ва дизайнерон имрӯз қуллаҳои нави эҷодиро фатҳ намуда, машҳур мешаванд. Дар хона нашинед, ин лаҳзаи хуби умрро бо манфиат истифода баред.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Барои зодагони мучали ақраб фурсати сафару саёҳатҳо, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, васеъ сохтани ҷаҳонбинӣ ва меҳнати ақлонӣ фаро мерасад. Имрӯз ба маслиҳати атрофиён гӯш надиҳед мушкилоти ҷиддӣ ва масъалаҳои муҳимро мустақилона ҳал намоед. Айёмест, ки шумо бояд танҳо ба қувваи худ умед бандед. Ба ҳар коре, ки даст мезанед, онро бо дасту дили пур ва боварӣ сар кунед. Дудилагиву ноустуворӣ кори шуморо мекушад ва пеши роҳатонро мебандад. Сиру асрори дигаронро фош насозед, вагарна кор ба муноқиша мерасад.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Имрӯз дар ҳаёти ашхосе, ки дар бурҷи қавс ба дунё омадаанд, тағйиротҳои куллӣ ба вуҷуд меоянд. Воқеоти аҷибу хотирмони ҳафтаро шумо то дергоҳ фаромӯш карда наметавонед. Хислати модарзодиятон шуморо ба ҳангомаву моҷароҷӯӣ ҷалб менамояд. Нимаи дуюми рӯз аз суҳбати ошкоро бо одамони ношинос худдорӣ намоед, вагарна ба доми фиреби дузд ё қаллобе афтида метавонед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Ҷаддиҳо ба гурӯҳи одамоне дохил мешаванд, ки имрӯз ба душвориҳо дучор мегарданд. Нохушиҳо балои аз таги по баромадагӣ барин ногаҳон пайдо мешаванд. Беҳтараш аз ҷойҳои серодам гурехта, ба ягон кори муҳим даст назанед. Ҳангоми истироҳат аз одамони ношинос эҳтиёт шавед. Мулоқоти ошиқона табъатонро болида месозад. Шомро беҳтараш дар хона, дар ҳалқаи пайвандонатон гузаронед. Ҳангоми кор бо асбобҳои барқӣ ҳушёр бошед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Далвҳо бояд имрӯз аз чизҳои хатарноку ба саломатияшон зиёновар дурӣ биҷӯянд. На ҳамаи афроди дар ин моҳ тавлидёфта рӯзгори осуда доранд. Айёме фаро расидааст, ки шумо бояд мушкилиҳои оилавиро дар мадди аввал гузоред. Аз имрӯз сар карда ба хонаатон меҳмон меояд. Меҳмононро бо обу иззат қабул кунед, вале худатон ба меҳмонӣ наравед. Умуман, дар кӯчаҳои шаҳру ҷойҳои сермошин ҳушёриро пеша намоед.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Зодагони бурҷи ҳут имрӯз нисбати зодагони дигар бурҷҳо батолеъ ҳастанд. Мушкилиҳо худ ба худ гум мешаванд, мабодо ягон масъалаи нохуш пайдо шавад ҳам, ҳутҳои зирак дарҳол роҳи ҳаллашро меёбанд. Воқеаҳои асосии рӯз бо шахсоне алоқамандӣ доранд, ки бо ҳутҳо ҳамарӯза дар тамос ҳастанду ҳар рӯз бо онҳо вомехӯранд. Нимаи дувуми рӯз ҳутҳоро дар ҷодаи муҳаббат бурдборӣ интизор аст. Ҳар молеро, ки харидорӣ мекунед, босифат хоҳад буд. Хариди калон ба фоидаи шумост.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ